Дар Малайзия ҳафтаи кинои тоҷикро баргузор менамоянд.

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” соли равон бо мақсади тарғибу муаррифии фарҳангу санъат ва тамаддуни миллати тоҷик, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ҳафтаи кинои тоҷикро баргузор менамояд.
Барои баргузории ҳафтаи синамои тоҷик дар як қатор кишварҳои ҳавзаи масъули сафорат аз ҷумла Малайзия, Индонезия ва Тайланд филмҳои истеҳсоли ватанӣ тибқи тартиб бо зерматни англисӣ пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 7-уми октябри соли 2024 ҳангоми баргузории чорабинии фарҳангӣ ба хотири муаррифии Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар китобхонаи ҷамъиятии Селангори Малайзия (PPAS), филми «Рустам ва Сӯҳроб» ба намоиш гузошта шуда буд.