1-уми августи соли 2025 наворбардории филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ ” расман шуруъ гардид.

5224565770279844217

Барои нақшофарӣ дар филми мазкур ҳунармандону ҳунарпешаҳои театру синамои тоҷик ҷалб гардида, тавассути озмун ҷиҳати иҷрои нақшҳои асосӣ ва лаҳзавӣ ҳунармандони касбӣ интихоб карда шуданд.
Баҳри офаридани нақши марказӣ, яъне нақши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ тариқи овоздиҳӣ номзадии ҳунарпешаи синамо Маҳмадсаид Шоҳиен арзанда дониста шуд.