Филми нави Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”- “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар доираи “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” наворбардории филми нави ҳунарӣ бо номи “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”-ро оғоз кардааст.

Филм бар асоси ҳикояи ҳамноми нависанда Холмурод Шарифов таҳия шуда, айни замон дар манзараҳои зебои Тоҷикистон наворбардорӣ мегардад.

Филми мазкур ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, дар баробари ба тасвир кашидани қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар майдони набард, инчунин нақши мардуми тоҷикро дар ақибгоҳ ба намоиш мегузорад.

Сужаи филм ба воқеаи таърихӣ рабт дорад: рӯзҳои 4-11 феврали соли 1945, дар шаҳри Ялтаи Қрим машварати ниҳоии эътилофи зиддигитлерӣ баргузор гардид, ки дар он Иосиф Сталин, Уинстон Черчилл ва Франклин Делано Рузвелт— сарварони Иттиҳоди Шӯравӣ, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳида ширкат доштанд.

Бар асоси маълумоти таърихӣ, Черчилл, ки ошиқи таоми белмоҳӣ буд, хоҳиш мекунад, ки барои хӯроки шом ин навъи нодири моҳӣ дастрас гардад. Ба назари ӯ, ин моҳӣ танҳо дар гӯшаҳои дурдасти Миссисипии Амрико ёфт мешуд. Аммо дар муддати кӯтоҳ хоҳиши ӯ иҷро шуда, белмоҳии хостааш аз дарёи Панҷи Тоҷикистон дастрас карда мешавад.

Филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” бо сабку услуби хоси худ, дар баробари рӯйнамоии саҳнаҳои таърихӣ, саҳнаҳои пурҷаззоб ва ҳаяҷонангезро низ фаро мегирад.

Тамошобинон метавонанд интизори як асари ҷолиб ва таърихӣ бошанд!