Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ дар Душанбе!!!

Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ дар Душанбе!!!

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон 21-22 феврали соли 2025 Ҷашнвораи филмҳои ҷопониро дар Душанбе доир менамояд.
Намоиши филмҳои ҷопонӣ дар кинотеатри “Ватан” ба роҳ монда мешавад.
21 феврали соли 2025
– 17.30 -Маросими мутантани ифтитоҳи Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ
– 18.00 -Намоиши филми “Хатҳое, ки маро инъикос менамоянд”

22 феврали соли 2025
-14.00 – Намоиши филми “Баҳор дар фурӯшгоҳи тофу Токано”
-17.00- Намоиши филми ” Хоби апрелии тӯлаш се сол”

Филмҳо бо забони ҷопонӣ ва зерматни русӣ намоиш дода мешаванд.
Даромад озод аст!

Имкон пайдо гардидааст, ки аз синамо ва фарҳанги ҷопонӣ бархӯрдор шавед!
Филмҳои ҷопонӣ шуморо мунтазиранд!

Маъмурияти “Тоҷикфилм”