Филми «Сарчашма»-и коргардон Пайрав Шарифи, истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», дар Бишкек ҷоизаи тамошобинонро ба даст овард.

Филми «Сарчашма» таҳти коргардонии Пайрав Шарифи ва бо истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар XIII Фестивали байналмилалии кишварҳои ИДМ, кишварҳои Балтика ва Гурҷистон, ки аз 22 то 25 апрели соли 2025 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, сазовори ҷоизаи тамошобинон гардид.
Филм дар бораи арзишҳои оилавӣ ва нигоҳдории онҳо нақл мекунад: ба пирамард Ҳошим дар хоб ҳамсари вафоткардааш менамояд. Ӯ дарк мекунад, ки маргаш наздик аст ва қабл аз рафтан ба олами дигар кӯшиш мекунад, ки фарзандонашро муттаҳид намояд.
Нақши асосиро дар ин филм Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров офаридааст. Ҳамчунин Парвиз Пулодӣ, Усмон Қудратов, Нурулло Қараев, Ҷовидон Маҳмадов ва Зулфия Содиқова дар филм нақш офаридаанд.
Пайрав Шарифи — коргардони ҷавони тоҷик аст, ки таҳсилоти худро дар Институти кино ва телевизиони Санкт-Петербург дар ихтисоси «Коргардонии филм ва телевизиони бадеӣ» (устохонаи Сергей Овчаров) ба анҷом расонидааст.

Фильм «Саршашма» режиссёра Пайрава Шарифи получил приз зрительских симпатий в Бишкеке.

Фильм «Саршашма» режиссёра Пайрава Шарифи, производства Государственного учреждения «Тоҷикфилм», удостоился приза зрительских симпатий на XIII Международном кинофестивале стран СНГ, Балтии и Грузии, который проходил с 22 по 25 апреля в Бишкеке.
Картина рассказывает о семейных ценностях и их сохранении: во сне к старику Хашиму приходит покойная жена. Понимая, что его дни сочтены, он стремится воссоединить свою семью перед уходом в мир иной.
Главную роль исполнил народный артист Таджикистана Фируз Умаров. В фильме также снялись Парвиз Пулоди, Усмон Кудратов, Нурулло Караев, Джовидон Махмадов и Зульфия Садыкова.
Пайрав Шарифи — молодой таджикский режиссёр, окончивший Санкт-Петербургский институт кино и телевидения (мастерская Сергея Овчарова).