Қабули филмҳо барои II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” оғоз ёфт

Қабули филмҳо барои иштирок дар II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” расман оғоз гардид. Ба озмунҳои асосии ҷашнвора филмҳои ҳунарии пурра ва кӯтоҳ, ки дар солҳои 2023 то 2025 таҳия шудаанд, пазируфта мешаванд.
Барои иштирок дар ҷашнвора, филмҳо бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ахлоқии қабулшуда мутобиқ бошанд. Қабули филмҳое, ки дорои мазмуни таблиғии тамоку, маводи мухаддир, маводҳои порнографӣ ва дигар зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ мебошанд, манъ аст. Забони филмҳо набояд вожаҳои ғайримеъёрӣ дошта бошад.
Меъёрҳои давомнокии филмҳо чунинанд:
Филмҳои ҳунарии пурра – аз 60 дақиқа;
Филмҳои кӯтоҳ – то 52 дақиқа;
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди филмҳо то 15-уми сентябри соли 2025 буда, қабули филмҳо барои иштирок ройгон мебошад.

Ҷашнвора барои иштирокчиёни фаъол ва ғолибон ин навъ ҷоизаҳоро пешбинӣ намудааст:
Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ;
Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон”;
Ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор”;
Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”;
Ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”;
Ҷоизаи “Беҳтарин оҳангсоз”;
Ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳ”;
Ҷоизаи махсуси ҳакамон;
Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин;

Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе – “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография”;
Ҷоизаи “Синамо бидуни марз” – барои саҳм дар таҳкими дӯстии халқҳо ва ҳамкории синамогарони кишварҳои ИДМ.
Ҳамчунин, мукофотҳои махсус аз ҷониби шарикон ва сарпарастони ҷашнвора низ пешбинӣ шудаанд.
Маълумоти бештар ва пешниҳоди филмҳо тавассути сомонаҳои расмӣ дастрас аст: www.tojikfilm.tj, www.tojisomon.tj