МУАРРИФИИ ФИЛМИ “ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ”.
26 март, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон, сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев — дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и аҳли ҳунари Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ муаррифии филми бадеӣ-таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор гардид.
Филм ба зиндагӣ ва мероси эҷодии мутафаккирон ва шоирони барҷастаи Шарқ — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ — бахшида шуда, умумияти арзишҳои маънавӣ, наздикии фарҳангии садсолаҳо ва дӯстии таърихии халқҳои тоҷик ва узбекро инъикос менамояд.
Қобили зикр аст, ки намоиши нахустини нусхаи пурраи филм дар арафаи 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор хоҳад гардид.