ФИЛМИ МУСТАНАДИ “ПАЙРАВОНИ ҲАҚИҚАТ” 2023

Нест дигар ҷойи даъво ҳар куҷо,
Мо зи Синоему ҳам Сино зи мо…
(Посух ба як зумра курдилону бехирадон, ки мехоҳанд накуфарзандони ин миллати куҳанбунёдро моли худ ҳисобанд)
Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Тахти Сомон дошт, дод…
Душмани донишгадояш дониши Сино гирифт,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷой гирифт…
Тоҷикон аз азал пайрави ҳақиқату аслият буда…
Дигар акнун ҳар чӣ дорад нахоҳад дод,
Душмани бехонаашро аз диёраш дур хоҳад дошт…
Накуфарзандони миллат ба мисли Абу Алӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ал-Хоразмию Форобӣ ва Ал-Фарғонӣ ва садҳо фарзонафарзандони миллати тоҷик дар асл тоҷик ва нобиғаҳои тамоми давру замон маҳсуб ёфта.
Замоне, ки ин нобиғагони илму маърифати ҷаҳонӣ кору фаъолият ва рӯзгор бурда аслан ӯзбак ҳамчун миллат ҳатто арзи ҳастӣ накарда, куҷо ташаккул ёфта бошад.
Таърихро таҳриф карда шуҳратёр шудан камоли бехирадист…
Турку тозӣ ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шуҳрати ӯ нардбон пайдо кунад…
Вале, “тушбераро хом шуморидаанд”… Миллати тоҷик басо таҳаммулпазир аст, аммо дигар ба ин гуна бофтаю сохтаҳои душманонаш посухи дандоншикан хоҳад дод.
Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,
Теғи дармонбахши Сино рӯйи дунёро гирифт…
Барои исботи ин гуфтаҳо ва посух ба он курдилон порчае аз филми мустанади “Тоҷикон-пайравони ҳақиқат” пешкаш мегардад.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”