РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС

Аз 25-ум то 27-уми ноябри соли 2024 дар Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд.
Дар ин замина, филмҳои ҳунарӣ, мустанад ва тасвирии истеҳсоли Беларус ба алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Беларус 25-уми ноябри соли 2024 соати 16.00 дар кинотеатри «Наврӯз» баргузор мегардад ва филми ҳунарии “Қалъаи сиёҳ” манзури тамошобинон хоҳад шуд.
Ҳамзамон, бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Турова Елена барои хоҳишмандон 25,26, 27-уми ноябри соли 2024 соати 10.30 дар мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дарсҳои “Устод ва шогирд” пешбинӣ шудааст.
26-уми ноябри соли равон соати 10.00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади “Орзуи қаҳрамон” ва соати 17.00 филми тасвирии “Суруди Сирин” ба тамошобинон намоиш дода мешаванд.
Хотирнишон менамоем, ки маротибаи дуюм аст, дар соли равон Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи филмбардории муштарак заминаи мусоид фароҳам меояд.
Марҳамат ба тамошои филмҳо ва дарсҳои “Устод ва шогирд”!
Бишитобед то аз тамошои филмҳои истеҳсоли Беларус ва нозукиҳои касби аниматорӣ бархурдор шавед!
Маъмурияти “Тоҷикфилм”