Филми ҳунарии «Хоби сурх»

Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм таҳия ва танзими филми ҳунарии «Хоби сурх» (Виҷдон) пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик нахустнамоиши он барои доираи васеи коршиносону ҳаводорони филмҳои ватанӣ пешкаш карда мешавад.
Филми” Хоби сурх” аз рӯзгори пирамарде ҳикоят мекунад, ки дар гузашта сарбози шӯравӣ дар Афғонистон буда, дар айёми пирӣ ба бемории руҳӣ гирифтор шудааст. Пас аз ду соли табобат дар бемористон писари бузургаш пирамардро ба хона меоварад. Пирамард мухлиси Карл Маркс буда, орзу дорад, ки низоми шӯравиро барқарор кунад, вале бо чунин хаёлпарастӣ дар хонавода ҳамандеш намеёбад ва азияти танҳоӣ мекашад.
Филм гуфтугӯи наслҳо, парастории волидайн, арзишҳои соҳибистиқлолии кишвар, илму маориф ва дигар масоили рӯзро дар худ ғунҷонидааст.
Нақшҳоро дар филм Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Меъроҷиддин Бобиев, Таҳмина Раҷабова, Қандил Тоиров, Аъзам Розиқ, Қурбон Собир, Зарпарӣ Хушвақт, Ғолиб Исломов, Мирзовалӣ Фозилов ва дигарон офаридаанд.
Муаллиф ва коргардони филм Соҳибёр Толиб, филмбардор Шӯҳрат Қурбонов, продюссер Маҳмадсаид Шоҳиён буда, оҳанги филмро Иқбошо Завқибеков эҷод кардааст.