Ҷаласаи ҷашнӣ дар “Тоҷикфилм”
4-уми сентябри соли 2025 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров маҷлиси ҷашнӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, дастгоҳи идорӣ, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва дигар ашхоси масъул ширкат намуданд.
Нахуст, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳозиринро ба фарорасии Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, доир ба аҳамияти ин ҷашни бузурги миллию сиёсӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофу эътибор пайдо карда, дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробарро пайдо намуд ва ташаббусҳои роҳбари дурандешамон дар ҳамаи сатҳҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд.
Боиси сарфарозист, ки тамоми аҳли ҷомеа ба қадри ин неъмати азизтарину бебаҳои ҳаёт расида, ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро вазифа ва қарзи шаҳрвандии худ медонанд.
Қайд гардид, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат зумрае аз кормандони соҳаҳои гуногун барои хизматҳои шоёну шоистаашон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар ин росто, саркоргардони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Шоазимов Рустам бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд, ки ин мукофотро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба соҳибунвон тақдим намуд.
Иштирокдорони ҷаласаи ҷашнӣ доир ба дастоварду комёбиҳои 34-соли соҳибихтиёрии кишвар ва дар оянда ҳифзу пойдории он изҳори назар карданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” низ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони ифтихории “Арбоби ҳунари Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид.
“Қадрдонӣ бо мукофотҳои давлатӣ мояи ифтихор буда, моро водор месозад, ки минбаъд баҳри рушду пешрафти соҳаи синамо бо дарки масъулияти баланд саҳми босазое гузорем.” – иброз намуданд соҳибунвонҳо.
Бад-ин хотир, аз номи аҳли эҷоду техникии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” соҳибунвонҳоро бо мукофотҳои давлатӣ таҳният гуфта, барояшон дар оянда фатҳи қуллаҳои баланди эҷодиро таманно менамоем.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бошад!
Маъмурияти “Тоҷикфилм”