НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» ДАР СОЛИ 2024

4-уми феврали   соли 2025 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2024 бо иштироки роҳбарияти муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти  муассиса дар   соли 2024 ва вазъи соҳаи синамои миллиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. 
Таъкид гардид, ки дар соли 2024 Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид:
 
Таҳияи филмҳо
 
Филмҳои ҳунарии пурра 4-то:
 
“Ҳақиқат” муаллиф Некрӯзи Ҷалилиён, коргардон Манзаралӣ Шералӣ
«Зиндагӣ зебост» муаллиф Гуландом Муҳаббатова, коргардон Далер Раҳматов,  
«Танҳо ту» муаллиф Нигина Мамадҷонова, коргардон Умедшо Мирзоширинов,   
«Виҷдон» муаллиф ва коргардон Соҳибёр Толибов,  
 
     Филмҳои ҳунарии кутоҳ 2-то: 
“Ширин” муаллиф ва коргардон Умеда Турсунова 
“Дар баландии теппа” муштарак бо синамогарони Канада
 
        Филмҳои мустанад 10-то:
“Осори фаронсавӣ” муаллиф ва коргардон Шукуралӣ Ҷӯраев,  
“Ҷашни Сада” муаллиф Назар Назаров, коргардон Давлатзода Ардашер,  
      «Баҳори Душанбе» муаллиф Назар Назаров, коргардон Абдулҳай Зокиров,    
«Қасри тақдирсоз» муаллиф ва коргардон Темури Султон,  
“Чакомаи чакан” муаллиф ва коргардон Муродиён Зокир Ҳасан, 
“Шириншоҳ Шоҳтемур” муаллиф Раҳимбеков Маҳмуд, коргардон Алифшоев Сафо,
 “Достони куҳзод” коргардон Сатторзода Рустам
“Тағйирёбии иқлим” коргардон Давлатзода Ардашер
“Тоҷи Сомон-ифтихори тоҷикон” муаллиф ва коргардон Муҳиддин Музаффар
“Марко Поло” коргардон Сатторзода Рустам
  Филмҳои тасвирӣ 1-то:
“Бабри барфӣ” муаллиф  Рустам Орифӣ, коргардон Насруллозода Фирдавс,  
 
                                 Филмҳои ҳунарии муштарак 3-то
 
“ВАО-и нави Россия” коргардон Денис Нейдман (ҶДММ “Триикс Медиа” ва “Тоҷикфилм”)
“Моҳӣ дар шаст” коргардон Муҳиддин Музаффар  (Тоҷикистон- Эрон- Россия)
 “Харгӯши сиёҳ-харгӯши сафед” коргардон Шаҳром Мукрӣ (МД “Тоҷикфилм” ва ширкати синамоии “Корномаи Дубай”)
 
Ҳамкориҳои  байналмилалӣ
  Дар ин давра хушбахтона  ҷиҳати табодули таҷриба ва роҳандозии равобиту ҳамкории судманд Муассиса 6 қарордоди ҳамкорӣ, ба имзо расонидааст, аз ҷумла:  
қарордоди ҳамкорӣ бо Синамогурӯҳи “Ғарб”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, 
бо ҶДММ “Сарез сармоя”, 
бо ширкати синамоии “Корномаи Дубай”,  
 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи синамо миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва КВҶ “Киностудияи миллии “Беларусфилм”;
Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи филми муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинои Ҷумҳурии Озарбойҷон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Иттиҳодияи “Туркманфилм” ба номи Оғузхони Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон.    
 Дар маҷмуъ,   Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо 15 кишвар ва 40  ширкатҳои  филмбардорӣ қарордодҳои ҳамкорӣ дар соҳаи синаморо ба имзо расонида, ҳамкорӣ менамояд.    
 
Иштироки филмҳо дар синамоҷашнвораҳо 
Филми ҳунарии “Дов”
 
Синамоҷашнвораи кишварҳои СҲШ,  ш. Мумбайи Ҳиндустон  – “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки арзиши воқеии дӯстиро ба тамошобин манзур намудааст”;   
 Синамоҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи ФР – “Беҳтарин филми ҳунарӣ”;
Синамоҷашнвораи байналмилалии Оренбург – “Таваҷуҳи тамошобин” ва  “Беҳтарин ансамбли ҳунарпешаҳо”; 
 
Синамоҷашнвораи байналмилалии “Дарвозаи ғарб”-и ш. Пскови ФР -“Ҷоизаи махсуси ҳакамон”;
Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои Россия ва кишварҳои хориҷии ш. Санкт-Петербург-  “Беҳтарин филмнома”;
Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии ш. Қазони ҶТ -“Беҳтарин филмнома”;
I Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” –  “Беҳтарин нақши мардона”;
 Синамоҷашнвораи байналмилалии “Московская премьера” ш. Москва – “Беҳтарин коргардон”;
Синамоҷашнвораи байналмилалии Дакка  –  “Беҳтарин филмномаи Осиёи Миёна”;
Синамоҷашнвораи  “Авруосиё”  –   “Беҳтарин нақши мардона”;
Синамоҷашнвораи байналмилалии   XVI  «Северный Характер»-и    ш. Мурмански ФР – “Беҳтарин филм”;
Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон – “Беҳтарин филми ҳунарӣ”;
I Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” –  “Беҳатрин филми ҳунарии пурра” ва “Беҳтарин нақши мардона”;
Дар умум, дар ду соли охир филми ҳунарии “Дов” 25 ҷоизаи Синамоҷашнвораҳои байналмилалиро соҳиб гаштааст.      
 
Ҷоизаҳои II Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”:   
Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”-и коргардон Муҳиддини Музаффар   -“Шоҳҷоиза”;
Филми мустанади«Пайравони ҳақиқат»-и Рустам Шоазимов – «Беҳтарин филми мустанад» 
 Филми тасвирӣ «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода «Беҳтарин филми тасвирӣ»;
Филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат  »-и Манзаралӣ Шералӣ – «Беҳтарин филми ҳунарӣ»;
Филми ҳунарии кӯтоҳ «Модар»-и Нигина Раҷабова  – «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ»;
Рустам Отахонов барои филми «Танҳо ту» – «Беҳтарин коргардони овоз»;
Восеъ Набиев барои филми «Танҳо ту» – «Беҳтарин дизайн»; 
Шуҳрат Қурбонов барои филми «Танҳо ту» – «Беҳтарин наворбардор»; 
Зулайхои Абдуҳаким барои филми «Се хоҳарон»- «Беҳтарин нақши кӯдакона»;
Таҳмина Раҷабова барои филми «Зиндагӣ зебост» – «Беҳтарин нақши занона»;
Насриддин Нуриддинов барои филми «Зиндагӣ зебост» – «Беҳтарин нақши мардона»; 
Далер Раҳматов барои филми «Зиндагӣ зебост» –  «Беҳтарин коргардон»;
«Беҳтарин филми дебют» ба филми «Фурӯғ»-и Одина Маҳмад; 
«Таваҷҷуҳи тамошобин» ба филми «Ғам»-и Музаффар Шодиев;
 «Беҳтарин танзим» барои филми «Мактаби мардонагӣ» ба Дилшод Раҳмонов;
Ҷоизаи ифтихории II Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон- «Килки заррин»-ро дар номинатсияи «Беҳтарин филмноманавис» Абдурофеъ Рабизода соҳиб гардид.
 
Иқдомҳо дар давраи ҳисоботӣ
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззам ҷиҳати  тайёр  кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи театру синамо имсол мо муваффақ гардидем, ки яке аз коргоҳҳои бонуфузтарину муқаддамтарини мактаби кинои ҷаҳонӣ  таҳти роҳбарии ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия Фарҳод Маҳмудов дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов, тибқи бурсияҳои Агентии федералии Федератсияи Россия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дари  худро боз кунад ва 15 нафар ҷавонони боистеъдоди кишварро бо таъмини стипендия ва хобгоҳ фаро гирад.   
  Умед дорем, ки дар оянда  мутахассисони соҳибкасб дар рушди синамои миллӣ ва таҳияи филмҳои касбӣ марҳилаи навро боз хоҳанд кард. 
 
Кинотеатрҳо
 
 Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷалби соҳибкорону сарпарастон дар асоси шартномаи се ҷониба дар ҳудуди шаҳри Душанбе ду кинотеатр (“Ситора” ва “Орлёнок”), дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри “Ҳилолӣ” ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри “Баҳор”-ро тибқи талаботи замон ва муҷаҳҳаз бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир то  таҷлили  35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода медиҳад,   ки барои намоиши филмҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бунёди кинотолорҳои замонавӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ  барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар намунаи ибрат буда, ҷиҳати бунёду азнавсозии кинотеатрҳо дар ҳудуди ҳар як шаҳру ноҳия иқдомҳо гирифта хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, қасри фарҳанги ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик бо таҷҳизоти кинонамоишдиҳӣ таъмин гардида, барои баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва намоиши филмҳо пурра омода мебошад. 
 
Сомона  www.tojikfikm.tj ва маҷаллаи “Кино”
 
  Сомонаи муассиса ва саҳифаи фейсбукии он  фаъол мебошанд ва хабару рӯйдодҳои соҳаи синамои миллӣ ва ҷаҳониро дастраси хонандагону алоқамандон мегардонад.  Сомонаи муассиса маълумоти лозимиро дар бораи фаъолияти рӯзмарраи “Тоҷикфилм”, раванди филмбардорӣ ва чорабиниҳои синамоӣ бо се забон пешкаш месозад.  
 Шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии «Кино», ки нашрияи расмии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маҳсуб меёбад,   нашр ва дастраси хонандагон гардид.  
Маҷаллаи «Кино» тарғибгари соҳа арзёбӣ гардида, рӯйдоду воқеаҳои марбут ба филмбардорӣ ва соҳаи кинои ватанию ҷаҳониро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ манзури алоқамандони синамо намуда, хонандаро ба олами санъати синамо ворид месозад.
 
Дар навбати худ мухбирон ва рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизиону радио дар нишаст фаъолона ширкат намуданд. 
Намояндагони васоити ахбори омма бештар доир ба намоиш ва паҳнкунии филмҳои миллӣ, вазъи кинотеатрҳо дар ҷумҳурӣ,  роҳ надодан ба намоиши филмҳои ба ахлоқи мардуми тоҷик бегона, ба таври касбӣ тарҷума ва дубляжи филмҳои хориҷӣ бо забони тоҷикӣ, пешгирии қочоқи маводҳои аудиовизуалӣ, наворбардории филмҳои ҳунарии таърихӣ, тарбияи мутахассисони касбии соҳа,  ҷалби гранту сармоягузориҳо ба соҳаи синамо, таҳияи филмҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷӣ ва дигар масоили марбути соҳа мароқ зоҳир намуда, ба суолҳояшон посухҳои мушаххасу қаноатманд гирифтанд. 
Муассиса минбаъд ҷиҳати   рушду нумӯи синамои  миллӣ кӯшиш ба харҷ дода,  филмҳоеро рӯйи навор меоварад, ки  идеологияи давлатро тарғиб намуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини неки халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд.
 
Маъмурияти “Тоҷикфилм”