«Се тори ишқ»

Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» наворбардорӣ ва таҳияи филми ҳунарии «Се тори ишқ»- бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил ва Хуршеди Ҷамшед ба анҷом расонид. Филмнома ба қалами Олима Раҷабова тааллуқ дошта, дар деҳаи зебоманзари «Обшорон»-и ноҳияи Файзобод руйи навор омадааст.
Филм дар бораи се ҷавони ошиқ қисса мекунад, ки ба як духтар дил додаанд, вале духтар мехоҳад аз деҳа ба шаҳр барои таҳсил равад. Духтар хоҳиши шавҳар кардан надорад. Ҳамин тавр ҳодисаву воқеаҳои филм печидаву ҷолиб ба навор гирифта шудаанд, ки тамошобинро дергоҳ ба андеша водор мекунад.
Нахустнамоиши филми «Се тори ишқ» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар кинотетри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки доираи васеи дӯстдорони синамои ватанӣ рӯзи 28.02.2025 баргузор гардид.
Нақшҳоро дар филм: Марворид Саидова, Ҷовидон Аминов, Саидҷон Муродов, Иброҳим Бобохонов, Моҳпайкар Ёрова, Мавлонбибӣ Наҷмидинова ва дигарон иҷро намудаанд.