ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» ДАР СОЛИ 2024

8-уми январи соли 2025 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса дар соли 2024 як қатор чорабиниҳоро дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ баргузор намуд:
30-юми январи соли 2024 питчинг-рӯйнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор гардид, ки аз 23 лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба питчинг 16-тои онҳо барои рӯнамоӣ интихоб шуда, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо муаррифӣ карда шуданд.
Аз 5-ум то 13-уми феврали соли 2024 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Триикс Медиа”- и Федератсияи Россия қисмате аз саҳнаҳои силсилафилми ҳунарии “ВАО-и нави Россия”-ро, ки аз фаъолияту корнамоиҳои хабарнигорону рӯзноманигорон қисса мекунад, наворбардорӣ намуд.
Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла, фурудгоҳи байналмилалӣ, Китобхонаи миллӣ, меҳмонхонаи “Хаят реҷенсӣ”, бозори Меҳргон, чойхонаи “Роҳат”, қалъаи Хисор, осоишгоҳи Хоҷа оби гарм наворбардорӣ карда шуданд.
28-уми феврали соли 2024 бори дуюм дар соли равон питчинг-рӯйнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор гардид, ки аз 18 лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба питчинг 10-тои онҳо барои рӯнамоӣ интихоб шуда, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо муаррифӣ карда шуданд.
Аз 25-уми феврал то 4-уми марти соли равон гурӯҳи эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, якҷоя бо гурӯхи эҷодии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” маконҳои наворбардорӣ дар Қалъаи Ҳисор, дараи Ромит, дараи Варзоб, обанбори Норак, ҷойҳои зебои шаҳри Душанбе дидан намуда, барои наворбардорӣ интихоб гардиданд. Ҳамзамон, дар толори Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ кастинг интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ баргузор карда шуд.
30-юми марти соли 2024 бори сеюм дар соли равон питчинг-рӯйнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор гардид, ки аз 11 лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба питчинг 7-тои онҳо барои рӯнамоӣ интихоб шуда, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо муаррифӣ карда шуданд.
Аввали моҳи апрели соли 2024 дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии ҶДММ “Куткелдифилмс”-и Ҷумҳурии Қирғизистон лаҳзаҳои филми ҳунарию мустанади “Баландии 144,0” бахшида ба 79-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон наворбардорӣ гардид.
Филм дар бораи сарбозони ҳамқисмату гуногунфарҳанг, ки як мақсад онҳоро, яъне озод кардани Ватан аз истилогарони фашистӣ ба ҳам овардааст, қисса мекунад.
Аз 10-ум то 14-уми апрели соли 2024 гурӯҳи эҷодии киностудияи “Лендок” дар ҳайати Телнов Алексей Николаевич-продюсер ва Бейсеуов Серик Калиммуллаевич-муҳаррир ба хотири такмилу таҳрири пурраи филмнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.
11-уми апрели соли 2024 дар толори мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, гурӯҳи эҷодии киностудияи “Лендок”, мутасаддиён вазорату идорахои дахлдор лоиҳаи синамоии муштараки “Сукут дар куҳҳо”, ки дар асоси Меморандуми ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо ҶС Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» наворбардорӣ мегардад, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек баргузор гардид.
Дар ин замина, филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов» коргардон (М.Эркинов), «Судя» коргардон Д.Масаидов, «Таҳаввулот» коргардон Е. Тӯйчиев ва «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Норак ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо бо забони тоҷикӣ намоиш дода шуданд.
17-уми апрели соли 2024 дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои узбек дар кинотеатри «Ватан» филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки соли 1964 бо коргардонии Латиф Файзиев рӯйи навор омадааст, ба алоқамандони синамо намоиш дода шуд.
Филм таърихию тарҷумаиҳолӣ буда, дар бораи ҳаёти маърифатпарвар, олим ва мунаҷҷим султон Мирзо Улуғбек қисса мекунад, ки дар филми мазкур Ҳошим Гадоев нақши шоҳзода Абдуллатиф- писари Мирзо Улуғбекро хотирмон офаридааст.
Дар ин замина, вохӯрии ҳунарманди мумтоз бо тамошобинон баргузор шуд.
Ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон, аҳли зиё, алоқамандони синамо, коршиносону мутахассисони соҳа ва синамогарон филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек»-ро тамошо намуданд.
Аз 13-ум то 19-уми апрели соли 2024 дар доираи баргузори Рӯзҳои синамои узбек дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки коршиносони Тоҷикистону Узбекистон доир гардид, ки бори дигар корҳои муқаддамотии анҷомшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Филмнома саҳна ба саҳна мутолиаю муқоиса гардида, бо мувофиқаи тарафайн ба матни филмнома тағйиру иловаҳои ниҳоӣ ворид карда шуда, филмнома аз ҳарду ҷониб мавриди корбарӣ қарор гирифт.
19-уми апрели соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ҳайати синамогарони узбек, коршиносони соҳа ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Раҳмонзода А. Протоколи ҷаласаи комиссияи муштараки Точикистону Узбекистон оид ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ба тасвиб расид.
Нусхаи ниҳоии филмномаи филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” мувофиқа ва тасдиқ гардид.
Протоколро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва аз ҷониби Узбекистон муовини директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев ба имзо расониданд.
Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 20-ум то 23-юми майи соли 2024 Рӯзҳои синамои тоҷик дар Озарбойҷон баргузор гардиданд.
Дар ин замина, тули чор рӯз ҳаводорону алдоқамандони синамо филмҳои тоҷик, ба монанди филми ҳунарии классикии “Рустам ва Суҳроб” коргардон Борис Кимёгаров, филмҳои ҳунарии “Дов” коргардон Муҳиддин Музаффар, “Оинаи беҷило” коргардон Носир Саидов ва филми мустанади “Шинохти Саразм” коргардон Рустам Сатторзодаро тамошо намуда, ҳаловат бурданд.
28-уми майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Мансурӣ Дилрабо Сайдулло маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, баргузор гардид.
Дар маҷлис аъзои Шӯро ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд.
30-юми майи соли 2024 дар толори мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ бо иштироки мутахассисони соҳа ва гурӯҳи эҷодии киностудияи “Лендок” ба таври маҷозӣ, филмномаи “Сукут дар куҳҳо” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
19-уми июни соли 2024 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо роҳбари намояндагии Маркази фарҳангию ҳамкории Россия дар Тоҷикистон Патрушев Андрей Валеревич мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дар муассисаҳои таълимии ихтисосии театру синамои Россия, аз ҷумла таҳсили довталабон аз Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов, баргузории чорабиниҳои синамоӣ, ва дигар масоили марбут ба соҳаи синамо мавриди баррасию муҳокима қарор гирифтанд.
20-уми июни соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар робита ба итмом расидани давраи наворбардории филми ҳунарии муштараки «Моҳӣ дар шаст» бо коргардонии Муҳиддини Музаффар нишасти матбуотӣ доир гардид.
25-уми июни соли 2024 маротибаи чорум дар соли равон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон, коршиносони соҳа ва масъулони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид.
Ба Питчинг-рӯнамоӣ 5 лоиҳаи синамоӣ пешниход гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ карда шуданд.
26-уми июни соли 2024) директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо намояндагони Маркази «Симо филм»-и Созмони садо ва симои Эрон вохӯрӣ анҷом дод.
Намояндагони Маркази «Симо филм»-и Созмони садо ва симои Эрон баён доштанд, ки мехоҳанд фасли ҳафтуми силсилафилми машҳури «Пойтахт»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи навор оваранд.
29-уми июли соли 2024 маротибаи панҷум дар соли равон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон, коршиносони соҳа ва масъулони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид.
Ба Питчинг-рӯнамоӣ 9 лоиҳаи синамоӣ пешниход гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ карда шуданд.
Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми августи соли 2024 филмҳои синамогарони қазоқ бо номҳои «Шамшери алмосӣ», «Дос Мукасан» ва «Амалиёти Набот»-ро дар кинотеатри «Ватан» ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров манзури алоқамандону ҳаводорони синамо гардонида шуд.
10-уми снтябри соли 2024 гурӯҳи эҷодии «Узбекфилм» бо мақсади баргузории санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ва омода намудани либосу реквизитҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Дар ин замина, дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо доир карда шуд.
12-юми сентябри соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таҳти унвони “Қадршиносии ҳунари асил” баргузор гардид.
Аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, бори дуюм Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» зери унвони «Қадршиносии ҳунари асил» дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии миллии синамоӣ намояндагони кишварҳои Осиё, Аврупо ва Иттиходи Давлатҳои Мустақил ба ҳам омада, табодули таҷриба намуданд.
Синамоҷиза бо баргузории бисёр чорабиниҳои барои таърихи соҳибистиқлолии кишвар арзанда ва ҳам барои синамогарон аҳаммияти муҳимдошта хотирмону мондагор гардид.
Як самти муҳимми Синамоҷоиза ба барномаҳои таълимӣ ва вохӯриҳои эҷодӣ барои синамогарони ҷавон равона гардида, ходимони маъруфтарини синамо аз 8 кишвари дунё барои алоқамандони санъати синамо зиёда аз 20 дарси “Устод ва шогирд”-ро доир намуданд.
Кинотеатрҳои давлатию хусусии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои кишвар барои сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон зиёда аз 50 намоиши озоди филмҳоро барпо намуданд. Ба алоқамандони синамо маҳсули эҷоди солҳои охири синамои миллӣ манзур карда шуданд. Меҳмонони синамоҷоиза бо ҳамроҳии ходимони синамои Тоҷикистон 17-уми окябри соли 2024 аз шаҳри Норак ва НБО “Норак”, 18-уми октябри соли 2024 аз шаҳри Ҳисор ва 19-уми октябри соли равон аз шаҳри Турсунзода дидан карда, бо мавзеъҳои наворбардорӣ ва ҷойҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар доираи Синамоҷоиза Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон, дарси “Устод ва шогирд”, Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ ва ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо доир карда шуданд.
Дар барномаи озмунии Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои иштирок ва рақобат зиёда аз 50 филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардиданд.
Дар баргузории Рӯзхои синамои Эрон –се филм, Россия-се филм ва Беларус – се филм ба алоқамандони синамо намоиш дода шуд.
17-уми октябри соли 2024 дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупории дуюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” зери унвони “Қадршиносии ҳунари асил” бо иштироки меҳмонон, аҳли зиё, ходимони давлатию сиёсӣ, собиқадорони соҳа ва алоқамандони санъати асили синамо доир гардид.
25-уми ноябри соли 2024 дар кинотеатри “Наврӯз” маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Беларус дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мухлисон ва дӯстдорони синамо муддати ду рӯз имкон пайдо намуданд, ки филмҳои истеҳсоли Беларус- филми ҳунарии “Қалъаи сиёҳ” коргардон К.Кузин, филми мустанади “Орзуи қаҳрамон ” коргардон В.Мороз ва филми тасвирии “Суруди Сирин” коргардон Е.Туроваро тамошо намоянд.
Ҳамзамон, дарсҳои “Устод ва шогирд” бо иштироки коргардон, филмноманавис ва аниматори беларус Елена Турова дар мавзуйи “Аниматсия дар филмҳои ҳунарӣ” барои алоқамандон ва донишҷуён ба роҳ монда шуд.
4-уми декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Мансурӣ Дилрабо Сайдулло маҷлиси навбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, баргузор гардид.
Дар маҷлис аъзои Шӯро ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд.
20-уми декабри соли 2024 маротибаи шашум дар соли равон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон, коршиносони соҳа ва масъулони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид.
Ба Питчинг-рӯнамоӣ 16 лоиҳаи синамоӣ пешниход гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ карда шуданд.
Шумораи навбатии маҷаллаи “Кино” бо се забон нашр шуда, дастраси алоқамандони синамо гардид, ки муаррифгари синамои миллист.
Таҳияи филмҳо дар соли 2024
Филмҳои ҳунарии пурра 4-то:
“Ҳақиқат” коргардон Манзаралӣ Шералӣ
«Зиндагӣ зебост» коргардон Далер Раҳматов,
«Танҳо ту» коргардон Умедшо Мирзоширинов,
«Виҷдон» коргардон Соҳибёр Толибов,
Филмҳои ҳунарии кутоҳ 2-то:
“Туман” коргардон Умеда Турсунова
“Дар баландии теппа” муштарак бо синамогарони Канада
Филмҳои мустанад 10-то:
“Осори фаронсавӣ” коргардон Шукуралӣ Ҷӯраев,
“Ҷашни Сада” коргардон Давлатзода Ардашер,
«Баҳори Душанбе» коргардон Абдулҳай Зокиров,
«Қасри тақдирсоз» коргардон Темури Султон,
“Чакомаи чакан” коргардон Муродиён Зокир Ҳасан,
“Шириншоҳ Шоҳтемур” коргардон Алифшоев Сафо,
“Достони куҳзод” коргардон Сатторзода Рустам
“Тағйирёбии иқлим” коргардон Давлатзода Ардашер
“Тоҷи Сомон-ифтихори тоҷикон” коргардон Муҳидин Музаффар
“Марко Поло” коргардон Сатторзода Рустам
Филмҳои тасвирӣ 1-то:
“Бабри барфӣ” коргардон Насруллозода Фирдавс,
Филмҳои ҳунарии муштарак 6-то
“ВАО-и нави Россия” коргардон Денис Нейдман (ҶДММ “Триикс Медиа” ва “Тоҷикфилм”)
“Моҳӣ дар шаст” коргардон Муҳиддин Музаффар (Тоҷикистон- Эрон- Россия)
“Достони ишқ” коргардон Лутфуллои Азиз, (МД “Тоҷикфилм” ва МД “Телевизиони Душанбе”)
“Хомӯшӣ дар кӯҳсор”, коргардони таҳиягар Олег Фомин ( киностудияи “Лендок”-и шаҳри Санкт-Петербург ва МД “Тоҷикфилм”)
“Харгӯши сиёҳ-харгӯши сафед” коргардон Шаҳром Мукрӣ (МД “Тоҷикфилм” ва ширкати синамоии “Корномаи Дубай”)
“Василий Тёркин” коргардон Геворкян Карен (студияи “Русское поле”-и шаҳри Санкт-Петербург ва МД “Тоҷикфилм”)
Нахсутнамоиши 4 филми ҳунарӣ
“Ҳақиқат” коргардон Манзаралӣ Шералӣ
“Зиндагӣ зебост” коргардон Далер Раҳматов
“Танҳо ту” коргардон Умед Мирзоширинов
“Ширин” коргардон Умеда Турсунова
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Дар ин давра хушбахтона ҷиҳати табодули таҷриба ва роҳандозии равобиту ҳамкории судманд Қарордодҳои ҳамкорӣ бо Синамогурӯҳи “Ғарб”- Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо ҶДММ “Сарез сармоя”, бо ширкати синамоии “Корномаи Дубай” ба тасвиб расиданд.
Ҳамзамон,
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи синамо миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва КВҶ “Киностудияи миллии “Беларусфилм”;
Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи филми муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинои Ҷумҳурии Озарбойҷон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Иттиҳодияи “Туркманфилм” ба номи Оғузхони Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон ба тасвиб расиданд.
Дар маҷмуъ Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо 20 кишвар ва 50 ширкатҳои филмбардорӣ қарордодҳои ҳамкорӣ дар соҳаи синаморо ба
имзо расонидааст.
Иштироки филмҳо дар синамоҷашнвораҳо
Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рӯйи навор омадааст дар синамоҷашнвораи байналмилалии Дакка сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филмномаи Осиёи Миёна”, дар синамоҷашнвораи “Авруосиё” ба Абдулмумин Шарифӣ ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар филми “ДОВ” ва дар Синамоҷашнвораи байналмилалии XVI «Северный Характер»-и шаҳри Мурмански Федератсияи Россия ҷоизаи “Беҳтарин филм” сазовор дониста шуд.
Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”-и коргардон Муҳиддини Музаффар дар Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” сазовори “Шоҳҷоиза” гардид.
Дар соли 2024 филмҳои нави Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои иштирок ва рақобат ба Синамоҷашнвораи байналмилалии “Лендок”-и шаҳри Санкт-Петербурги Россия, Синамоҷашнвораи байналмилалии Тошканд “Дурдонаи Роҳи абрешим” ва Синамоҷашнвораи байналмилалии “Листопад”-и Ҷумҳурии Беларус пешниҳод карда шуданд.
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат” коргардон Манзаралӣ Шералаӣ дар синамоҷоашнвораи байналмилалии “Листопад”-и Ҷумҳурии Беларус соҳиби Диплом гардид.
Ҷоизаҳои Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”:
«Беҳтарин филми мустанад» ба филми «Пайравони ҳақиқат»-и Рустам Шоазимов,
«Беҳтарин филми тасвирӣ» ба филми «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода,
«Беҳтарин филми ҳунарӣ» ба филми «Дар талоши ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ,
«Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми «Модар»-и Нигина Раҷабова,
«Беҳтарин коргардони овоз» ба Рустам Отахонов барои филми «Танҳо ту»,
«Беҳтарин дизайн» ба Восеъ Набиев барои филми «Танҳо ту»,
«Беҳтарин наворбардор» ба Шуҳрат Қурбонов барои филми «Танҳо ту»,
«Беҳтарин нақши кӯдакона» ба Зулайхои Абдуҳаким барои филми «Се хоҳарон»,
«Беҳтарин нақши занона» ба Таҳмина Раҷабова барои филми «Зиндагӣ зебост»,
«Беҳтарин нақши мардона» ба Насриддин Нуриддинов барои филми «Зиндагӣ зебост»,
«Беҳтарин коргардон» барои филми «Зиндагӣ зебост» ба Далер Раҳматов, дода шуд.
Ҷоизаи ифтихории Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон»- «Килки заррин»-ро дар номинатсияи «Беҳтарин филмноманавис» Абдурофеъ Рабизода соҳиб гардид.
Иқдомҳо дар давраи ҳисоботӣ
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззам ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи театру синамо имсол мо муваффақ гардидем, ки яке аз коргоҳҳои бонуфузтарину муқаддамтарини мактаби кинои ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия Фарҳод Маҳмудов дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов, тибқи бурсияҳои Агентии федералии Федератсияи Россия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дари худро боз кунад ва 15 нафар ҷавонони боистеъдоди кишварро бо таъмини стипендия ва хобгоҳ фаро гирад.
Умед дорем, ки дар оянда мутахассисони соҳибкасб дар рушди синамои миллӣ ва таҳияи филмҳои касбӣ марҳилаи навро боз хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”