Нахустнамоиши филми ҳунарии “Хоби сурх”.

Рӯзи 16 май дар кинотеатри “Ватан” нахустнамоиши филми ҳунарии “Хоби сурх” — офаридаи коргардони ҷавон Соҳибёр Толиб баргузор гардид. Ин филм, ки бархӯрди ду идеологияи бузургро инъикос мекунад, дар миёни аҳли ҳунар, зиёиён, намояндагони Васоити ахбори омма ва ҳунармандони маъруфи кишвар ба намоиш гузошта шуда, ба гармӣ пазируфта шуд.
Мавзӯи умқи фикрӣ ва паёми ҳадафмандонаи филм ба тамошобинон равшан расонида шуд ва мавриди истиқболи аҳли толор қарор гирифт. Тавлиди чунин филм гувоҳи бедории фикрии ҷавонони муосир буда, саҳми онҳоро дар ҳифзи ваҳдат ва истиқлолияти кишвар бозгӯ мекунад.