Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба мутахассисони касбӣ эҳтиёҷ дорад.
Бинобар таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳа, тақвияти корҳои эҷодию истеҳсолӣ ва ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ ба соҳаи синамо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои ишғоли вазифаи зерин озмун эълон менамояд:
Ҳуқуқшиноси шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ- маоши вазифавӣ 2688,39 сомонӣ.
Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ- маоши вазифавӣ 2306,22 сомонӣ.
Сардори мактаби синамогарони ҷавон «Навомўз»- – маоши вазифавӣ 2306,22 сомонӣ.
Иқтисодчӣ- – маоши вазифавӣ 2688,39 сомонӣ.
Дузандаи шуъбаи хизматрасонӣ- 1633,03 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои вазифавӣ:
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси мувофиқ ба вазифа, кор тавассути барномаҳои навтарин, собиқаи кории бардавом, донистани истилоҳот ва нозукиҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, интизомнокӣ ва риояи қоидаҳои дохилии меҳнат.
Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод 25, то 28-уми феврали соли 2025 идома меёбад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
ариза ба унвони роҳбари муассиса;
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
шарҳи ҳол;
Шаш (6) дона расми (3х4)
нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ;
дафтарчаи меҳнатӣ;
маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (форма № 38);
нусхаи гувоҳномаи мушаххаси андозсупоранда (РМА);
маълумотнома аз чойи зист;
нусхаи шиноснома;
нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғӣ судӣ;
Хислатнома ва тавсиянома аз ҷой кори пештара;
маълумотнома (объективка);
Маълумоти бештарро тариқи телефонҳо ва почтаи электронии зерин гирифтан мумкин аст;
Тел: 93-535-86-53, 227-17-87
Е-mail: tojikfilm@gmail. com