МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ “ТОҶИКФИЛМ” БО НАМОЯНДАГОНИ СТУДИЯИ КИНОИ “СПЕКТР” – И ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
29 июли соли 2025 директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ба ҳайати эҷодии лоиҳаи “Мубориза барои зиндагӣ”-и киностудияи“Спектр”-и Федератсияи Русия продюсер Алексей Митс, таҳиягарони кино Румӣ Шоазимовва Алексей Мячиков ва наворбардор Александр Соловёв мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҳарду ҷониб аз хусусияти омодагӣ ва интихоби манзараҳои табиат ва лаҳзаҳои алоҳидаи филми оянда дар шаҳри Душанбе ва гирду канори он, ки ба сифат ва пешрафти филми нав мусоидат мекунанд, ба мувофиқа омаданд.
Дар назар аст, ки ҳайати эҷодии лоиҳаи “Мубориза барои зиндагӣ” дар баробари омодагӣ ба наворбардории филм, инчунин бо кормандон ва ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, мутахассисони касбӣ, роҳбарони студияҳои маҳаллӣ ва ҳунарпешаҳои касбии тоҷик вохӯриву мулоқотҳо доир менамоянд. Филм дар Тоҷикистон наворбардорӣ хоҳад шуд.