“Ваҳдатнигор”: Намоиши асарҳои Заур Дахте дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид

Бо унвони “Ваҳдатнигор” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои аккос ва филмбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 200 акс, ки дар солҳои гуногуни ҳаёти эҷодии Заур Дахте аксбардорӣ гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Аксҳои ба намоиш гузошташуда, бозгӯкунандаи фарҳанг ва ҳунари мардуми тоҷик, зебоии табиати нотакрори кишвар ва инчунин, инъикоскунандаи дастовардҳои  ваҳдатофари миллати тоҷик мебошанд. Ин намоишгоҳ ба муносибати 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, бо ташаббуси пайвандон ва наздикони аккос дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ роҳандозӣ шудааст. Чорабинӣ таваҷҷуҳи доираи васеи дӯстдорони фарҳангу ҳунар, аҳли эҷод ва меҳмонони дохиливу хориҷиро ҷалб кард.

Заур Дахте (Заур Рустамович Дахте) яке аз маъруфтарин наворбардорони синамо ва аксбардорони тоҷик буд, ки дар рушди санъати синамои тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
  Ӯ 18 – уми августи соли 1936 дар Ҷумҳурии Доғистон таваллуд шуда, аз соли 1937 то соли 1951 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ кардааст.
Пас аз таҳсил дар шуъбаи наворбардории Донишкадаи давлатии умумииттифоқии  кинематографияи Москва (ВГИК), ба Тоҷикистон баргашта, соли 1959 фаъолияти касбии худро дар киностудияи «Тоҷикфилм» оғоз намудааст.
Заур Дахте муаллифи беш аз 600 филми мустанад ва 13 филми бадеӣ мебошад. Аз зумраи маъруфтарин филмҳои ӯ метавон инҳоро ном бурд:
«Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна» (1969),
«Рустам ва Суҳроб» (1972),
«Одам пӯсташро иваз мекунад» (1978).
Аз соли 2003 то ин ҷониб, ӯ ба фаъолияти аксбардорӣ рӯ оварда, намоишгоҳҳои аксҳои худро дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Олмон ва Фаронса баргузор намудааст.
Заур Дахте 15 – уми августи соли 2024, дар синни 87-солагӣ, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чанок даргузаш