ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» БО ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ САФОРАТИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

12-уми сентябри соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори Маркази фарҳангии ба номи Свами Вивеканандаи назди Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Динеш Бҳардваҷ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию синамоӣ, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, иштироки синамогарони маъруф дар чорабиниҳои синамоӣ, намоиши филмҳо мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ, ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии Тоҷикистону Ҳиндустон ва намоиши филмҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»