1-УМИ АВГУСТ, ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН БО НОМИ «ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ» ОҒОЗ ЁФТ.
Дар расми ифтитоҳи наворбардорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Агентии «Узбекфилм» Шӯҳрат Ризоев, директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, ҳунармандон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳангоми шикастани табақчаи рамзӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Махмадсаид Шохиён ва Раиси Агентии кинематографияи Узбекистон Шӯҳрат Ризоев изҳор доштанд, ки то ба ин рӯз баҳсҳои эҷодӣ, вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои муфид миёни ҷонибҳо баргузор шуда, заминаи мусоиди ҳамкориро фароҳам оварданд. Онҳо афзуданд, ки ин филми муштарак ба таҳкими дӯстиву бародарии ду миллати наздик хизмат хоҳад кард.
Дар айни ҳол, 40 нафар ҳунарманди Узбекистон барои иштирок дар сабти филм дар Тоҷикистон қарор доранд. Наворбардорӣ дар павильонҳои студияи «Тоҷикфилм» ва ҳамчунин дар маконҳои таърихии кишвар — аз ҷумла, қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор, Хуҷанд ва дигар ёдгориҳои миллӣ — анҷом дода мешавад.
То имрӯз барои сабти филм 1500 нусха китоб ҷамъоварӣ ва омода шудааст. Ҳамчунин, 1650 адад ашёҳои гуногун — аз қабили шамъдонҳо, гарданбандҳо, тарозуҳо, кӯзаҳо ва дигар лавозимоти таърихӣ — таҳия шудаанд.
Барои қаҳрамонони филм 750 либос, 400 ҷома, 300 тоқӣ ва 350 ҷуфт пойафзол омода гардидааст.
Гуфта мешавад, ки марҳалаи аввали наворбардорӣ дар моҳҳои август ва сентябр дар Тоҷикистон ва марҳалаи дуюм — дар моҳҳои октябр ва ноябр дар Ӯзбекистон сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.
Барои таҳияи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду кишвар ҷалб гардидаанд. Онҳо дар якчанд мулоқот дар Тоҷикистону Узбекистон иштирок намуда, нақшаи сабти филмро баррасӣ карданд. Дар доираи омодагиҳо, аксу наворҳо аз маконҳои наворгирӣ дар Тоҷикистон, Узбекистон, Туркия ва Эрон омода карда шудаанд.