Баромади директори Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм” бахшида ба Рӯзи Модар

Муҳтарам бонувон, ҳамкорони гиромӣ ва меҳмонони арҷманд!
Имрӯз мо дар як фазои идона ва пур аз меҳру муҳаббат ҷамъ омадаем, то Рӯзи Модар – рамзи бузурги эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба модарон, хоҳарон ва ҳамсарони азизамонро таҷлил намоем. Ин ҷашн на танҳо арҷгузорӣ ба мақоми баланди зан дар ҷомеа, балки эътирофи саҳми бузурги ӯ дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мебошад.
Зан – чароғи хонадон, манбаи меҳру муҳаббат ва рукни асосии ҷомеа мебошад. Дар тӯли таърихи башарӣ занон ҳамеша на танҳо нигоҳдорандаи оила ва ахлоқи ҷомеа, балки созандагони воқеии тамаддун ва пешрафти инсонӣ будаанд. Занон бо қувват ва иродаи худ на танҳо оиларо, балки кулли ҷомеаро пеш мебаранд, зеро онҳо дар ҳар замон дар ҷомеа нақши ҳалкунанда ва муҳимми худро мебозанд. Чунин зани тоҷик, бо иродаи қавӣ, муҳаббат ва фидокорӣ, ҳамеша бо қалби пок ва меҳри беандоза барои оила ва ҷомеа, дар ҳама замонҳо намунаи шоистаи ибрат боқӣ мемонад.
Ҳамкорони азиз!
Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо фаъолона иштирок мекунанд ва бо заҳмату кӯшишҳои зиёд дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Аз соҳаи маориф то илм, аз тандурустӣ то санъат, аз хоҷагии халқ то бизнес, занони тоҷик дар ҳар як марҳалаи зиндагӣ худро нишон дода, фаъолияти самарабахш доранд. Ҳукумати кишвар барои таҳкими мақоми занон дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар ва дастгирии онҳо чораҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Бо шарофати ин ғамхорӣ, имрӯз занони тоҷик на танҳо ҳамчун модарони меҳрубон, балки ҳамчун роҳбарон, олимон, табибон, омӯзгорон, ҳунармандон ва соҳибкорони муваффақ дар рушду пешрафти миллат саҳм мегузоранд.
Мо мебинем, ки занон дар сиёсат, иқтисод, илм, технология, фарҳанг ва, албатта, синамо – яке аз аркони муҳими фарҳанги миллӣ, бо эҳсоси амиқи масъулият ва талоши пайгирона нақши хеле муҳим мебозанд. Дар соҳаи кино, ки яке аз самтҳои муҳими рушди фарҳанг ва ахлоқи ҷомеа ба ҳисоб меравад, нақши занон низ муҳим ва сазовори эҳтиром аст. Аз рӯзҳои аввалини ташаккули кинои тоҷик, ҳунарпешагони маҳбуб, коргардонҳои боистеъдод, филмноманависони эҷодкор ва дигар бонувони ҳунарманд бо заҳмати худ рушди ҳунари кинои моро таъмин намуда, онро бо чеҳраҳои зебо ва ҳунари волои худ зиннат бахшидаанд. Филмҳои зиёде бо иштироки бонувони мо офарида шудаанд, ки арзишҳои волои ахлоқӣ, меҳру садоқат ва ҷасорати занони тоҷикро таҷассум менамоянд. Бонувони ҳунарманд бо сохтани асарҳои барҷаста дар таърихи синамо, ба ҷаҳони кино ранг ва садоҳои наве ворид кардаанд, ки ҳаёти мо ва ҷаҳони мо бо онҳо равшантар ва пурмазмунтар гаштааст.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо камоли ифтихор ба дастгирии бонувони эҷодкор аҳамияти махсус медиҳад. Мо талош дорем, ки барои рушду пешрафти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, саҳми онҳоро дар кинои миллӣ боз ҳам бештар гардонем. Мо ифтихор дорем, ки занони зиёде дар соҳаи кино фаъолона кор карда, филмҳои арзишманд ва дорои паёми амиқ эҷод мекунанд. Аз ҷумла, бо кӯшишҳои бонувони эҷодкор, филмҳои мо ба марҳалаҳои байналмилалӣ роҳ ёфта, ба сатҳи ҷаҳонӣ расидаанд, ки барои ҳамаи мо, хусусан барои занони кишварамон, ифтихор ва шарафи бузург аст.
Ба ин муносибат, бо камоли эҳтиром ва самимият Рӯзи Модарро ба тамоми бонувони муҳтарам табрик мегӯям! Ба шумо тандурустӣ, бахту саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва зиндагии пур аз меҳру муҳаббат таманно дорам. Бигзор меҳру муҳаббати шумо ҷаҳони моро равшан гардонад ва неруву садоқати шумо дар пешрафти ҷомеаи мо нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошад!
Занон бо иродаи пурсамар ва хирадмандиашон метавонанд ҷомеаро ба сатҳи наве бароранд. Рӯзи модар муборак!

Бо эҳтиром
директори Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
Маҳмадсаид Шоҳиён