Тантанаи “Рузи модар”

Имрӯз бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон ва толибилмон, бахшида ба «Рӯзи модар» дар шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ ҳамоишҳои идона баргузор гурдид.
Дар ин чорабиниҳо бонувонро намояндагони Раёсатҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба иди бонувон «Рӯзи модар» аз номи роҳбарияти муассиса самимона табрик намуда, доир ба пешрафти ҳаёти имрӯза ва муваффақияту комёбиҳои филмбардорони тоҷик суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо камоли ифтихор ба дастгирии бонувони эҷодкор аҳамияти махсус медиҳад. Мо талош дорем, ки барои рушду пешрафти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, саҳми онҳоро дар кинои миллӣ боз ҳам бештар гардонем. Мо ифтихор дорем, ки занони зиёде дар соҳаи кино фаъолона кор карда, филмҳои арзишманд ва дорои паёми амиқ эҷод мекунанд. Аз ҷумла, бо кӯшишҳои бонувони эҷодкор, филмҳои мо ба марҳалаҳои байналмилалӣ роҳ ёфта, ба сатҳи ҷаҳонӣ расидаанд, ки барои ҳамаи мо, хусусан барои занони кишварамон, ифтихор ва шарафи бузург аст.
Дар хотимаи ҳамаи ҷамъомадҳо филми ҳунарии тозаэҷоди муассиса «Зиндагӣ зебост», ки дар бораи ҷасорату садоқат ва матонати як нафар зани тоҷик қисса мекунад, ба таври ройгон манзури ҳозирин гардонида шуд.
Суратгузориш аз рафти чорабиниҳои синамоӣ.