НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз (30.01.2025) дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ миёни кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд.
Рушду пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу тандурустӣ, илму маориф, варзиш, хоҷагии халқу кишоварзї мавриди таҳлили амиқу комил фаро гирифта шудааст.
Кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бештар ба далелу арқому далели марбут ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз дастоварду комёбиҳои солҳои охири соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти муфассалро ба даст оварданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо сармашқи фаъолияти кории ҳар як фарди бедордилу меҳанпараст арзёби шуда, бояд барои фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳаҳои гуногун дастури рӯйимизӣ бошад.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»