ТЕМУР ЗУЛФИҚОРОВ НАВИСАНДАИ ШИНОХТАИ ТОҶИК 88- СОЛА ШУД.

Темур Зулфиқоров яке аз адибони номдори тоҷик мебошад, ки мавқеи худро дар адабиёти ҷаҳонӣ дарёфтаву соҳиби ҷоизаву унвонҳои олӣ гардидааст.Ӯ аъзои шурои олии Иттифоқи нависандагони Россия ва соли 2017 барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Бунин ва борҳо барои дарёфти Ҷоизаи Нобелӣ пешниҳод гардидааст. Асарҳои Темур Зулфиқоров бештар аз 30 номгӯй буда, дар саросари дунё ба андозаи якуним миллион нусха нашр гурдидааст.
Дар Муассисаи давлатии Тоҷикфилм аз руйи асарҳои Темур Зулфиқоров филмҳои зиёде аз қабили: “Ишқи аввали Хоҷа Насриддин”, “Рояли сафед”, “Хаёлпарастони музофотӣ”, “Модар” ва ғайраҳо наворбардорӣ гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз руйи асарҳои ӯ даҳҳо намоишномаҳо таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонида шудааст.
Темур Зулфиқоров соли 2011 ғолиби озмуни 5- уми умумироссиягии “Пайғамбар Муҳаммад – раҳмат барои ҷаҳониён” гардидааст.
Темур Зулфиқоров имрӯз ба синни мубораки 88 расида, дар зодгоҳи аҷдодии худ Тоҷикистони азиз, ба кору эҷод машғул аст.
Имрӯз нависандаи олмашумӯл бо фармоиши директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Шоҳиён Маҳмадсаид ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 88-уми солгарди умр бо нишони “Аълочии кинематографияи тоҷик” сарфароз гардонида шуд.