Бахшида ба “Рӯзи модар”

Имрӯз (07.03.2025) дар толори кинотетри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҷамъомади тантанавӣт бахшида ба “Рӯзи модар” бо иштироки занону бонувони муассиса баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Шоҳиён Маҳмадсаид ҳамаи занону модаронро бо фарорасии ин рӯзи мубораку фархунда самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки Рӯзи модар дар кишаври мо ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.
Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният аз ҷониби шоирону нависандагон ва олимону донишмандони халқу миллатҳои гуногуни олам хеле фаровону самимона васфу тасвир гардидааст.
Аз ҷумла яке аз бузургон чунин гуфтааст: «Модар зеботарин калимаест, ки инсон ба забон овардааст. Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад. Қалби модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст».
Имрӯз дар Муасисаи давлатии “Тоҷикфилм” 66 нафар занону бонувон кору фаъолияти пурсамар доранд. Мо талош дорем, ки барои рушду пешрафти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, саҳми онҳоро дар кинои миллӣ боз ҳам бештар гардонем. Мо ифтихор дорем, ки занони зиёде дар соҳаи кино фаъолона кор карда, филмҳои арзишманд ва дорои паёми амиқ эҷод мекунанд. Аз ҷумла, бо кӯшишҳои бонувони эҷодкор, филмҳои мо ба марҳалаҳои байналмилалӣ роҳ ёфта, ба сатҳи ҷаҳонӣ расидаанд, ки барои ҳамаи мо, хусусан барои занони кишварамон, ифтихор ва шарафи бузург аст.
Ба ин муносибат, бо камоли эҳтиром ва самимият Рӯзи Модарро ба тамоми бонувони муҳтарам табрик мегӯям! Ба шумо тандурустӣ, бахту саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва зиндагии пур аз меҳру муҳаббат таманно дорам. Бигзор меҳру муҳаббати шумо ҷаҳони моро равшан гардонад ва неруву садоқати шумо дар пешрафти ҷомеаи мо нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошад!
Дар хотима як қатор бонувони фаъол бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Муассиса сарфароз гардонида шуданд
Рӯзи модар муборак!