II СИНАМОЧАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ — «ТОҶИ СОМОН» — РӮЙДОДИ АСОСИИ СИНАМОИ ҶАҲОНӢ ДАР ДУШАНБЕ АЗ 15 ТО 20–УМИ ОКТЯБРИ 2025
Аз 15 то 20-уми октябри соли 2025, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, дубора ба маркази ҷаҳонии синамо табдил меёбад. Дар ин рӯзҳо II Синамочашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад, ки зери ҳимояти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад.
Синамоҷашнвора ба Рӯзи синамои тоҷик, ки ҳамасола 16-уми октябр таҷлил мешавад, бахшида шуда, соли равон таҳти шиори «Таърихи рушду нумӯи тоҷикон» баргузор гардида, саҳнаи беҳамтое барои намоиши беҳтарин филмҳои ватанию хориҷӣ, мубодилаи таҷриба ва муколамаи фарҳангӣ хоҳад буд.
Ташкилкунанда ва дастгирии расмӣ
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ин чорабиниро ба зимма гирифтааст. Ба Синамоҷашнвора коргардонҳо, продюсерон ва аҳли соҳаи синамо аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва ИДМ даъват карда мешаванд.
Қабули дархостҳо аз моҳи июни соли 2025 оғоз ёфта ва то 15-уми сентябри соли 2025 идома меёбад. Дархостҳо тариқи сомонаи расмии Синамочашнвора – tojisomon.tj пешниҳод карда мешаванд. Дар сомона Низомномаи муфассали Синамочашнвора низ ҷой дода шудааст, ки тамоми шартҳо, қоидаҳои иштирок, барномаҳои озмунӣ ва ҷадвали чорабиниҳоро дар бар мегирад.
Барномаи озмунӣ
Синамочашнвора ду бахши асосии озмунӣ дорад:
Озмуни филмҳои бадеии пурраметраж;
Озмуни филмҳои бадеии кӯтоҳметраж.
Ҳамаи филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати байналмилалии ҳакамон, ки аз мутахассисони шинохтаи соҳаи синамо иборатмебошад, баҳогузорӣ мешаванд. Меъёру тафсири касбӣ сатҳи баланди озмун ва адолати арзёбиро таъмин менамояд.
Мавқеи хоса дар Синамочашнвора ба Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дода мешавад, ки ба шахсиятҳои барҷастаи синамо барои саҳми назаррас дар рушди ин соҳа супорида мешавад.
Барномаи асосии Синамочашнвора:
Рӯзҳои синамои кишварҳои хориҷӣ ва ИДМ;
Форумҳои синамо бо иштироки коршиносон ва синамогарони байналмилалӣ;
Ҷаласаҳои Шурои директорони студияҳои синамо;
Муаррифии лоиҳаҳои нав ва нахустнамоиши филмҳо;
Дарси Устод ва шогирд, мулоқот бо коргардонҳо ва ҳунармандони маъруф;
Нишастҳои матбуотӣ ва баҳсҳои касбӣ;
Маросими ботантанаи ҷамъбаст ва тақдими ҷоизаҳо.
Аҳамияти Синамочашнвора
Синамочашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» танҳо саҳна барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва таблиғи арзишҳои фарҳангии миллӣ набуда, балки омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо мебошад. Синамочашнвора дастовардҳои Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, табодул ва рушди таҷрибаи касбиро ба роҳ мемонад.
«Тоҷи Сомон» — як рӯйдоди муҳими фарҳангист, ки мутахассисони соҳаи синамо аз кишварҳои мухталифро муттаҳид месозад, фазои эҷодкорӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобиларо фароҳам оварда, саҳми назаррас дар рушди синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хоҳад гузашт.
Кумитаи тадорукоти
II Синамочашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон»