ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ II СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ «ТОҶИ СОМОН» ТАҲТИ ШИОРИ “ТАЪРИХИ РУШДИ ТОҶИКОН”

1-уми августи соли 2025 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ҷаласаи Кумитаи тадорукоти
II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.07.2024, №24406 (26.4) дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, аз 15-ум то 20-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи кинои тоҷик, II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.
“Тоҷи Сомон” номгузорӣ шудани Синамоҷашнвора омилу ҷанбаҳои худро дорад. Масалан,“Тоҷ”-тоҷдор, тоҷвар, соҳибтоҷу соҳибдавлат будани миллати куҳанбунёди тоҷикро ифода кунад, “Сомон”-номи сулолаи аввалин давлати миллии тоҷикон дар асрҳои IX-X ва империяи бузурги давлати Сомониён маънидод мегардад.
II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” ҳамчун рўйдоди байналмилалии синамоӣ барои манзури ҳаводорони синамо намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон, шаҳри гулҳо – Душанбе баргузор мегардад.
Дар доираи Синамољашнвора барномаҳои корӣ, аз ҷумла, ҷаласаи шурои директорони киностудияҳо, питчинг-рўнамоии лоиҳаҳои синамоӣ (филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад) Синамофоруми байналмилалӣ бахшида ба 60-солагии коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар мавзуи “Садои шарқ дар синамои ҷаҳон: Мероси Бахтиёр Худойназаров”, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои кинои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон, дарси “Устод ва шогирд” доир карда мешавад.
Доир ба натиҷагирӣ аз рафти омодагӣ ва баргузории чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, муовини раиси Кумитаи тадорукот Маҳмадсаид Шоҳиён маълумоти муфассал иброз карда, рафти омодагиҳоро ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ намуд.
Хотирнишон гардид, ки бо қарори ҳайати мушовара ва Шурои бадеӣ Низомнома ва Тартиби баргузории II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Мутобиқи Низомнома ва Тартиб дар II Синамољашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” филмҳои ҳунарии пурра, кӯтоҳи бадеӣ, ки дар давоми солҳои 2023-2025 офарида шудаанд, ширкат карда метавонанд.
Филмҳоро тибқи Тартиб Комиссияи интихоб барои II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” қабул ва пешниҳод менамояд.
Маъмурияти II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” барои ҳакамӣ ва муайян намудани беҳтарин филмҳо ҳакамони байналмилалии Синамоҷашнвора иборат аз ду гурўҳ: ҳакамии филмҳои ҳунарии пурра ва кӯтоҳ дар њайати муътабартарин филмсозон, мунақќидон, пажуҳишгарони фарҳанги синамоӣ ва намояндагони санъати синамо таъсис медиҳад. Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва филмҳои кӯтоҳ 3 нафар ҷалб карда мешаванд.
Хусусияти муҳимми II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” дар таъсиси ду ҷоизаи нав – “Синамо бидуни марз” ва ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мегардад. Ин ҷоизаҳо барои саҳми муносиб дар рушду тавсиаи дӯстӣ, ҳамкориҳои синамогарон, паёми сулҳ ва фарҳанги таҳаммупазирӣ таъсис ёфта, сиёсати муваффақи давлату Ҳукумати кишварро таҷассум менамоянд.
Ҳамзамон, бартарияти Синамоҷашнвораи навбатӣ аз чорабинии қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки теъдоди кишварҳои иштирокдор афзун гардидааст. Агар дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” намояндагони 16 давлати ҷаҳон ширкат карда бошанд, дар чорабинии навбати теъдоди онҳо ба 20 расонида шуд.
Инчунин, шумораи номинаҳо ва ҷоизаҳои II Синамоҷашвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” ба 12 адад расид, ки нисбат ба чорабинии қаблӣ се адад зиёд мебошад.
II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” дар ду сол як маротиба ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо баррасӣ гардида, доир ба тақвияти корҳои омодагию ташкилӣ қарори дахлдор қабул карда шуд.