МАҶЛИСИ ШУРОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА РУШДИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ МИЛЛӢ

4-уми декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Мансурӣ Дилрабо Сайдулло маҷлиси навбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, баргузор гардид.

Дар маҷлис аъзои Шӯро ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд.

Рӯзномаи маҷлис:

1. Доир ба баррасӣ ва омӯзиши ҳолати воқеии кинотеатрҳо дар саросари кишвар;

2. Дар бораи тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа дар хориҷи кишвар;

3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Саид, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия ва директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён гузориш манзур намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Кино ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии мамлакатамон ба ҳисоб меравад ва пайваста зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари давлат зимни баромадҳояшон доимо таъкид мекунанд, ки синамонигорони тоҷик бобати тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи созандагӣ ва нигоҳи нек ба ояндаи дурахшон бояд муаррифгари давлату кишвар бошанд.

Кино ҳамчун санъати воло ба инсон ғизои маънавӣ бахшида, яке аз беҳтарин роҳу воситаи тарғибу ташвиқи расму оин, муқаддасот, фарҳанг ва муаррифгари миллат дар арсаи олам мебошад.

Хотирнишон гардид, ки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷалби соҳибкорону сарпарастон дар асоси шартномаи се ҷониба дар ҳудуди шаҳри Душанбе ду кинотеатр (“Ситора” ва “Орлёнок”), дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри “Ҳилолӣ” ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри “Баҳор”-ро тибқи талаботи замон ва муҷаҳҳаз бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир то таҷлили 35- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода медиҳад, ки барои намоиши филмҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамзамон, тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дар хориҷи кишвар барои рушду нумуи синамои миллӣ зарур буда, боиси руйи кор омадани филмҳои баландмазмуни миллӣ хоҳад шуд.

Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, бори дуюм Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» зери унвони «Қадршиносии ҳунари асил» аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии миллии синамоӣ намояндагони кишварҳои Осиё, Аврупо ва Иттиходи Давлатҳои Мустақил ба ҳам омада, табодули таҷриба намуданд.

Синамоҷиза бо баргузории бисёр чорабиниҳои барои таърихи соҳибистиқлолии кишвар арзанда ва ҳам барои синамогарон аҳаммияти муҳимдошта хотирмону мондагор гардид.

Дар идома, масаъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, нақшаи кори Шӯро барои нимсолаи якуми соли 2025 тасдиқ гардид.

Дар хотима доир ба иҷрои супоришҳои протоколии маҷлисҳои Шуро ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”