«ДОВ» ДАР ШАҲРИ БЕРЛИН МАНЗУРИ ТАМОШОБИНОН ГАРДИД.

19 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо ширкати MINZ – GmbH Internationale Kulturprojekte, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳошияи синамоҷашнвораи “Future Now – Central Asia филми ҳунарии «Дов»-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ки бо коргардонии Муҳиддин Музаффар рӯйи навор омадаасст, дар кинотеатри “DelphiLUX”-и шаҳри Берлин, намоиш дода шуд.
Дар намоиши филм алоқамандони зиёди синамо ва намояндагони Васоити ахбори омма ширкат намуда, аз амошои филм таассуроти нек бардоштанд ва филм бо ҳассосияту таваҷҷуҳи беше писанди тамошобинон гардид.
Пас аз намоиши филм миёни алоқмандони синамо ва коргардони филм тули як соат суҳбати самимї барпо шуд.
Хотирнишон гардид, ки филми ҳунарии «Дов» дар 30 синамоҷашнвораи байналмилалї иштирок намуда, соҳиби 25 ҷоиза гардидааст.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”