Ҷаласаи Шӯрои Ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ дар “Тоҷикфилм” баргузор гардид

16.04.2025 дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансури Дилрабо Сайдулло ҷаласаи навбатии Шӯрои Ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, масъулони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, аъзои Шӯрои бадеӣ ва мутахассисони соҳаи синамо ширкат варзиданд.
Пеш аз оғози ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, меҳмонон бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба наворбардории филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” шинос гардиданд.
Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки наворбардории филм дар семоҳаи дуюми соли 2025 оғоз шуда, дар давоми 120 рӯз дар қаламрави ҳарду кишвар анҷом дода мешавад.

Айни ҳол гурӯҳи эҷодӣ марҳалаи интихоб ба омода кардани маконҳои наворбардорӣ, ҷалби ҳунармандон, сохтани реквизитҳо ва декорҳо, таъмини маводи зарурӣ ва дӯхтани либосҳои қаҳрамонон машғуланд.
Ба иттилои масъулин, то имрӯз аз 6500 адад реквизити ба нақша гирифташуда, 1500 нусха китоб ва 2200 дона ашёи гуногуни саҳнавӣ (шамъдон, номаҳо, лавҳа, тоқчаҳо, миз, курсӣ, хурҷин, халта, гӯшвор, гарданбанд, тарозу, кӯзаҳо, қошуқ, пиёла, қандил ва ғ.) харидорӣ, ҷамъоварӣ ва сохта шудаанд.
Дар самти омода кардани либосҳо, аз 630 номгӯй 550 адад ҷома ва либосҳои таҳпӯш омода гардида, 300 адад тоқӣ низ дӯхта шудааст. Ҳамзамон, 300 ҷуфт пойафзол дар марҳилаи фармоиш қарор дорад.

Корҳо дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз моҳи декабри соли гузашта оғоз гардида, то охири моҳи апрел ду павилиони махсус бо номи “Наврӯз” ва “Ахтарони адаб” ба истифода дода мешаванд. Дар ин мавзеъҳо наворбардории Китобхонаи дарборӣ, Коргоҳи рассомӣ, Қасри Узун Ҳасан ва саҳнаҳои муоширати шоирон анҷом дода хоҳад шуд. Меҳмонон бо корҳои анҷомдодашуда ва навсозии ҳарду павилион аз наздик шинос шуда, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас ҷаласаи навбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ аз руйи се масъала:

⦁ Дар бораи раванди таҳия ва наворбардории филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” (гузориши директори Муассисаит давлатии “Тоҷикфилм”, котиби масъули Шуро- Маҳмадсаид Шоҳиён);

⦁ Баррасии раванди иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи филмофарӣ ва таҳияи силсилафилмҳои телевизионӣ; (гузориши муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

⦁ Пешниҳоди Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии
“Тоҷикфилм” оид ба баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилаилии Душанбе “Тоҷи Сомон” (гузориши директори Муассисаит давлатии “Тоҷикфилм”, котиби масъули Шуро- Маҳмадсаид Шоҳиён);
кори худро идома дод.

Иштирокдорони ҷаласа пас аз баррасии масъалаҳои рӯзнома доир ба рушду пешрафти соҳаи синамо фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Оид ба баргузории Синамољашнвораи дуюми байналмилаллии Душанбе “Тољи Сомон” таъкид гардид, ки ҳадафи асосии он муаррифии зебоиҳои табии кишвар ва ҷалби таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Яке аз хусусиятҳои фарқунанда ва муҳими ҷашнвораи дуюм — таъсиси ҷоизаи махсуси “Синамо бидуни сарҳад” мебошад. Ин ҷоиза барои саҳми муносиб дар рушду тавсеаи дӯстии халқҳо ва ҳамкориҳои кинематографистони давлатҳои аъзои ИДМ таъсис ёфта, паёми сулҳ, ваҳдат ва табодули фарҳангиро бо забони синамо ба ҷаҳониён мерасонад.

Ин иқдом на танҳо арзишҳои умумибашариро тарғиб мекунад, балки синаморо ҳамчун воситаи ҳамгироии фарҳангӣ ва равобити байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Дар поёни ҷаласа нақшаи кори Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ барои нимсолаи дуюми соли 2025 пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.