1-уми август банаворгирии филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз меёбад
Ба наворгирии филми таърихии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯзи 1-уми август оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора имрӯз, 28-уми июл, дар нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, наворгирии филм рӯзи якуми август, соати 16:00 дар павилонҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” оғоз мешавад. Дар маросими оғози наворгирӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон, роҳбарияти “Узбекфилм” ва “Тоҷикфилм”, инчунин ҷамъи ҳунармандони ду кишвар иштирок хоҳанд кард.
Айни замон, 40 нафар ҳунарманд аз Узбакистон барои иштирок ва наворгирӣ дар филми мазкур дар кишвари мо қарор доранд. Наворбардорӣ дар павилонҳои “Тоҷикфилм”, инчунин дар маконҳои таърихии кишвар, аз ҷумла қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор, Хуҷанд ва дигар ҷойҳои таърихӣ анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи аввали наворгирӣ моҳи август ва сентябр дар Тоҷикистон, ва марҳилаи дувум – моҳи октябр ва ноябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Қарор аст, ки филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба муносибати ҷашни Наврӯз барои тамошобинони ҳарду кишвари дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – манзур гардад.
Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи филми мазкур дар соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.
Барои таҳияи тарҳи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду кишвар ҷалб шудаанд. Онҳо дар чанд мулоқот дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат варзида, нақшаи наворгириро баррасӣ карданд. Дар доираи омодагиҳо, аз маконҳои наворгирӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Эрон аксу наворҳо омода гардидаанд.