ХАБАР ОИД БА НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ “ХОБИ СУРХ” – РӮЙДОДИ МУҲИМИ ФАРҲАНГӢ ДАР ДУШАНБЕ!

Рӯзҳои наздик дар кинотеатри “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми «Хоби сурх» баргузор мегардад.
Филмро муаллиф ва коргардон Соҳибёр Толиб бо гурӯҳи эҷодии ҳирфаӣ дар пойгоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” сохтааст.
Продюсери филм Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири филм Субҳон Идиев, филмбардор Шӯҳрат Қурбонов, рассомон Фидо Азизмамадов ва Эраҷшоҳ Искандаров, оҳангсоз Иқбол Завқибеков, коргардони садо Рустам Атахонов буда, Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигар ҳунармандони шинохта дар он нақш бозидаанд.
Достони филм зиндагии инсонеро тасвир мекунад, ки дар даврони Истиқлол бо андешаи сохтаи Шӯравӣ амал мекунад.
Филм бо саҳнаҳои таъсирбахш тамошобинро ба андеша водор менамояд.
Воқеан шумо як филми дорои ғояҳои амиқ ва замонвиро хоҳед дид!
Пазиро бошед!