Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мардум.

Имрӯз (28.12.2024) дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, рушду пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу тандурустӣ, илму маориф, варзиш, хоҷагии халқу кишоварзиро мавриди таҳлил қарор доданд.
Кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо диққати том Паёмро тамошо карда, бештар ба далелу арқоми марбут ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз дастоварду комёбиҳои солҳои охири соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол бархӯрдор гардиданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо дар соли нави 2025 сармашқи фаъолияти кории ҳар як нафар қарор гирифта, барои фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳаҳои гуногун дастури рӯйи мизӣ арзёбӣ мегардад.
Маъмурияти «Тољикфилм»