Аз 18 то 21 июни соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург (ПМЭФ-2025) баргузор мегардад. Дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, низ ширкат варзида, дар баробари ҳамоиши асосӣ, як қатор мулоқот ва боздидҳоро анҷом дод.
Дар доираи барномаи корӣ вохӯрӣ бо роҳбарияти Институти кино ва телевизиони Санкт-Петербург баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши тайёр намудани мутахассисони ҷавон, барномаҳои мубодилаи таҷриба ва ташкил кардани мастер-классҳо дар соҳаи синамо ва телевизионро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи Русия барои рушди соҳаи кино дар Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.
Ҳамзамон, Махмадсаид Шоҳиён аз Студияи синамои муосири “ЛЕНФИЛМ” боздид ба амал овард, ки яке аз марказҳои маъруфи синамоии Санкт-Петербург ба шумор меравад. Ҳангоми шиносоӣ бо инфрасохтори студия ва муҳити эҷодӣ, масъалаҳои ҳамкории амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Як нуқтаи муҳим дар музокирот — филми муштараки “Пайроҳаи Хашм” мебошад, ки дар ҳамкорӣ миёни студияи “ЛЕНДОК” ва “Тоҷикфилм” соли 2024 оғоз гардида, айни замон дар марҳилаи ниҳоии пас аз истеҳсол қарор дорад.
Ҷонибҳо муҳокима карда, ба нақша гирифтанд, ки нахустнамоиши расмии филми “Пайроҳаи Хашм” дар моҳи октябри соли 2025 дар доираи дуюмин фестивали байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” баргузор гардад.