НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ТАНҲО ТУ»

30-юми октябри соли 2024 дар кинотеатри «Ватан», нахустнамоиши филми ҳунарии «Танҳо ту», ки бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов рӯйи навор омадааст, бо иштироки алоқмандони синамо, мутахассисон, собиқадорон ва аҳли зиё ва санъату синамо баргузор гардид.
Кинотеатри «Ватан» қабои идона ба бар карда, дар даромадгоҳи кинотеатр алоқамандони синаморо, ки барои тамошои филми нави Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷамъ омада буданд, истиқбол гирифтанд.
Қабл аз намоиши филм, нахуст директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ҳозирин ва гурӯҳи эҷодию техникии филмро бо нахустнамоиш табрику таҳният намуда, афзуд, ки кино хусусан барои миллати фарҳангпарвари мо, махсусан ҷавонон ва тамоми ҳаводорони синамо ҳунари воло, муҳимм ва маъмултарин навъи фароғат буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ин санъати олӣ ба инсонҳо ғизои маънавӣ бахшида, яке аз беҳтарин василаи тарғибу ташвиқи таърих, анъана, муқаддасот ва фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Хотирнишон гардид, ки соҳаи синамо пайваста мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамаҷониба дастгирию пуштибонӣ мегардад.
Филм дар жанри драмаи оилавӣ таҳия гардида, масоили иҷтимоӣ ва ишқу покизагиро тараннум намуда, манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро дар пардаи синамо ҷилвагар менамояд.
Дар раванди филмбардорӣ ҳунарпешаҳои касбию соҳибтаҷриба ҷалб гардида, гурӯҳи эҷодӣ дар ҳайати коргардони таҳиягар Умедшо Мирзоширинов, наворбардори таҳиягар Шуҳрат Қурбонов, рассом Эраҷ Искандаров, продюсер Маҳмадсаид Шоҳиён ва директори филм Суҳроб Юсупов ҷиҳати руйи кор омадани филм заҳмат кашидаанд.
Бишитобед то аз маҳсули эҷодии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар соли 2024 бархурдор шавед.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”