МАКТАБИ СИНАМОГАРОНИ ҶАВОН «НАВОМӮЗ» БА НОМИ МУҲАББАТ САТТОРӢ АВВАЛИН ШУНАВАНДАГОНРО БА ОҒУШ ГИРИФТ.

15-уми сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ расман ба фаъолият шурӯъ намуда, аввалин шунавандагон ба таълим фаро гирифта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи ин даргоҳи илму маърифат директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён аввалин шунавандагон, масъулини мактаб ва тамоми синамогарони кишварро муборакбод гуфта, доир ба фаъолияту зиндагиномаи Муҳаббат Сатторӣ, вазъи соҳаи синамои ватанӣ, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки корномаю фаъолияти самаровар ва номи неки бонуи ҳунар Муҳаббат Сатторӣ ҷовидонаю хотирааш пос дошта шуда, барои синамогарони ҷавон мояи ифтихор хоҳад буд.
Дар идома, киношинос Тилло Некқадамов ба фаъолият оғоз намудани Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатториро ба ҳозирин табрику таҳният гуфта, аз касби пуршараф будани синамогарӣ ёдовар шуда, шунавандагонро барои аз худ кардани нозукиҳои касби филмбардорӣ талқин намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати таълиму тадрис ба Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ мутахассисони касбии кинои дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, дарсҳо ҳамарӯза доир карда мешаванд.
Ҳадафи таъсиси мактаби синамогарӣ дар назди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз ҳама, тарбияи кадрҳои қобилиятноку лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо мебошад.
Ба шунавандагон муддати се моҳ дарсҳои назариявӣ омӯзонида шуда, дар се моҳи дигар зимни дарсҳои амалӣ таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии кутоҳ дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” бо иштироки синамогарон, коргардонҳо ва мутахассиони касбии хориҷӣ барои шунавандагони Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ ҷиҳати аз худ кардани нозукиҳои касби филмбардорӣ дарсҳои “Устод ва шогирд” баргузор мегардад.
Дар анҷоми таҳсил ба хатмкунандагон сертификати хатми курси Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ дода мешавад.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»