Previous
Next

28-уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Сатториён Матлубахон Амонзода маҷлиси ғайринавбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, баргузор гардид. Дар маҷлис аъзои Шӯро ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд. Рӯзномаи маҷлис: 1. Муҳокимаи лоиҳаи филмномаи филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»; 2. Масъалаҳои ҷорӣ. Доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис Насриддинзода Эмомалӣ-ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид-раиси Кумитаи телевизион ва радио, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, котиби масъули Шуро Маҳмадсаид Шоҳиён, Суфизода Шодимуҳаммад -директори китобхонаи ба номи Индира Гандии АМИТ, Бадриддин Мақсудов -профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Низом Қосим –раиси Иттифоқи нависандагон, Сафар Ҳақдодов – раиси Иттифоқи синамогарон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода (ба таври маҷозӣ) ва дигар иштирорчиён изҳори ақида намуданд. Таъкид карда шуд, ки яке аз вазифаҳои масъулиятноку мубрами Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба ҳисоб меравад. Хотирнишон гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2022 оид ба масъалаи таҳия ва наворбардории филм дар сатҳи баланди касбӣ, ҷалби ҳунармандону мутахассиосни соҳибтаҷриба ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории филм ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки 3-юми январи соли 2023 дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода доир ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид. Бо мақсади тезонидани раванди корҳо дар робита ба наворбардории филми муштараки таърихӣ, дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз ҳисоби мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуд. Ситоди мазкур тамоми раванди омодагиро таҳти назорат қарор дода, ҷаласаҳои худро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият ба таври доимӣ баргузор намуд. Дар ин давра, гурӯҳҳои эҷодии ҳар ду ҷониб интихоби маконҳои наворбардорӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва вилояти Хоразми Ҷумҳурии Узбекистон ва ҳамзамон, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бохтар, Ҳисор, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Балҷувон, Данғара, Шаҳритус, Қубодиён, инчунин, кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филмро баргузор намуданд. Аз 6-ум то 13-уми сентябри соли 2023 сафари гурӯҳҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барои интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Туркия анҷом ёфта, сафари гурӯҳҳои эҷодӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои интихоби маконҳои наворбардорӣ дар назар дошта шудааст. Мутобиқи протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022, №11 филмномаи адабӣ дар ҳаҷми 94 саҳифа, филмномаи коргардонӣ дар ду қисм дар ҳаҷми 120 саҳифа ва лоиҳаи харҷномаи филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар ҳаҷми 10 саҳифа барои баррасӣ ва мувофиқа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. Баъдан, олимону коршиносони соҳа доир ба филмнома фикру назари хешро иброз дошта, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия ва наворбардорӣ шудани филм, филмнома бояд такмил ва муколамаҳо содаву равон, бенуқс ва таҳрири ҷиддӣ карда шаванд. Забони филмнома, бахусус муколамаю гуфтугӯйҳои қаҳрамонҳои асосӣ – Ҷомӣ ва Навоӣ ҳатман оммафаҳму бо мазмуни баланд бошанд, ки ҳамчун ҳокимони барҷастаи каломи бадеъ, мартабаи равшанфикрию мутафаккирӣ ва аҳли илм, адабу фарҳанг барои тамошобин ҳувайдо гардад. Хондани ашъор аз ҷониби нақшофарон, бахусус аз забони Ҷомӣ ва Навоӣ бидуни ҳар гуна нуқс ва бо риояи вазни арӯз амалӣ карда шавад. Важаҳои нодурусти дар забони имрӯзаи гуфтугӯйӣ роиҷ бояд истифода нашаванд. Ҳамзамон, қайд кардид, ки таърих, фарҳанг, забон ва анъанаи неки ду миллати ба ҳам дӯст дар сатҳи зарурӣ рӯйи пардаи синамо ҷилвагар гардад, то алоқамандони синамо аз он бархӯрдор шаванд. Масъалаи рӯзномаи маҷлиси ғайринавбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, мавриди музокираи иштирокчиён қарор дода шуд. Дар хотимаи маҷлис, доир ба рафъи мушкилоти соҳа ва амалисозии ташаббуси роҳбарияти олии ҳар ду кишвар ба масъулин дастури мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, оид ба мавзуи матраҳнамудаи маҷлис қарори дахлдор қабул гардид. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 филмҳои ҳунарии, пурра, кутоҳ, филмҳои мустанад ва тасвириро таҳия ва наворбардорқ намуд. Наворбардории филми ҳунарии «Зиндагқ зебост» бо коргардонии Далер Раҳматов ба итмом расида, танзим ва бандубасти филм идома дорад. «Зиндаги зебост» филми ҳунарии эҳсосотию шавқовар буда, доир ба достони наврасе бо номи Бахтиёр, ки орзуи сарҷамъ кардани оилаи худро дорад, нақл мекунад. Бахтиёр дар хоб баҳреро мебинад, ки он ҷо ӯ бо волидони хушбахт ва хоҳарчааш қаиқсаворқ мекунанд. Новобаста аз мавҷудияти мушкилиҳои ҷиддии ҳаётқ, ки оилаашон мувоҷеҳ шудааст, Бахтиёр масъулияти ҳалли масъалаҳо ва фош сохтани гунаҳкорони бадбахтиҳои ба сарашон омадаро ба дӯш мегирад. Ҳамин ки гиреҳҳои қисса кушода мегарданд, тамошобинон шоҳиди далерӣ, устуворӣ ва адолату имони мустаҳками наврас мешаванд. Муаллиф ва коргардони таҳиягар Далер Раҳматов, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, танзимгар Ҳусейн Азизов, продюсер Маҳмадсаид Шоҳиён ва директори филм Хоҷаев Исматулло мебошанд. Давраи наворбардории филми ҳунарии «Ҳадди орзуҳо» бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов шурӯъ гардида, саҳнаҳои филм дар ҳудуди шаҳри Бустони вилояти Суғд, шаҳри Душанбе рӯйи навор оварда хоҳанд шуд. Ҳамзамон, давраи омодагқ барои таҳияи филми ҳунарии «Девона» бо коргардонии Соҳибёр Толибов оғоз гардидааст. Муҳтавои мухтасари филм аз он иборат аст, ки Азиз падари бузургсолашро аз бемористони бемориҳои равонӣ ба манзилаш меорад, то дар муҳити оила парасторӣ кунад. Новобаста ба норизоии аҳли хонавода пофишории Азиз дар парастории падари бемор боис ба ҳодисаи фоҷиабор дар оила мегардад. Мӯйсафед дар ҷавонӣ тарҷумони артиши шӯравӣ дар Афғонистон буда, достони девонагии ӯ пас аз марги ҳамсараш оғоз меёбад. Парастории волидайн мавзуи меҳварии достони филми "Девона" аст. Муаллиф ва коргардон Соҳибёр Толиб, наворбардор Шӯҳрат Қурбонов, директори филм Идиев Субҳон мебошанд. Нақши шахсияти аслиро Исфандиёр Ғуломзода мебозад. Ҳамчунин, дар соли 2023 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филмҳои ҳунарии кутоҳи “Модар” коргардон Нигина Раҷабова, “Захм” коргардон Ватандор Шеров, филмҳои мустанади «Тоҷикон –пайравони ҳақиқат» коргардон Рустам Шоазимов, «Роғун-кохи нур» коргардон Соро Музофиршоева, “Бешаи Палангон” коргардон Пиров Нуриддин, “Қалъаи Хуҷанд” коргардон Давлатзода Ардашер, “Тоҷи Сомон” коргардон Муҳаммадраби Исмоилов, “Гумроҳон” коргардон Ватандор Шеров, “Чилдухтарон” коргардон Соҳибназаров Таварали рӯйи навор овардааст.

8-уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Сатториён Матлубахон Амонзода маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, баргузор гардид. Дар маҷлис аъзои Шӯро ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд. Рӯзномаи маҷлис: 1. Дар бораи иҷрои супоришҳои протоколии маҷлисҳои Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ 2. Оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи кино 3. Баррасии ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022, №580 “Дар бораи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 4. Муаррифӣ ва муҳокимаи лоиҳаи филмномаи Бахтиёр Каримов “Моҳӣ дар шаст” 5. Масъалаҳои ҷорӣ. Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, котиби масъули Шуро Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва коргардон Муҳиддини Музаффар гузоришҳои муфассал пешниҳод намуданд. Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 бори аввал дар шаҳри Душанбе Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор гардид. Дар чорабинии байналмилалии синамоӣ намояндагони 25 кишвари Осиё, Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳам омада, табодули таҷриба намуданд. Боиси ифтихор аст, ки ҳакамони байналмилалӣ “Шоҳҷоиза”-и Синамоҷашнвораро ба филми ҳунарии “Роҳ” коргардон Носир Саидов ва ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кутоҳ”-ро ба филми ҳунарии кутоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умедшо Мирзоширинов сазовор донистанд ва ин шаҳодати дар марҳилаи рушд қарор доштани кинои тоҷик арзёбӣ мегардад. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки соҳа сол аз сол рӯ ба рушд ниҳода, пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди дастгирӣ қарор дода шуда, дар ин замина, Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул гардидааст. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи синамо, барои рушду тақвияти соҳа кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Хотирнишон карда шуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар солҳои 2022-2023 қаноатбахш арзёбӣ гардида, филмҳои гуногун рӯйи навор омадаанд, аз ҷумла, таҳияи филмҳои мустанад:  “Наврӯзи деҳот” аз ҷониби раёсати муассиа дар ВМКБ омода гардида, тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд.  “Хатлонфилм”-и раёсати муассиса дар вилояти Хатлон филмҳои мустанади “Хоҷа Машҳад”, “Бешаи палангон”, “Қалъаи Лағмон” ва “Тахти сангин”-ро пурра омода намуд.  “Шикасти фитна” найрангу дасисаҳо ва ҷинояту хиёнати хоинону душманони миллати тоҷикро ифшо намуда, тариқи тамоми шабакаҳои телевизион намоиш дода шуд.  “Бузи пармашох” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода шуд.  “Се рӯзи як баҳор” дӯстию рафоқати миёни халқу миллатҳои кишварҳои ИДМ, аз қабили халқҳои тоҷик, ӯзбек, беларусро тараннум менамояд. Филмҳои ҳунарии пурра: Наворбардории филми ҳунарии “Ҳақиқат” бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ ва филми ҳунарии “Се хоҳаракон…” бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил ба итмом расида, филмҳо барои намоиш омода мебошанд. Филмҳои тасвирӣ  Филми тасвирии “Достони гандум” пурра омода карда шуд, ки доир ба зироати гандум ва коркарди он ба таври тасвирӣ ҳикоят мекунад.  Таҳия ва сохтани қисмҳои аз 21-ум то 35-уми филми тасвирии “Алифбо”, ки ба ҳар як ҳарфи забони тоҷикӣ бахшида шудааст, омода карда шуд. Дар соли 2023 филмҳои ҳунарии пурраи «Зиндагӣ зебост» коргардон Далер Раҳматов, «Ҳадди орзуҳо» коргардон Умедшо Мирзоширинов, «Девона» коргардон Соҳибёр Толибов, “Ҷанг бадбахтӣ меорад” коргардон Осим Орифпур, филмҳои ҳунарии кутоҳи “Модар” коргардон Нигина Раҷабова, “Захм” коргардон Ватандор Шеров, “Сарчашма” коргардон Пайрав Шарифӣ, филмҳои мустанади «Тоҷикон –пайравони ҳақиқат» коргардон Рустам Шоазимов, «Роғун-кохи нур» коргардон Соро Музофиршоева, “Бешаи Палангон” коргардон Пиров Нуриддин, “Қалъаи Хуҷанд” коргардон Давлатзода Ардашер, “Тоҷи Сомон” коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, “Гумроҳон” коргардон Ватандор Шеров, “Чилдухтарон” коргардон Соҳибназаров Таваралӣ рӯйи навор омадаанд. Ҳамзамон, филмҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок ва рақобат намуда, сазовори ҷоизаю мукофотҳо гардидаанд:  Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё миёни 50 филм аз кишварҳои олам, ки аз 19-ум то 25-уми майи соли 2022 дар Лондон баргузор гардид, иштирок намуда сазовори ҷоизаи интихоби тамошобинон гардид. Инчунин, филми ҳунарии “Бачаи обӣ” дар синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ИДМ-и шаҳри Москва «Московская премьера» ширкат намуда, миёни даҳҳо филм аз кишварҳои олам, ду ҷоизаро ба даст овард.Ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба нақшофари навраси филм Меъроҷиддини Сафар созовор дониста шуд. Ҳамзамон, филми ҳунарии “Бачаи обӣ” дар ҳафтумин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Зоғи тиллоӣ”-и Чукоткаи Федератсияи Россия аз миёни 20 филм соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” гардид.  Филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд” коргардон Мумин Латифӣ дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат намуда, сазовори диплому ҷоизаҳо дониста шуд. Аз ҷумла, дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона”-ро ба даст овард.  Филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов дар синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон ва синамоҷашнвораи байналмилалии “Адабиёт ва кино”-и шаҳри Санкт- Петербург ширкат намуда, бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” ва дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” сазовор гардид.  Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст дар синамоҷашнвораи кишварҳои СҲШ дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон бо ҷоизаи “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки арзиши воқеии дӯстиро ба тамошобин манзур намудааст” сазоврр ва дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Федератсияи Россия бо ду ҷоизаи “Таваҷуҳи тамошобин” ва “Беҳтарин ансамбли ҳунарпешаҳо”, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии “Дарвозаи ғарб”-и шаҳри Пскови Федератсияи Россия бо “Ҷоизаи махсуси ҳакамон”, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии шаҳри Санкт-Петербург бо ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон бо ҷоизаи “Беҳтарин филмнома”, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Оренбург бо ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” бо ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”қадрдонӣ гардид.  Филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” коргардон Муҳммадрабӣ Исмоилов дар Синамоҷашнвораи филмҳои донишҷӯён дар шаҳри Ню-Йорки Амрико бо ҷоизаи “Ёддошти ифтихорӣ”-ро соҳиб гашт.  Филми ҳунари кӯтоҳи “Моҳича” коргардон Темури Султон дар Синамоҷашнвораи филмҳои донишҷӯён дар шаҳри Ню-Йорки Амрико иштирок намуд.  Филми ҳунарии “Роҳ” коргардон Носир Саидов дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” бо “Шоҳҷоиза” қадрдонӣ карда шуд. Филмномаи “Моҳӣ дар шаст” аз ҷониби коргардон Муҳиддини Музаффар ба тариқи аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ ва рӯнамоӣ гардида, изҳор карда шуд, ки амалисозии лоиҳаи мазкур барои ҷалби тамошобин ва алоқамандони синамо ба тамошои филмҳои ватанӣ мусоидат намуда, ба талаботи тамошобини имрӯза созгор мебошад. Ҳамаи масоили рӯзномаи маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, мавриди музокира ва баҳси иштирокчиён қарор дода шуданд. Дар хотимаи маҷлис, доир ба рафъи мушкилоти соҳа ва иҷрои супоришҳои протоколии маҷлисҳои Шуро ба вазорату идораҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, оид ба мавзуъҳои матраҳнамудаи маҷлис қарор қабул ва нақшаи кори Шӯро барои соли 2024 тасдиқ гардид. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 бори аввал дар шаҳри Душанбе Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор гардид. Дар чорабинии байналмилалии синамоӣ намояндагони 25 кишвари Осиё, Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳам омада, табодули таҷриба намуданд. Синамоҷашнвора бо баргузории бисёр чорабиниҳои барои таърихи соҳибистиқлолии кишвар арзанда ва ҳам барои синамогарони ҷаҳон аҳаммияти муҳимдошта хотирмону мондагор гардид. Ҳакамони байналмилалии Синамоҷашнвора дар ҳайати муътабартарин филмсозон, муннақидон, пажуҳишгарони фарҳангу синамо ва намояндагони санъати синамои ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуданд. Як самти муҳимми Синамоҷашнвора ба барномаҳои таълимӣ ва вохӯриҳои эҷодӣ барои синамогарони ҷавон равона гардида, ходимони маъруфтарини синамо аз 25 кишвари дунё барои алоқамандони санъати синамо зиёда аз 30 дарси “Устод ва шогирд”-ро доир намуданд. Кинотеатрҳои давлатию хусусии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои кишвар барои сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон зиёда аз 70 намоиши озоди филмҳоро барпо намуданд. Ба алоқамандони синамо маҳсули эҷоди солҳои охири синамои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, филмҳои ғолиби синамоҷашнвораҳои ҷаҳонӣ манзур карда шуданд. Меҳмонони синамоҷашнвора бо ҳамроҳии ходимони синамои Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан карда, бо мавзеъҳои наворбардорӣ ва ҷойҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар доираи Синамоҷашнвора форуми байналмилалӣ бахшида ба 120- солагии коргардони маъруфи тоҷик Комил Ёрматов, намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри ман – хонаи ман», Рӯзҳои кинои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон, дарси “Устод ва шогирд” ва ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо доир карда шуданд. Ҳамзамон, дар раванди чорабинӣ доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки синамоӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи синамо миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Созмони умури синамоӣ ва маводҳои аудиовизуалии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон; Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи филми муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ҶДММ “Довфилм”, телевизиони “ifilm”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкати “Амкарт”-и Федератсияи Россия; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Ҷамъияти саҳомии “Роскино”; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Муассисаи давлатии буҷавии фарҳангии Ҷумҳурии Тотористон “Татаркино”; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо киностудияи “Озарбойҷонфилм” ба номи Ҷафар Ҷабборлӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Маркази синамои миллии Молдова ба тасвиб расиданд. Рушду шукуфоии Тоҷикистон, махсусан, шаҳри гулҳо – Душанбе, таҷдиди павилионҳо барои филмбардорӣ, омода гардидани кинотеатрҳои нави бо технологияи муосири кинонамоишдиҳӣ муҷаҳҳаз, азнавсозии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ки бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат ва Шумо амалӣ шудаанд, боиси руҳбаландии иштирокдорони Синамоҷашнвора гардид. Боиси ифтихор аст, ки ҳакамони байналмилалӣ “Шоҳҷоиза”-и Синамоҷашнвораро ба филми ҳунарии “Роҳ” коргардон Носир Саидов ва ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кутоҳ”-ро ба филми ҳунарии кутоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умедшо Мирзоширинов сазовор донистанд ва ин шаҳодати дар марҷилаи рушд қарор доштани кинои тоҷик арзёбӣ мегардад. Ба ин хотир, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои саҳми муносибу арзанда дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидат ва дастгирӣ дар баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» бо камоли эҳтирому самимият ба роҳбарият ва кормандони вазорату идрораҳо, ширкату корхонаҳои миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Аҳмадзода, директори шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” Самандар Искандарзода, директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” Набӣ Набизода, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Саидов Носир Озодович, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Амирзода Дилафрӯз Субҳон директори ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “Мир” дар Тоҷикистон Исмоилова Вера, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло Файзулло, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Юсуф Акрам, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори генералии ҶСК «НБО Роғун» Хайрулло Сафарзода, директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Хол Карим Иброҳим, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумахон, директори генералии ҶСП “Индиго Тоҷикистон” Озодхон Давлатшоев, раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинов, директори генерали "Яккасарой гуруҳ" Турсунов Амирҷон Шокирҷонович, директори генерали ҶДММ "Авесто гуруҳ" Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, директори корхонаи обҳои ташнашикани «Сиёма» Маҷидов Толибҷон Абдуллоевич, ҶДММ “Камолот Тиҷорат” Ширкати «Сиёма молл», Ширкати «Asian Express», директори генерали Фабрикаи каннодии «Ширин» Давлатов Кобилҷон, директори ҶДММ “Кохи Наврӯз” Давлатов Исмоил Ҳасанович, Ширкати «Душанбе молл» кинотеатри «Кайҳон», ҶДММ “DEKO TOOLS TAJIKISTAN” изҳори сипосу миннатдорӣ менамояд. Итминон дорем, ки минбаъд ҳамкориҳои судманди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо вазорату идораҳо, корхонаю ширкатҳои миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо боз ҳам таҳкиму тақвият меёбанд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” бо мақсади тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои судманд бо синамогарони хориҷӣ зиёда аз 5 Тафоҳумнома ба тасвиб расид. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи синамо миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Созмони умури синамоӣ ва маводҳои аудиовизуалии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон. Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи филми муштарак байни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ҶДММ “Довфилм”, Телвизиони “ifilm”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширктаи “Амкарт”-и Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Ҷамъияти саҳҳомии “Роскино”. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Муассисаи давлатии буҷавии фарҳангии Ҷумҳурии Тотористон “Татаркино”. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо киностудияи “Озарбойҷонфилм” ба номи Ҷафар Ҷабборлӣ. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Маркази синамои миллии Молдова. Таҳия ва ба имзо расидани қарордодҳои мазкур ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии синамогарони тоҷик, татбиқи лоиҳаҳои синамоии муштарак, баргузории рӯзҳои кино, иштирок дар чорабиниҳои синамоӣ, табодули таҷриба, такмили ихтисос ва дастгирии ҷавонони эҷодкори соҳа мусоидат менамояд.

15-уми сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ расман ба фаъолият шурӯъ намуда, аввалин шунавандагон ба таълим фаро гирифта шуданд. Дар маросими ифтитоҳи ин даргоҳи илму маърифат директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён аввалин шунавандагон, масъулини мактаб ва тамоми синамогарони кишварро муборакбод гуфта, доир ба фаъолияту зиндагиномаи Муҳаббат Сатторӣ, вазъи соҳаи синамои ватанӣ, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки корномаю фаъолияти самаровар ва номи неки бонуи ҳунар Муҳаббат Сатторӣ ҷовидонаю хотирааш пос дошта шуда, барои синамогарони ҷавон мояи ифтихор хоҳад буд. Дар идома, киношинос Тилло Некқадамов ба фаъолият оғоз намудани Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатториро ба ҳозирин табрику таҳният гуфта, аз касби пуршараф будани синамогарӣ ёдовар шуда, шунавандагонро барои аз худ кардани нозукиҳои касби филмбардорӣ талқин намуд. Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати таълиму тадрис ба Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ мутахассисони касбии кинои дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, дарсҳо ҳамарӯза доир карда мешаванд. Ҳадафи таъсиси мактаби синамогарӣ дар назди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз ҳама, тарбияи кадрҳои қобилиятноку лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо мебошад. Ба шунавандагон муддати се моҳ дарсҳои назариявӣ омӯзонида шуда, дар се моҳи дигар зимни дарсҳои амалӣ таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии кутоҳ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон, дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” бо иштироки синамогарон, коргардонҳо ва мутахассиони касбии хориҷӣ барои шунавандагони Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ ҷиҳати аз худ кардани нозукиҳои касби филмбардорӣ дарсҳои “Устод ва шогирд” баргузор мегардад. Дар анҷоми таҳсил ба хатмкунандагон сертификати хатми курси Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ дода мешавад.

12-уми сентябри соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори Маркази фарҳангии ба номи Свами Вивеканандаи назди Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Динеш Бҳардваҷ мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию синамоӣ, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, иштироки синамогарони маъруф дар чорабиниҳои синамоӣ, намоиши филмҳо мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ, ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии Тоҷикистону Ҳиндустон ва намоиши филмҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Бо дарназардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати интихоби филмҳо барои озмунҳои Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Комиссияи интихоби филмҳоро дар ҳайати киношиносону мутахассисони соҳа таъсис додааст. Ба ҳайати Комиссияи интихоби филмҳо Маҳмадсаид Шоҳиён-директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Ғайбуллозода Толиб-муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Суфизода Шодимуҳаммад-директори китобхонаи ба номи Индра Гандии АМИТ, Заур Дахте-наворбардор, Тилло Некқадамов-киношинос, Зоҳир Сафиуллоҳ-киношинос, Маҳмадулло Табарӣ-санъатшинос, Абдурофеъ Рбизода-филмноманавис, Назар Назаров-сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» шомил шудаанд. Интихоби филмҳо аз 22-юми августи соли 2023 шурӯъ гардида, то ба имрӯз зиёда аз 25 филм аз кишварҳои Эрон, Беларус, Маҷористон, Узбекистон, Покистон, Туркманистон, Қазоқистон, Россия, Арманистон, Ҳиндустон ва Чин мавриди баррасӣ ва тамошо қарор гирифта, филмҳои мувофиқ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» тавсия дода шуданд. Хотирнишон бояд кард, ки дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» филмҳо дар ду озмун-озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ иштирок ва рақобат хоҳанд кард. Қабули филмҳо аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Иттиҳоди давлатҳои мутсақил идома дорад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Муҳаббат Сатторӣ (Сатторова Муҳаббат Манноновна) дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз бонувони серғайрат ва пуртаҷрибаи соҳаи кинои тоҷик махсуб меёфт. Солиёни зиёде дар соҳаҳои театр, телевизион ва кинои тоҷик фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзандае гузоштааст. Пас аз хатми донишкада дар саҳнаҳои театр ҳунарнамоӣ карда, дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, театр-студияи «Нимҷазира» ва театри драмавӣ ва академии ба номи А. Лоҳутӣ ифои вазифа намудааст. Дар соҳаи телевизион бо таҳияи барномаҳои «Театр ва тамошобин», «Нозукиҳои ҳунар» ва филмхои телевизионии «Фарёди дил», «Гулпараки зарринбол», киноконсертҳои «Савти фалак», «Хислати фалак» ва «Орзуҳои нилобӣ» мақоми хосае дошт. То вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар соҳаи кинои тоҷик фаъолият карда, филмҳои ҳунарии «Пайванди шикаста», «Падруду пайғом», «Афсонаи хоб», «Зарандуд», «Як ҷаҳон аз ману ту», «Маро бубахш», «Рақси зиндагӣ» ва бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик филми мустанади «90-соли кинои тоҷик»-ро пешкаши тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ намудааст. Хизматҳои ин бонуи ҳунар бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии кинематографияи тоҷик», «Аълочии фарҳанг» ва «Аълочии телевизион ва радио» ва мукофотҳои давлатии «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва пос доштани хотираи коргардон, корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии кинематография, фарҳанг ва телевизиони тоҷик Муҳаббат Сатторӣ мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз»-ро ба номи Муҳаббат Сатторӣ номгузорӣ кард. Ин иқдом боис бар он мегардад, ки корномаю фаъолияти самаровар ва номи неки ин бонуи ҳунар ҷовидонаю хотирааш пос дошта шуда, барои синамогарони ҷавон мояи ифтихор бошад. Хотирнишон бояд кард, ки Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” довталабонро ба курси панҷмоҳаи мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз”, аз 15-уми сентябри соли 2023 даъват менамояд. Ҳадафи таъсиси мактаби синамогарӣ дар назди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз ҳама, тарбияи кадрҳои қобилиятноку лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо мебошад. Талабот барои дохил шудан: майлу рағбат ба соҳаи синамо, донистани забонҳои тоҷикию русӣ, донистани забони англисӣ афзалиятнок аст, шакли электронии корҳои эҷодии қаблан офарида/портфолио. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз 15-ум то 31-уми августи соли 2023 мебошад. Ҷиҳати қабул ба мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад: -Пурсишномаи хонапуркардашуда (аз сомонаи www.tojikfilm.t j гирифтан мумкин аст); -Нусхаи шиноснома; -Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олӣ ва замима ба он (агар бошад); -Маълумотнома аз донишгоҳ/донишкада (дар сурати маълумоти олии нопурра доштан); -Сурати довталаб (андозаи шиноснома 3х4); -Намунаи иншои адабии довталаб (қисса, филмнома дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа) дар шакли PDF. Ҳуҷҷатҳоро тавасути почтаи электронии navomuz@mail.ru ирсол намудан мумкин аст. Хатмкунандагон бо сертификати хатми курси Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” таъмин карда мешаванд. Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25. Телефон барои маълумот: +992000028763 Шахси масъул: Рахима Гаибова Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Филми мустанади “Тоҷикон-пайравони ҳақиқат”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ки доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми миллати тоҷик дар рушду пешрафти фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ бо коргардонии Рустам Шоазимов таҳия ва наворбардорӣ шудааст, дар Синамоҷашнвораи IV байналмилалии филмҳои нави ҳунарию мустанади Россия ва кишварҳои хориҷи наздик (LENDOC FILM FESTIVAL (LEFF)) барои иштирок ва рақобат дар озмуни филмҳои мустанад пазируфта шуд. Синамоҷашнвораи IV байналмилалии филмҳои нави ҳунарию мустанади Россия ва кишварҳои хориҷи наздик (LENDOC FILM FESTIVAL (LEFF)) аз 25-ум то 29-уми авгу3сти соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир мегардад. Филм бо арқому далелҳои қатъӣ саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро аз азал то ба имрўз мунсифона рўйи сафҳаи синамо мунаққаш сохтааст. Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода гардида, муаррифгари таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар ақсои олам маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дар озмуни филмҳои ҳунарии Синамоҷашнвораи IV байналмилалии филмҳои нави ҳунарию мустанади Россия ва кишварҳои хориҷи наздик (LENDOC FILM FESTIVAL (LEFF)) филми ҳунарии “Дов” коргардон Муҳиддин Музаффар иштирок ва рақобат хоҳад кард.

Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба фаъолият шурӯъ мекунад. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” довталабонро ба курси панҷмоҳаи мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз”, аз 15-уми сентябри соли 2023 даъват менамояд. Ҳадафи таъсиси мактаби синамогарӣ дар назди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз ҳама, тарбияи кадрҳои қобилиятноку лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо мебошад. Талабот барои дохил шудан: майлу рағбат ба соҳаи синамо, донистани забонҳои тоҷикию русӣ, донистани забони англисӣ афзалиятнок аст, шакли электронии корҳои эҷодии қаблан офарида/портфолио. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз 15-ум то 31-уми августи соли 2023 мебошад. Ҷиҳати қабул ба мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад:  -Пурсишномаи хонапуркардашуда (аз сомонаи www.tojikfilm.tj гирифтан мумкин аст);  -Нусхаи шиноснома;  -Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олӣ ва замима ба он (агар бошад);  -Маълумотнома аз донишгоҳ/донишкада (дар сурати маълумоти олии нопурра доштан);  -Сурати довталаб (андозаи шиноснома 3х4);  -Намунаи иншои адабии довталаб (қисса, филмнома дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа) дар шакли PDF. Ҳуҷҷатҳоро тавасути почтаи электронии navomuz@mail.ru ирсол намудан мумкин аст. Хатмкунандагон бо сертификати хатми курси Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” таъмин карда мешаванд. Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25. Телефон барои маълумот: +992000028763 Шахси масъул: Рахима Гаибова Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҷиҳати ҳамкориҳои синамоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳилаи нав оғоз гардид. Таҳия ва наворбардории филми муштараки бадеию таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” як барномаи ниҳоят бузург аст, ки аз синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон масъулият ва касбияти баландро тақозо мекунад. Дар ин миён чандин вохӯриҳои судманди роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, киноконсерни “Ӯзбекфилм” бо ҷалби олимону таърихшиносони ҳар ду ҷониб доир гардида, масъалаҳои омода намудани филмномаи коргардонӣ, интихоби ҳунармандон, интихоби маконҳои наворбардорӣ, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо ин мақсад, гурӯҳи кории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳаммуаллифи филмнома Сафар Ҳақдод, коргардони таҳиягар Файзулло Файз, рассоми таҳиягар Тоҳир Назар ва коргардони дуюм Манзаралӣ Шералӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари корӣ фиристода шуданд. Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Тошканд барои пурра омода намудани филмномаи коргардонӣ ва интихоби маконҳои наворбардорӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хоразм идома меёбад.

Имрӯз (03.08.2023) тибқи Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки доираи васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори омма доир ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар оғози нишаст, директори Муассиаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорони васоити ахбори мамлакат доир ба натиҷаҳои фаъолияти Муассиса дар нимсолаи аввали соли 2023 маълумоти муфассал пешниҳод намуда таъқид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ филмҳои ҳунарии «Ҳақиқат» (коргардон Манзаралӣ Шералӣ), «Се хоҳарон» (коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил), «Ҷанг бадбахтӣ меорад» (Ориф Осимпур), филмҳои кўтоҳи «Захм» (коргардон Ватандор Шеров), «Сарчашма» (коргардон Пайрав Шарифов), филми тасвирии «Алифбо» (коргардон Фирдавс Насруллозода) дар 15 қисм, филмҳои мустанади «Тоҷикон» (коргардон Рустам Шоазимов), «Гумроҳон» (коргардон Ватандор Шеров), «Теппаи Қурғон», «Чилучорчашма» омода гардида, таҳияи филми мустанади «Роғун-кохи нур» коргардон (Соро Музофиршоева) идома дорад. Дар соли равон истеҳсоли филмҳои ҳунарии «Ҳадди орзуҳо» (коргардон Умед Мирзоширинов), «Зиндагӣ зебост» (коргардон Далер Раҳматов) ва филми ҳунарии кўтоҳи «Модар» (коргардон Нигина Раҷабова) оғоз гардидааст. Ҳамзамон, наворбардории филми муштараки таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар назар дошта шудааст. Дар идома Роҳбарияти муассиса ба саволҳои сершумори хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас доданд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

14-уми июли соли 2023 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор гардид. Таъкид гардид, ки бо мақсади дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон, шаҳри гулҳо – Душанбе, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», бо дастгирӣ ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» барои мутахассисони соҳаи кинои байналмиалалӣ арсаи муҳим арзёбӣ гардида, синамогарони маъруфи кишварҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар он иштирок менамоянд. Дар ин робита тартиби баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” омода гардида, кумитаи тадорукот таъсис ва тасдиқ карда шудааст. Дар идомаи маҷлис нишон, рамз ва “Шоҳҷоиза”-и Синамоҷашнвора рӯнамоӣ карда шуда, қайд гардид, ки нишон бо нақшҳои миллӣ оро ёфта, дар дохили рамз тоҷ ва атрофи он бо ҳуруфоти англисӣ “Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе”, “Таърихи рушди тоҷикон” навишта шудааст. “Шоҳҷоиза” дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд дар хориҷи кишвар омода карда хоҳад шуд. Ҳамзамон, бо рамз ва нишон туҳфаҳои хотиравӣ барои меҳмонони Синамоҷашнвора, аз қабилӣ қалам, дафтарҳо, бейҷикҳо, майка ва кулоҳҳо барои волонтёрон ва ҳайати хизматрсонӣ омода карда мешаванд. Дар доираи Синамоҷашнвора барномаҳои корӣ, аз ҷумла, ҷаласаи шурои директорони киностудияҳо, питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ (филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад) мизи мудаввар бо иштироки намояндагони маъруфи синамогарии кишварҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ, намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе, дарси “Устод ва шогирд” пешбинӣ шудааст. Хотирнишон менамоем, ки дар робита ба баргузории Синамоҷашнвора бо дастури Роҳбари Датсгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06.2023, №21084 (26.4) Кумитаи тадорукот аз ҳисоби вазорат уидораҳои дахлдор, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол шудааст. Зимни маҷлис нақшаи чорабиниҳо мавриди баррасию муҳокима қарор гирифта, барои дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ ва пуршукӯҳ баргузор шудани чорабинии байналмилалии синамоӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд. Мавриди зикр каст, ки мутобиқи накшаи сорабиниҳо маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, дар он Роҳрави сурх, барномаи мусиқии миллӣ дар даромадгоҳ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳои рассомону аксбардорон аз манзараҳои зебои шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотетрҳои “Наврӯз”, “Ватан”, “Зебуннисо” ба роҳ монда шуда, меҳмонони Синамоҷашнвора аз мавзеҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Ваҳдат, Хуҷанд, Бохтар ва макони сайёҳии “Искандакӯл” (мувофиқи нақша) боздид менамоянд. Рӯзи 19-уми октябр дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими анҷоми Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” дар фазои тантанавӣ, бо супоридани ҷоизаҳо барои филмофарон ва барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом мепазирад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

– Мехоҳам суҳбатро аз имтиҳони қабул дар Донишкада, дар назди шахсияти бузурги олами ҳунар, мусиқии касбӣ, Артисти халқии СССР оғоз бахшед. Овоз, суруд хонданатон сабаб гардид, ки баҳои аъло бигиред. Чӣ эҳсосе дар Шумо пайдо мешуд, агар ин имтиҳонгирандаро мешинохтед? – Омӯзиш дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба сайқал ёфтани маҳорати Шумо то куҷо таъсир гузоштааст? Пурсиш ба ин хотир мебошад, ки дар адабиёт, ки як навъ санъат ба шумор меравад, ин ҳақиқатро бебаҳс мепазиранд: «Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст». – Иҷрои нақши Восеъ дар филми «Ашк ва шамшер» ҳунари худододи шуморо аён сохт. Дар кушодани ин образ то куҷо коргардон саҳм дораду то куҷо худи Шумо? – Бисёре аз тамошогарон пиндоштанд, ки офаридани нақши Восеъ қуллаи баландтарини эҷодатон аст, аммо нақши офаридаатон дар филми «Кӯҳистонӣ» синамои миллиро як зина боло бурд. Бо дидани Абдушукур – падарандари Меҳрубон дар филми «Дар орзуи падар» дарёфтанд, ки чунин набудааст. Дар ҳақиқат, саҳми Шумо дар офаридани образу характерҳои миллӣ махсус қобили зикр аст. Воқеан, синамои мо бояд миллӣ бошад, фарқ бикунад, мисли синамои гурҷиҳо. Барои пешрафту муаррифиии синамоямон дар ин хусус чӣ бояд кард ва ё карда истодаем? – Сарварӣ ба ҳунар, ривоҷи он ва сайқали маҳорат таъсири бад дорад ё нек? – Ин ҳақиқат бар ҳама маълум аст, ки Шумо дар ҳар куҷое, ки сарварӣ кардаед, дар пешрафту тараққиёташ саҳми бузург гирифтаед. Ба хотир биёрем телевизиони «Сафина», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имрӯз «Тоҷикфилм» – ро. Соҳаи кино бо омадани Шумо то ҷое рушд кард, пеш рафт. Ин ҳама неру, ташаббускорӣ аз куҷост? – Ба назар мерасад, ки имрӯз коргардонҳои тоҷик барои фестивалҳои байналмилалӣ филм меофаранд, яъне тамошогари тоҷик аз дидани он дар аксар маврид маҳрум мемонад. Магар ин бар зарари коргардон, «Тоҷикфилм» ва фаъолияти худи кинотеатрҳо нест? – Пурсиши маъмулӣ ва ҳамешагӣ: Чӣ таманноҳо ба рӯзнома, аҳли эҷоду хонандагони он доред? P.S: Фишурдаи суҳбат дар шумораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба табъ мерасад ва ба зудӣ тавассути ютуб – канали https://www.youtube.com/channel/UCMs8GWIk4uOK21trPC1QqUQ ин нашрия намоиш дода мешавад. 05.07.2023 соат 16:20, шаҳри Душанбе

14-уми июли соли 2023 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса ва дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар нимсолаи аввали соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса дар нимсолаи аввали соли 2023 як қатор чорабиниҳоро дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ баргузор намуд. • 14-уми феврали соли 2023 дар толори мактаби синамонигорони ҷавон маротибаи дуюм Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо, филмноманвисон ва дигар алоқамандони синамо дар сатҳи зарурӣ доир гардида, аз 18 лоиҳаҳои пешниҳодшуда, 7-тои онҳо рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуданд. • 3-юми марти соли 2023 дар толори мактаби синамонигорони ҷавони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҷаласаи Шурои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба муҳокима ва баррасии филмномаи филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон:Ҷомӣ ва Навоӣ баргузор гардид. • 14-уми марти соли 2023 продюсери силсилафилми ҳунарии “Комитет”, ки доир ба фаъолияту корнамоии кормандони амният қисса карда, аз ҷониби ҶДММ “ТРИИКС МЕДИА”-и Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” наворбардорӣ мешавад, Колдаков Александр ба Тоҷикистон ташриф оварда, мавриди пазироии роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” қарор гирифт. • 26-уми майи соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Сатториён Матлубахон Амонзода маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, баргузор гардид. Зимни маҷлис лоиҳаи филмномаи Далер Раҳматов “Падару модарам, хоҳарчаам ва Анталия” муаррифӣ ва рӯнамоӣ карда шуд. • Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустию варзишӣ ва бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таълимиву тармиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҳти унвони «Тоҷикистони ягона-Бадахшон нигини он» аз 14.06.2023, №26/4-207 аз 15-ум то 23-юми июни соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои сокинон ва алоқамандони синамо намоиш дода шуданд. Намоиши филмҳо аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфта, дар шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид. Дар доираи чорабинӣ филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба монанди филмҳои ҳунарии «Дов» коргардон Муҳиддини Музаффар, «Охирин сайди сайёд» коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил, «Автобус» коргардон Абдулҳай Зокиров, «Рақси зиндагӣ» коргардон Муҳаббат Сатторӣ, «Роҳ» коргардон Носир Саидов ва филмҳои мустанади «Марди роҳ» коргардон Носир Саидов ва «Ваҳдати миллӣ» коргардон Абдулҳай Зокиров тавассути Қасрҳои фарҳанг манзури сокинони Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон гардонида шуданд. • 19-уми июни соли 2023 вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид. Дар мулоқот доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу синамо, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, дарсҳои «Устоду шогирд», тарҷума ва дубляжи касбии филмҳо ибрози ақида карда шуд. • 20-уми июни соли 2023 мулоқоти директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо муассиси ҶДММ «Сарез сармоя» Ли Мингуян ва ёвари ӯ Ву Шуланро доир карда шуд. Таъкид гардид, ки тавсеаи робитаю ҳамкориҳои студияҳои филмистеҳсолкунӣ, филмбардории муштарак, баргузори чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ ба рушди минбаъдаи соҳаи фарҳангу синамо заминаи мусоид фароҳам оварда, барои ҳар ду ҷониб манфиатовар хоҳад буд. • 21-уми июни соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо муовини Котиби кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, Президенти Академияи телевизион ва радиои Авруосиё Рузин Валерий Давидович вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ доир ба тавсеаи робитаю ҳамкориҳои мутақобилан судманд, баргузории чорабиниҳои синамоӣ, дарси «Устод ва шогирд», филмбардории муштарак, тарбия ва омода кардани кадрҳои соҳа изҳори андеша карда шуд. • 22-юми июни соли 2023 питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров баргузор карда шуд. Дар доираи питчинг 4 адад лоиҳаи синамоӣ муаррифӣ ва рӯнамоӣ гардида, 3-тояш барои филмбардорӣ тавсия дода шуд. • Шумораи навбатии маҷаллаи “Кино” бо се забон нашр шуда, дастраси алоқамандони синамо гардид, ки муаррифгари синамои миллист. Фаъолияти эҷодию истеҳсоли муассиса дар нимсолаи аввали соли 2023: Филмҳои мустанад • “Студияи “Хатлонфилм”-и раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон филмҳои мустанади “Теппаи таърихии Қурғон” ва “Чилучорчашма”-ро таҳия ва омода намуд. • Таҳия ва наворбардории филми мустанади “Тоҷикон” бо коргардонии Рустам Шоазимов ва филми мустанади “Роғун –Кохи нур” бо коргардонии Соро Музофиршоева идома дорад. Филмҳои ҳунарии кӯтоҳ • Филми ҳунарии кӯтоҳи “Сарчашма” бо коргардонии Пайрав Шарифов пурра омода гардид. • филми ҳунарии кӯтоҳи “Захм” бо коргардонии Ватандор Шеров комилан омода шуд. Филмҳои тасвирӣ • Таҳия ва сохтани қисмҳои аз 21-ум то 35-уми филми тасвирии “Алифбо” пурра омода карда шуд. Филмҳои ҳунарии пурра: • Наворбардорӣ ва танзиму бандубасти филми ҳунарии “Ҳақиқат” бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ анҷом ёфта, корҳои рангпардозӣ, садогузорию мусиқиофарӣ барои филм идома дорад. • Филми ҳунарии “Се хоҳарон…” бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил омода карда шуд. • Студияи “Суғдфилм”-и раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” филми ҳунарии “Ҷанг бадбахтӣ меорад”-ро бо коргардонии Осим Орифпур таҳия ва наворбардорӣ намуда, танзиму бандубасти филм пурра ба итмом расида, корҳои рангпардозӣ ва садогузории филм идома дорад. • Давраи омодагӣ барои филмҳои ҳунарии “Падару модарам, хоҳарчаам ва Анталия” бо коргардонии Далер Раҳматов, “Девона” бо коргардонии Соҳибёр Толибов ва филми ҳунарии кӯтоҳи “Модар” бо коргардонии Нигина Раҷабова шурӯъ гардида, наворбардории филмҳо дар нимсолаи дуюми соли 2023 дар назар аст. Ҳамкориҳои байналмилалӣ Филмҳои муштарак: • Дар ҳамкорӣ бо синамонигорони ӯзбек таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. • Бо мақсади амалисозии Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди “Киностудияи миллии “Беларусфилм” коркард ва таҳияи филми ҳунарии “Норак”. • Ба хотири тақвияти ҳамкориҳо бо “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” таҳия ва омода кардани филми тасвирии “Бабри барфӣ” ва филми ҳунарии “Сукут дар кӯҳҳо”. • Дар асоси Тафоҳумнома аз 30.12.2022 Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ширкати синамоии “Корнома”-и Аморати муттаҳидаи Араб таҳия ва наворбардории филми ҳунарии “Робита”-ро дар шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб амалӣ менамояд. Иштироки филмҳо дар синамоҷашнвораҳо • Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст дар синамоҷашнвораи кишварҳои СҲШ дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон бо ҷоизаи “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки арзиши воқеии дӯстиро ба тамошобин манзур намудааст”, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Федератсияи Россия бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” ва дар Синамоҷашнвораи байналмилалии “Дарвозаи ғарб”-и шаҳри Пскови Федератсияи Россия бо “Ҷоизаи махсуси ҳакамон” қадрдонӣ гардид. • Филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” дар Синамоҷашнвораи филмҳои донишҷӯён дар шаҳри Ню-Йорки Амрико бо ҷоизаи “Ёддошти ифтихорӣ” сарфароз гардид. • Филми ҳунарии кӯтоҳи “Моҳича” дар Синамоҷашнвораи филмҳои донишҷӯён дар шаҳри Ню-Йорки Амрико иштирок намуд. Иқдомҳо Бо мақсади тақвияти корҳои эҷодию истеҳсолӣ дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”дар заминаи воҳидҳои кории холӣ бо ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ шуъбаи филмноманависон таъсис дода шуда, сохтор ва низомномаи он таҳия ва тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2023 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Китоби филмноманависи тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) “Филмномаҳои Шераки Ориён”, ки дар ду ҷилд рӯйи чоп омадааст, ҷоизаи ба номи Садриддин Айниро сазовор гардид. Мавриди ёдоварист, ки як ҷилди китоби мазкур бо дастгирии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён нашр гардида, дар таърихи синамои миллӣ ин нахустин маҷмуаи филмномаҳои тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, 30 филмномаро дар бар мегирад, ки барои филмбардорони ҷавон, алоқамандони синамо ва хоҳишмандон ҳамчун дастурамали омӯзишӣ арзёбӣ мегардад. Сазовор гардидан ба ҷоиза барои муаллиф ва алоқамандони синамои миллӣ муборак бошад! Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии «Кино», ки нашрияи расмии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маҳсуб меёбад, дар матбааи «Орбита» бо сифати баланд рӯйи чоп омад. Маҷаллаи «Кино» рӯйдоду воқеаҳои марбут ба филмбардорӣ ва соҳаи кинои ватанию ҷаҳониро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ манзури алоқамандони синамо намуда, хонандаро ба олами санъати синамо ворид месозад. Доир ба рӯзгору осори ходимони санъату фарҳанг, ҳунарпешаҳо, коргардонҳои маъруфу ҷавон, филмҳои муосир, чорабиниҳои синамоӣ, тақвияти ҳамкориҳои судманди муштарак, ёдоварӣ аз собиқадорони соҳа, гиромидошти хотираи гузаштагон матолиби ҷолибе дар шумораи навбатии маҷаллаи «Кино» гирдоварӣ шудааст, ки барои хонанда ва ҳаводорони синамо манбаи омӯзишу ошноӣ арзёбӣ мегардад. Шумораи навбатии маҷаллаи «Кино»-ро аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дастрас кардан мумкин аст. Маълумоти бештарро тавассути телефони 221-71-50 ва ё сомонаи www.tojikfilm.tj гирифта метавонед.

21-уми июни соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо муовини Котиби кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, Президенти Академияи телевизион ва радиои Авруосиё Рузин Валерий Давидович вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ доир ба тавсеаи робитаю ҳамкориҳои мутақобилан судманд, баргузории чорабиниҳои синамоӣ, дарси «Устод ва шогирд», филмбардории муштарак, тарбия ва омода кардани кадрҳои соҳа изҳори андеша карда шуд. Меҳмонон аз пазироии самимӣ ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани Ассамблеяи халқҳои Авруосиё дар Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ ва миннатдорӣ намуданд.

Дар ҳошияи вохӯрии директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон аз хоҳишмандон ва алоқамандони синамо даъват ба амал оварда шуд, ки агар хоҳиши синамогари ҳирфаӣ ва соҳиби ихтисоси баланди филмбардорӣ шуданро дошта бошанд, дар филиали Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияи Москва дар шаҳри Тошкнад мутахассисони соҳаи синамо аз рӯйи ихтисосҳои филмноманавис, коргардони синамо, наворбардори синамо, драматург, ҳунарпеша ва продюсер ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дониши кофӣ дар бораи раванди филмбардории муосир, донистани давраҳои асосии рушди кинои ҷаҳонӣ ва бо мисоли аёнӣ таҳлили маводҳои филм дар пардаи синамо талаботи дохилшавӣ маҳсуб меёбанд. Довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, муроҷиат намоянд. Маълумоти бештарро тавассути сомонаи www.tojikfilm.tj бо истифода аз истиноди зайл гирифтан мумкин аст.

20-уми июни соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён муассиси ҶДММ «Сарез сармоя» Ли Мингуян ва ёвари ӯ Ву Шуланро ба ҳузур пазируфт. Таъкид гардид, ки тавсеаи робитаю ҳамкориҳои студияҳои филмистеҳсолкунӣ, филмбардории муштарак, баргузори чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ ба рушди минбаъдаи соҳаи фарҳангу синамо заминаи мусоид фароҳам оварда, барои ҳар ду ҷониб манфиатовар хоҳад буд. Муассиси ҶДММ «Сарез сармоя» изҳор дошт, ки бо мақсади таҳкими дӯстию рафоқат ва муаррифию ошноӣ ба таъриху фарҳанги халқҳои тоҷику чин таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ бо иштироки ходимони санъату фарҳанги ҳар ду ҷониб ба мақсад мувофиқ мебошад. Наворбардории филмҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ минбаъд ба таҳкими пояҳои устувори робитаҳои дӯстию ҳамҷаворӣ мусоидат хоҳад намуд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

19-уми июни соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу синамо, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, дарсҳои «Устоду шогирд», тарҷума ва дубляжи касбии филмҳо ибрози ақида карда шуд. Изҳори хоҳиш карда шуд, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ ва ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии тоҷику турк ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустию варзишӣ ва бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таълимиву тармиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҳти унвони «Тоҷикистони ягона-Бадахшон нигини он» аз 14.06.2023, №26/4-207 аз 15-ум то 23-юми июни соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои сокинон ва алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд. Намоиши филмҳо аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, дар шаҳри Хоруғ ҷамъбаст карда мешавад. Дар доираи чорабинӣ филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба монанди филмҳои ҳунарии «Дов» коргардон Муҳиддини Музаффар, «Охирин сайди сайёд» коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил, «Автобус» коргардон Абдулҳай Зокиров, «Рақси зиндагӣ» коргардон Муҳаббат Сатторӣ, «Роҳ» коргардон Носир Саидов ва филмҳои мустанади «Марди роҳ» коргардон Носир Саидов ва «Ваҳдати миллӣ» коргардон Абдулҳай Зокиров тавассути Қасрҳои фарҳанг манзури сокинони Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон гардонида мешаванд. Аллакай, намоиши филмҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ба роҳ монда шуд ва алоқамандони синамо аз филмҳои миллӣ бархурдор гардиданд. Дар идома, дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ намоиши филмҳо доир карда мешаванд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

9-уми июни соли 2023 бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ ва баррасию муҳокимаи дигар масъалаҳои марбут ба филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” гурӯҳи эҷодии филм таҳти роҳбарии директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ин сафар директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистонро муаллифи филмнома Рустам Ҷабборов ва коргардони Дилмурод Масаидов ҳамроҳӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ масоили марбут ба таҳия ва наворбардории филмро дар асоси нақшаи чорабиниҳо аз 27.02.203 мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин замина, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдухолиқов Фирдавс Фридунович дидору мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои муштарак ва равобиту муносиботи ҳасанаи синамогарони тоҷику узбек мавриди муҳокимаю баррасӣ гирифта, ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо дар оянда изҳори андеша карда шуд. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки гурӯҳҳои эҷодии ҳар ду ҷониб ва дигар мутахассисони соҳа филмномаи коргардонӣ тариқи аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ ва пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки то ин замон аз ҳар ду ҷониб кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ, интихоби маконҳои наворбардорӣ, коркард ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ амалӣ карда шуд. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи ангоравии либосҳо, пешниҳоди реквизитҳо, омода намудани нақшаи тақвими таҳиявӣ ва харҷномаи филм идома дошта, дар асоси Нақшаи чорабиниҳо дар муҳлати муқаррраршуда манзур карда хоҳанд шуд. Хотирнишон менамоем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ филми ҳунарӣ рӯйи навор оварда мешавад. Ғояи асосии филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад. Сафари гурӯҳи эҷодии филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” то 12-уми июни соли равон идома меёбад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми миллати тоҷик дар рушду пешрафти фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади “Тоҷикон”-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузорию оҳансозии филм идома дорад. Филм бо арқому далелҳо саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро рӯйи сафҳаи синамо мунаққаш месозад. Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯйи кор омада, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба оламиён саҳми бориз хоҳад дошт. “Тоҷикон”-ро дар пардаи синамо интизор бошед!!! Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” филми тасвирии “Алифбо”-ро омода намуд. Силсилафилми тасвирии “Алифбо” иборат аз 35 қисм, ки ба ҳар як ҳарфи алифбои забони тоҷикӣ бахшида шудааст, ҷиҳати омӯзиш ва азхудкунии забони давлатӣ барои кӯдакону наврасони дохилию хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Силсилафилми тасвирии “Алифбо” муаллифи филмнома Умеда Раҳимова, коргардон Насруллозода Фирдавс, рассоми Сангмамад Ошуров, аниматорон Амирхуҷа Юсупов, Шаҳром Толибзода, танзимгар Ҳусейн Азизов мебошад. Филм дар шакли тасвирӣ ва бо мисолҳои аёнӣ омӯхтани ҳарфҳои забони тоҷикиро ба кӯдакону наврасон ва хоҳишмандон осону муносиб гардонидааст. Филм барои намоиш ва тамошо ба муассисаҳои томактабӣ, кӯдакистону боғчаҳои бачагона, хоҳишмандон ва шабакаҳои телевизион тавсия дода мешавад. Филми тасвирии “Алифбо”-ро аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дастрас кардан мумкин аст. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

31-уми майи соли 2023 дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии “Се хоҳарон…”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ки бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи навор омадааст, баргузор гардид. Дар нахустнамоиш алоқамандони синамо, мутахассисони соҳа ва гурӯҳи эҷодии филм иштирок ва аз тамошои филми нав лаззат бурданд. Қисмати се хоҳари аз модар маҳруммонда, ба хонаи кӯдакон афтодани хоҳарони дугоник, рӯзгори пурпечутоби падар, ҳамқисмати модар гардидани хоҳари калонӣ, фарзандхон гардидани дугоникҳо ва оқибат дарёфтани оилаи аслӣ муҳтавои асосии филм мебошад. Саҳнаҳои риққатовару эҳсосотии филм боиси боз ҳам ҷолибу диданибоб шудани он гардида, ба рӯҳияи тамошобин созгор арзёбӣ мегардад. Ҳунарпешаҳои касбӣ ва нақшофарони ҳаваскор аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш ба хубӣ баромадаанд ва хусусан, нақшофарии дӯстрӯякони дугоник хеле табиӣ ва ҷолиб ҳувайдо гардидааст. Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷиҳати тарғибу баланд гардидани арзишҳои олии ахлоқию инсонӣ ба маврид мебошад. Филм барои доираи васеи алоқамандони синамо, махсусан, наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Муаллифони филмнома Заринаи Акрамдухт, Давлатмурод Каримов, коргардони таҳиягар Муҳаммадрабии Исмоил, наворбардори таҳиягар Наврӯз Саидов, рассоми таҳиягар Лутфулло Неъматов, оҳангсоз Далер Султонов, танзимгар Алиҷон Ҷалилов, коргардони овоз Амриддин Ибодов, коргардони дубляж Хуршед Нуров, продюсер Маҳмадсаид Шоҳиён, директори филм Суҳроб Юсупов маҳсуб меёбанд, ки дар таҳия ва наворбардории илми ҳунарии “Се хоҳарон…”, саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳунарпешаҳо Дилбар Умарова, Лутфулло Давлатов, Саодат Азизова, Баҳром Обидов, Мавлона Наҷмиддинова, Зарринаи Хушбахт, Некқадам Шоназаров ва нақшофарони ҳаваскору ҷавон Аниса Маҳмадалиева, Муниса Маҳмадалиева, Фотима Маҳмадалиева, Зуҳро Маҳмадалиева ва дигарон дар филм нақшҳо офаридаанд. Намоиши филм рӯзҳои наздик дар кинотолорҳо ба роҳ монда мешавад. Филми навро дар пардаи синамо мунтазир бошед!

26-уми майи соли 2023   дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ  Сатториён Матлубахон Амонзода  маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, баргузор гардид. Дар маҷлис аъзои  Шӯро ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд. Рӯзномаи маҷлис: Дар бораи фаъолияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар соли 2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 Оид ба омодагӣ ба ташкил ва баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон Муаррифӣ ва муҳокимаи лоиҳаи филмномаи “Ҳунарманд”-и  Далер Раҳматов Аз рӯйи  масъалаҳои рӯзномаи маҷлис    директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, котиби масъули Шуро Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Ғайбуллозода Толиб ва коргардон Далер Раҳматов   гузоришҳои муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдорро  ҷиҳати   рушду инкишофи соҳаи синамои миллӣ амалӣ намуда, барои таъмини пояҳои устувори кинои тоҷик кушиш ба харҷ медиҳад. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки соҳа сол аз сол рӯ ба рушд ниҳода, пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди дастгирӣ қарор дода шуда, дар ин замина, Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул гардидааст. Хотирнишон карда шуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар соли 2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 қаноатбахш арзёбӣ гардида, филмҳои гуногун рӯйи навор омадаанд, аз ҷумла, Филмҳои мустанад: “Наврӯзи деҳот” аз ҷониби раёсати  муассиа  дар ВМКБ   омода гардида, тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд. “Хатлонфилм”-и раёсати муассиса дар вилояти Хатлон филмҳои мустанади “Хоҷа Машҳад”, “Бешаи палангон”, “Қалъаи Лағмон”  ва “Тахти сангин”-ро   пурра омода намуд. “Шикасти фитна” найрангу дасисаҳо ва ҷинояту хиёнати хоинону душманони миллати тоҷикро ифшо намуда, тариқи тамоми шабакаҳои телевизион намоиш дода шуд. “Бузи пармашох” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   пурра омода шуд. “Се рӯзи як баҳор” дӯстию рафоқати миёни халқу миллатҳои кишварҳои ИДМ, аз қабили  халқҳои тоҷик, ӯзбек, беларусро     тараннум менамояд. Таҳияи филми мустанади “Тоҷикон” доир ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз гардида, таҳияи филм давом дорад. Наворбардории филми мустанади “Роғун-кохи бузурги нур” дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022, №11 доир ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо коргардонии Соро Музофиршоева  шурӯъ шуда, раванди филмбардорӣ идома дорад. Филмҳои тасвирӣ: Филми тасвирии “Достони гандум” пурра омода карда шуд, ки доир ба зироати гандум ва коркарди он ба таври тасвирӣ ҳикоят мекунад. Таҳия ва сохтани қисмҳои аз 21-ум то 35-уми  филми тасвирии “Алифбо” ба итмом расид. Филмҳои ҳунарии пурра: Наворбардории филми ҳунарии “Ҳақиқат” бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ анҷом ёфта, оҳангсозию садогузории филм идома дорад. Филми ҳунарии “Се хоҳарон…” бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил омода гардида,  мавриди намоиши санҷишӣ қарор дода шуд. Филмҳои ҳунарии кӯтоҳ: Филми ҳунарии кӯтоҳи “Сарчашма” бо коргардонии Пайрав Шарифов пурра омода гардида, намоиши санҷишии филм барои ҳайати мушовара ва Шурои бадеии Муассиса доир карда шуд. Филми ҳунарии кӯтоҳи “Захм” бо коргардонии Ватандор Шеров тибқи протоколи Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ пурра омода карда шуд. Таҳия ва наворбардории филми ҳунарии кӯтоҳи “Ба Ватан баргард” аз ҷониби студияи “Суғдффилм”-и Раёсати муассиса дар вилояти Суғд идома дорад. Ҳамзамон, филмҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок ва рақобат намуда, сазовори ҷоизаю мукофотҳо гардидаанд: Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё   миёни 50 филм аз  кишварҳои олам, ки аз  19-ум то 25-уми майи соли 2022  дар Лондон баргузор гардид,  иштирок намуда сазовори ҷоизаи интихоби тамошобинон гардид. Инчунин, филми ҳунарии “Бачаи обӣ” дар синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ИДМ-и шаҳри Москва «Московская премьера»  ширкат намуда, миёни даҳҳо филм аз  кишварҳои олам, ду ҷоизаро ба даст овард.Ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба нақшофари навраси филм Меъроҷиддини Сафар созовор дониста шуд. Ҳамзамон, филми ҳунарии “Бачаи обӣ” дар ҳафтумин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Зоғи тиллоӣ”-и Чукоткаи Федератсияи Россия аз миёни 20 филм соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” гардид. Филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд” коргардон Мумин Латифӣ дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат намуда, сазовори диплому ҷоизаҳо дониста шуд. Аз ҷумла, дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона”-ро ба даст овард. Филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов дар синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон ва синамоҷашнвораи байналмилалии “Адабиёт ва кино”-и шаҳри Санкт-петербург ширкат намуда, сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунаии кӯтоҳ” гардид. Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишварҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” ва дар синамоҷашнвораи кишварҳои СҲШ дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон бо ҷоизаи “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки арзиши воқеии дӯстиро ба тамошобин манзур намудааст” қадрдонӣ гардид. Доир ба иқдомоти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”  таъкид гардид, ки бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2023, №14888 (26)  дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027,   аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон”  баргузор мегардад. Чорабинии мазкур ҷиҳати табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, муаррифии    маконҳои сайёҳӣ ва урфу одатҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи  фарҳангу  тамаддуни  тоҷикон, шаҳри   гулҳо – Душанбе   мусоидат   менамояд. Филмномаи “Ҳунарманд” аз ҷониби коргардон Далер Раҳматов  ба тариқи аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ ва рӯнамоӣ  гардида, изҳор карда шуд, ки амалисозии лоиҳаи мазкур барои ҷалби тамошобин  ва алоқамандони синамо ба тамошои филмҳои ватанӣ мусоидат намуда,   ба талаботи тамошобини имрӯза созгор мебошад. Ҳамаи масоили рӯзномаи маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, мавриди музокира ва баҳси иштирокчиён қарор дода шуданд. Дар хотимаи маҷлис, доир ба рафъи мушкилоти соҳа ва иҷрои супоришҳои протоколии маҷлисҳои Шуро ба вазорату идораҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон,  оид ба мавзуъҳои матраҳнамудаи  маҷлис қарор   қабул гардид ва нақшаи кори Шӯро барои  нимсолаи дуюми соли 2023 тасдиқ карда шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

12-уми майи соли 2023 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар доираи баргузории питчинг-рӯнамоии лоиҳҳои синамоӣ филмномаи “Ҳадди орзуҳо” мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода шуд. Филмнома аз ҷониби Нигина Маҳмадҷонова ва Умедшо Мирзоширинов дар жанри мелодрама ва драми иҷтимоӣ рӯйи кор омада, вазъи иҷтимоии ҷавонон ва бонувонро фаро гирифтааст. Филмнома масоили иҷтимоиро талқин намудааст, ки аз ҷониби муаллифон рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуд. Аъзои ҳайати мушовара ва Шурои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба лоиҳаи синамоӣ ибрози фикру андеша карда, коркард ва такмили филмномаро тақозо намуданд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Дар асоси питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ, ки 14-уми феврали соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” баргузор гардид, лоиҳаи филмномаи “Захм”-и коргардони ҷавон Ватандор Шеров мавриди баррасию муҳокима қарор гирифта, бо қарори комиссияи интихоби лоиҳаҳои синамоӣ барои филмбардорӣ тавсия дода шуд. Дар ин замина, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” филми ҳунарии кӯтоҳи “Захм”-ро бо коргардонии Ватандор Шеров рӯйи навор овард. Шаробхорагию ҷӯрабозии падар, ҳамчун сарвари оила ба дунёи ботинию зоҳирии фарзандон таъсир карда, оқибати ногуворе хоҳад дошт. Ба рафтори ноҷойи падару рафиқонаш пайравӣ кардани духтарча, ки боиси таассуфу надомат мебошад, муҳтавои филмро дар бар мегирад. Давомнокии филм 5 дақ. 37 сония, муаллиф ва коргардони таҳиягар Ватандор Шеров, наворбардор Шамшод Сиддиқов, оҳангсоз Фарҳод Зикир, танзимгар Нодир Нозимов, директори филм Идиев Субҳон мебошад. Ҳунарпешаҳо Аҳлиддин Ҳасанов, Саодат Сафарова ва Бибиоиша Эгамназарова нақшҳои асосии филмро иҷро кардаанд. Филм хусусияти тарбиявию ахлоқиро доро буда, барои доираи васеи алоқамандони синамо пешбинӣ шудааст. Филм рӯзҳои наздик барои намоиш ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод мегардад. Намоиши филмро дар пардаи синамо интизор бошед!!! Маъмурияти “Тоҷикфилм”

29-уми апрели соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии кинстудияи “Лендок” Телнов Алексей Николаевич, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таҳияи филми муштарак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрии самимӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карда шуд. Таҳкими равобиту ҳамкориҳои самаровар дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боиси рушду нумӯи соҳаи синамо гардида, ҷиҳати тавсеаи муносиботи ҳасанаи синамонигорони ҳар ду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки дар асоси Меморандуми ҳамкории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Лендок” минбаъд таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар кӯҳҳо”, “Афсонаи пирмард Хаттаб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ” дар назар дошта шудааст. Аҳли эҷоди киностудияи “Лендок” ҳоло дар болои филмнома кор карда, пас аз пурра омода шудан барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод карда мешавад. Дар таҳияи филм аҳли эҷоду техникӣ ва ҳунарпешаҳои тоҷик ҷалб карда шуда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳои рус ва ҳунарпешаҳои дигар кишварҳо рӯйи навор оварда мешавад. Сарвари киностудияи “Лендок” муддати ду рӯз аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон НБО “Норак”, “Хоҷа оби гарм”, дараи Варзоб ва Қалъаи Ҳисор дидан намуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

19-уми апрели соли 2023 гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо шумули наворбардори таҳиягар Ҳусан Алиҷонов, рассоми таҳиягар Исобек Эгамбердиев, директори филм Эркабоев Маҳмуд ва коргардони лоиҳаи “Ситораи ноаён” Меҳрубон Ализода бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон тӯли се рӯз аз маконҳои таърихию сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз масҷиди Ҳазрати Мавлоно, Кохи Наврӯз, Қалъаи Ҳисор ва манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак дидан намуда, маконҳои мувофиқро барои наворбардории саҳнаҳои филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” интихоб менамоянд. Зуҳри имрӯз гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди пазироии директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” қарор гирифта, аз павилионҳо, толори мактаби синамогарони ҷавони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дидан намуд. Хотирнишон месозем, ки филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйи пардаи синамо оварда мешавад. Сафари гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 22-юми апрели соли равон идома хоҳад ёфт. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Китоби филмноманависи тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) “Филмномаҳои Шераки Ориён”, ки дар ду ҷилд рӯйи чоп омадааст, барои дарёфти ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод гардид. Нахустин маротиба ҷиҳати дарёфти ҷоизаи мазкур китоби филмномаҳо низ пешниҳод карда шуд. Мавриди ёдоварист, ки як ҷилди китоби мазкур бо дастгирии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён нашр гардида, дар таърихи синамои миллӣ ин нахустин маҷмуаи филмномаҳои тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, 30 филмномаро дар бар мегирад, ки барои филмбардорони ҷавон, алоқамандони синамо ва хоҳишмандон ҳамчун дастурамали омӯзишӣ арзёбӣ мегардад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

12-уми апрели соли 2023 коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов  бо мақсади баррасию муҳокимаи масоили марбут ба таҳияи филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”  ба шаҳри Душанбе омад. Коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов бо ҳамтои тоҷикаш Файзулло Файзов аз рӯйи филмномаи адабии филми ҳунарии муштарак филмномаи коргардонӣ, нақшаи тақвимию таҳиявӣ ва бо иштироки гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб  харҷномаи филмро омода хоҳанд намуд, ки барои тасдиқ  пешниҳод карда мешавад. Коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов баъд аз зуҳри рӯзи 12-уми апрел аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дидан намуда, бо фаъолияти гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистон аз наздик ошноӣ пайдо кард. Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шумули  рассоми ороишкор, мутахассиси молиявӣ, роҳабрияти киноконсерни “Ӯзбекфилм” ва дигар масъулони вобаста ба таҳияи филми ҳунарии таърихӣ рӯзҳои наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд ва мавриди пазироии роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” қарор гирифта, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоби маконҳои наворбардорӣ, таҳия ва омода кардани филмномаи коргардонӣ, нақшаи тақвимии таҳиявӣ ва харҷномаи филмро    амалӣ менамоянд. Хотирнишон месозем, ки филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯйи пардаи синамо хоҳад омад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” филми ҳунарии “Се хоҳаракон…”-ро  аз рӯйи ҳикояи Заринаи Акрамдӯхт бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи пардаи синамо овард. Филм  қисмати се хоҳари  аз модар маҳрум мондаро,  дар пардаи синамо ҷилвагар месозад. Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, дар тарбияю ахлоқи наврасон раҳму шавқат ва накукориро бедор месозад.  Филм аслан барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шуда, вале тамоми алоқамандони синамо метавонанд аз ин филм бархӯрдор шаванд. Филм   рӯзҳои наздик ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод мегардад. Намоиши филми навро дар пардаи синамо мунтазир бошед!!! Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Бо мақсади дастгии ҷавонони лаёқатманди соҳаи синамои миллӣ Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми ҳунарии кӯтоҳи «Сарчашма»-ро бо коргардонии Пайрав Шарифӣ рӯйи пардаи синамо овард. Филми мавзӯйи мубраму доғи рӯзро пайгирӣ намуда, ҷиҳати эҳёю пойдории суннатҳои ахлоқии миллати тоҷик барои ҷавонону наврасон дарси ибрату омӯзиш мебошад. Қаҳрамони асосии филм бобои Ҳошим ҳамсари марҳумаашро дар хоб мебинаду дарк менамояд, ки фурсати сафар ба дунёи боқӣ фаро расида, бинобар ин ҷиҳати ба ҳам овардани фарзандон, аз парешонию номуросоӣ, онҳоро маҷбур месозад, ки ҳамроҳаш ба кӯҳсор раванд. Дар натиҷаи сафари пурхатару сангин фарзандон ба ҳам меҳрубону мунис гардида, байнашон иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ барқарор мегардад. Фазои хонаро шодию сурур фаро мегирад. Падар аз ин ҳолат хушҳол гардида, бо хотири ҷамъ ба назди ҳамсараш рахти сафар мебандад. Гурӯҳи эҷодии филм аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш ба хубӣ баромада, кори коргардон, наворбардор, рассом, оҳангсоз, нақшофарии ҳунарпешаҳо басо ҷолибу хотирмон гардидааст. Муаллиф ва коргардони таҳиягар Пайрав Шарифӣ донишҷӯйи Донишкадаи кино ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург, наворбардор Мумин Латифӣ, директори филм Ғоибова Раҳима ва продюсери филм Маҳмадсаид Шоҳиён ва Олга Максимова маҳсуб меёбанд. Намоиши санҷишии филм дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, коршиносону аҳли эҷоди филм баргузор гардида, мақбулу писанди ҳозирин дониста шуд. Филм ҷиҳати ҳимоя ба ҳайси рисолаи дипломии муаллиф ва коргардони ҷавон Пайрав Шарифӣ тавсия гардид. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

5-уми апрели соли 2023 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ва қисман ба таври маҷозӣ ҷаласаи гурӯҳи кории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба кинематография баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили зайл мавриди барррасию муҳокима қарор дода шуданд: 1. “Оид ба таҷриба дар пешрафт ва паҳнкунии маҳсулоти синамоии кишварҳои аъзои ИДМ” 2. “Дар бораи рушд ва тадбирҳои дастгирии синамои аниматсионии кишварҳои аъзои ИДМ” 3. “Доир ба оммавӣ гардонидани синамоҷашнвораҳое, ки дар фазои Иттиҳод баргузор карда мешаванд” 4. “Оид ба рафти корҳо дар таъсиси Иттиҳодияи эҷодии созмонҳои синамоии кишварҳои ИДМ” 5. “Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба кинематография” Дар кори ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Киноконсерни “Ӯзбекфилм” Одилов Б.К., директори генералии КВ “Киностудияи миллии “Беларусфилм”Карачевский В.В., директори генералии ҶС “Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии “”Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” Телнов А.Н.,директори киностудияи “Озарбойҷонфилм” Гусейнов Н.Ф., сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангии Раёсати робитаҳои хориҷӣ ва диаспори Вазорати маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Гигоян Мариам, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба телевизион, радио ва кинематография Арчаев А.А., директори департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масоили умумисиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Сазонов А.А. ва дигарон иштирок ва роҷеъ ба масъалаҳои рӯзнома ибрози назар намуданд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

4-уми апрели соли 2023 ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ лоиҳаи Оинномаи “Иттиҳодияи байналмилалии эҷодии созмонҳои синамоии кишварҳои ИДМ”-ро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи Оиннома ба талаботи қонунгузории кишварҳои аъзои ИДМ мутобиқ ва дар мувофиқа бо кишварҳои аъзои ИДМ қабул карда шавад. Хотирнишон менамоем, ки ғояи таъсиси “Иттиҳодияи байналмилалии эҷодии созмонҳои синамоии кишварҳои ИДМ” дар рафти ҷаласаи Шурои 4-уми директорони кишварҳои ИДМ, ки 31-уми марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ба миён омад. Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён пешниҳод намуд, ки Оиннома бори дигар аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори кишварҳои аъзоии ИДМ баррасӣ, ба талаботи қонунгузории кишварҳо мутобиқ ва ба таври расмӣ тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ манзур карда шавад. Таклифи директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Лоиҳаи Оинномаи “Иттиҳодияи байналмилалии эҷодии созмонҳои синамоии кишварҳои ИДМ” мавриди коркард ва баррасӣ қарор дода шуда, дар ҷаласаи навбатӣ ҷиҳати қабул ва ҷонибдорӣ муҳокима мегардад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

1-уми апрели соли 2023  дар павилиони   Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ  дар  филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон:Ҷомӣ ва Навоӣ шурӯъ гардид. Ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон ҳунару истеъдоди фитрӣ, чеҳра, тарзи гуфтор, қобилияти нақшофарӣ ва таҷрибаи хешро ба коргардон ва гурӯҳи эҷодии филм манзур менамоянд. Хотирнишон менамоем, ки бо  ташаббуси   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев   дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек,   хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ филми ҳунарӣ рӯйи навор оварда мешавад. Ғояи асосии филми   ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ»  пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду  чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ   ва таҷассумгари  ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад. Банаворгирии саҳнаҳои филм дар  мавзеҳои таърихӣ ва табиати нодири Тоҷикистон,   иншооти таърихии   ҳудуди   Ҷумҳурии Ӯзбекистон, павилионҳои филмбардории “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” дар назар дошта шудааст. Барои нақшофарӣ дар филм ҳунарпешаҳои тоҷику ӯзбек ва хориҷӣ ҷалб гардида, коргардон ва продюсери машҳури фаронасавӣ Люк Бессон дар таҳия ва наворбардории филм ба ҳайси мушовир даъват шудааст. Филм дар жанри драмаи таърихӣ бо коргардонии Файзулло Файзов аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Ӯзбекистон     рӯйи пардаи синамо ҷилвагар хоҳад шуд. Кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо ҳамарӯза то 20-уми апрели соли 2023 дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” идома хоҳад ёфт. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИЮ ИСТЕҲСОЛӢ Фаъолияти истеҳсолии муассиса дар ин давра таҳия ва наворбардории филмҳои мустанади “Тоҷикон”, пурра омода кардани қисмҳои 21-35 филми тасвирии “Алифбо” ва филми ҳунарии кӯтоҳи “Сарчашма”-ро дар бар гирифта, танзим ва бандубасти филмҳои ҳунарии “Ҳақиқат” ва “Се хоҳаракон…” ба итмом расида, нахустнамоиши филмҳо рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст. ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК Айни замон лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” мавриди коркард ва таҳия қарор дошта, амалӣ шудани он боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни филмбардорони тоҷику ӯзбек мегардад. Бо мақсади тезонидани раванди корҳо дар робита ба наворбардории филми пурмазмуни таърихӣ, аз 21-уми феврал то 1-уми марти соли 2023 гурӯҳи кории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳайати муовини директор Соҳибзода Маҳмадкарим, раиси Итифоқи синамогарони Тоҷикистон, ҳаммуаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов ва коргардон Файзулло Файзов ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари корӣ фиристода шуданд. Бад-ин хотир дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ситоди доимамалкунанда ва гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо синамонигорони ӯзбек нақшаи чорабиниҳо омода ва тасдиқ гардид. Дар ин замина, аз 10-ум то 20-уми марти соли равон ба хотири ҷалби ҳунармандони касбӣ барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ” аксбардорӣ ва аз 1-ум то 20-уми апрели соли 2023 кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо баргузор шуда истодааст. Бо мақсади амалисозии Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди “Киностудияи миллии “Беларусфилм” коркард ва таҳияи филми ҳунарии “Норак” идома дошта, рӯйи навор омадани филми мазкур оѓозбахши ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику беларус хоҳад шуд. Инчунин, ба хотири тақвияти ҳамкориҳо бо “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” лоиҳаи филми тасвирии “Бабри барфӣ” омода гардида, дар ин замина қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шуд. ИШТИРОКИ ФИЛМҲО ДАР СИНАМОҶАШНВОРАҲО Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суѓдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст дар синамоҷашнвораи кишварҳои СҲШ дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон бо ҷоизаи “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки арзиши воқеии дӯстиро ба тамошобин манзур намудааст” қадрдонӣ гардид. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар семоҳаи аввали соли 2023 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. ИҚДОМҲО Бо мақсади тақвияти корҳои эҷодию истеҳсолӣ дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”дар заминаи воҳидҳои кории холӣ бо ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ шуъбаи филмноманависон таъсис дода шуда, сохтор ва низомномаи он таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва расми иштирокашон дар тантанаҳои идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон коргоҳи истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва пенопласт ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ иштирок намуданд. Ба ҳайати меҳмонон иттиллоъ дода шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оқилиён” дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Оқилов бунёд гардида, дар он истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва пенопласт, аз 2,5 то 3,5 млн. дона дар як сол ба роҳ монда шудааст. Ашёи хом аз Федератсия Руссия ва Ҷумҳурии халқии Хитой ворид карда шуда, маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии кишвар ба фурӯш бароварда мешавад. Дар коргоҳи навтаъсис 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо музди меҳнати дастрас бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Роҳбарияти коргоҳи мазкур ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи саноат дар партави эълони солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва дастгирии ҳамешагии соҳибкорони маҳаллӣ изҳори сипосмандии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, зикр дошт, ки дар оянда низ бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати зиёд намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар ва дар маҷмӯъ амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар- саноатикунонии босуръати мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар шаҳри Бӯстон Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии “Ширдарёи Бӯстон” оғози расмӣ бахшида шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширдарёи Бӯстон” дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Муқимхон Валаматов таъсис дода шуда, дар он 10 нафар сокинони маҳаллӣ, асосан занону бонувон бо ҷойи кори доимӣ ва музди маоши миёнаи то 1500 сомонӣ таъмин гардиданд. Зимни маросими ифтитоҳ иттиллоъ дода шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширдарёи Бӯстон” коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ буда, иқтидори солонаи он то 200 тонна маҳсулоти ширӣ аз қабили шир, ҷурғот, чакка, навъҳои гуногуни панир ва ғайраро дар бар мегирад. Маҳсулоти коркард ва истеҳсолии коргоҳи мазкур аз ашёи хоми маҳаллӣ буда, содироти маҳсулоти тайёр ба ҳудуди вилояти Суғд ва берун аз он пешбинӣ карда шудааст. Зимни маросими ифтитоҳи расмӣ муассиси коргоҳи мазкур ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи саноат ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон изҳори сипосмандӣ зоҳир намуда, ёдовар гардид, ки дар оянда баҳри афзун гардондани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои холии корӣ саҳмгузор хоҳад шуд.

21 март дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид. Дар танатанаҳои идона роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. Меҳмононро дастаи устодону ҳаваскорони мактаби санъати шаҳр ба номи Шодмон Алифов бо навозиши хосаи наврӯзии карнаю сурнай ва доирадастон истиқбол гирифтанд. Нахуст ҳайати меҳмонон аз хаймаҳои идонаи наврӯзии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ, маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраки Палос ва дастранҷи сокинони касбу кори гуногун бо фарогирии таомҳои миллии наврӯзӣ, хони ҳафт сину ҳафт шин, намудҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дасти занону бонувони ҳунарманд боздид намуданд. Занону бонувон ва кӯдакон бо шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз бо қироати шеъру таронаҳои наврӯзӣ бо омодагии хоса ҳайати меҳмонро гарму самимӣ истиқбол намуданд. Ҳайати меҳмонон ба маҳорату истеъдоди занону бонувон ва ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар идома меҳмонон аз намоиши бозиҳои миллии варзишӣ, намоиши ҷараёни омӯзиши намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ ва расмкашӣ, омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва растаҳои кӯдакона боздид намуда, ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравии идона тақдим намуданд.

Бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳои идонаи наврӯзӣ аёдати пирони рӯзгордида ва собиқадорони меҳнати шаҳри Бӯстон сурат гирифт. Ин амри хайру савоб аз ҷониби директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ амалӣ карда шуд. Дар ин рӯз собиқадори меҳнат, гирандаи нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидошта Сорохон Махсумова ва собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Инъомҷон Полвонов ба аёдат фаро гирифта шуда, ба онҳо паёми табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон расонида шуд. Зимни суҳбати самимӣ аз хизматҳои софдилонаву садоқатмандонаи собиқадорон ёдовар гардида, барои саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар ба онҳо изҳори сипосмандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пирони рӯзгордида, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнатро ба ғамхорӣ фаро гирифта, фаъолияти ибратбашхи онҳоро ҳамчун мактаби бузурги тарбияи насли шоистаи замон мавриди тарғибу ташвиқ қарор хоҳад дод. Ба аёдатшудагон туҳфаҳои хотиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон дастрас карда шуд. Пирони барднодил изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Ҷашни бостонии Наврӯз воситаест, ки фарҳангу тамаддунҳои гуногунро ба ҳам оварда, гузаштаро ба имрӯз мепайвандад. 19-уми марти соли 2023 дар робита ба фарорасии фасли зебои баҳор ва қадами мубораки Наврӯзи оламафрӯз дар павилиони «Ҷомӣ ва Навоӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» чорабинии наврӯзӣ баргузор гардид. Кормандону масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тибқи суннатҳои хоси ҷашни бостонии ниёгонамон Наврӯз, ки шурӯи сол, фасли шукуфтанҳою рустанҳост, бо оростани хони наврӯзӣ, омода кардани таомҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ чорабиниро дар сатҳи баланд ороста гардониданд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, перомуни таърих, суннат, хусусият ва вижагиҳои ҷашни бостонӣ ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд ва 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни миллиамон мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мероси бузургниёгонамон ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, чун рамзи некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ дар тамоми сайёра ботантана таҷлил мегардад. Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Наврӯзи бостонӣ ба ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон табдил гардид, ки ҷаҳониён кишвари соҳибистиқлоли мо Тоҷикистонро барҳақ “Гаҳвораи Наврӯз” эътироф намудаанд. Мавсуф изофа намуд, ки Наврӯз ва ҷашнҳои миллӣ – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд. Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии ҳофизону мутрибон ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад, Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад. Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак! Маъмурияти “Тоҷикфилм”

21 март дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид. Дар танатанаҳои идона роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. Қисмати расмии чорабинии идона бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз гардид. Нахуст директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён паёми табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон гардонид. Номбурда бо такя ба суханронии ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем. Дар идома мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода паёми табрикии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори ҷашни Наврӯзро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, аёдати падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд ташкил медиҳад. Мо идомаи ин суннатҳои наҷибро ҳангоми сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон ва доир намудани мулоқоту вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола мушоҳида мекунем. Аз ҷониби дигар, боиси қаноатмандист, ки ин суннати дерина ва анъанаи неки ниёгонамон аз ҷониби ворисони ин фарҳанги бузург, махсусан шахсони саховатманд низ идома ёфта истодааст. Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли сокинону меҳмонони шаҳрро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфт. Роҳбари шаҳр зикр намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои хуҷаставу писандида ва айёми марғубу дилпазири мардуми тоҷик буда, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳонист, ки дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар накӯтарин айём-баҳор таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози ободкорию созандагӣ ва мавсими кишту кори баҳорӣ мебошад, ки пайомади фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ва ибтидои гулшукуфоиҳо ба шумор меравад. Маҳз вожаи «Наврӯз» шаҳодати он аст, ки ин ҷашн бо ҳама анъанаву расмиятҳо хоси мардуми тоҷик аст, зеро он калимаи мураккаби форсии –дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Ҷавҳари аслии ҷашни бостонии Наврӯзро падидаҳои наҷибу хушоянд аз қабили некиву накӯкорӣ, покию хуррамӣ ва шодиву нишот фаро гирифта, ба хонаву кошона ва қаламрави кишварҳо саодату нусрат меоварад. Бо ифтихору сарфарозӣ изҳор карда шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз Наврӯз ҳамчун ойини бебаҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид муҳайё гардид. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид менамоянд: “Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак” табрик мекунанд”. Ин нукта бори дигар тасдиқ менамояд, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст. Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба киштукори баҳорӣ, шинонидани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шурӯъ менамоянд. Итминон карда шуд, ки халқи соҳибтамаддун ва соҳибхиради тоҷик ва бахусус сокинону меҳмонони сарбаланди Бӯстоншаҳри нозанин бо такя ба беҳтарин суннатҳои Наврӯзи фаррухрӯз бо заҳмату кӯшишҳои пайгирона баҳри ободиву хуррамии бештари ҳар як гӯшаву канори мамлакати азизамон ҷаҳду талош намуда, ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро хоҳанд гузошт. Сипас, барномаи рангини ҳунарии аҳли фарҳанги вилоят ва шаҳри Бӯстон бо фарогирии шеъру сурудҳои тараннумгари Нарвӯзи ҷаҳонӣ, муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз Тоҷикистони биҳиштосо ва Пешвои фарҳангпарвари миллат ба тантанаҳои идона шукуҳи тоза бахшид.

14-уми марти соли 2023 директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён продюсери филми ҳунарии “Комитет”- Колдаков Александр, ки барои интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт. Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” меҳмонро ба сарзамини кўханбунёди тоҷик хайрамақдам гуфта, доир ба таҳкими ҳамкориҳо изҳори назар намуд. Колдаков Александр аз пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик, табиати нотакрор, обу ҳаво ва маконҳои мусоиди наворбардории Тоҷикистон ибрози хушнудию сарфарозӣ намуд. Таъкид гардид, ки филми мазкур дар жанри детективи таърихӣ аз ҷониби ҶДММ “ТРИИКС МЕДИА” бо фармоиши ширкати телевизионии “НТВ” дар маконҳои дилфиреби Тоҷикистон наворбардорӣ карда мешавад. Хотирнишон бояд кард, ки ҶДММ “ТРИИКС МЕДИА” ширкати хусусӣ буда, соли 2006 бо ибтикори Инесса Юрченко ва Сергей Шеглов таъсис ёфта, то ба имрўз бештар аз 250 филму силсилафилмҳоро таҳия ва наворбардорӣ намудааст. Муҳтавои филм асоси воқеӣ дошта, аз фаъолияти хатарноку ғайриоддии кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ҳикоят мекунад. Филм барои доираи васеи тамошобинон, аз ҷумла барои насли наврас пешбинӣ гардида, асоси арзишҳои инсонӣ, ба монанди оила, қарзи виҷдон, шуҷоат, масъулият, ифтихор ва муҳаббат ба Ватанро тарғиб менамояд. Дар таҳияи филм ҷалби мутахассисони синамои тоҷик, техникаву таҷҳизоти филмбардорӣ ва дигар лавозимоти даркорӣ барои истеҳсоли филм дар назар аст. Наворбардории филм боиси тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои синамонигорони тоҷику рус гардида, ҷиҳати боло рафтани нуфузу эътибори синамои миллӣ ва касби таҷриба барои синамонигорони тоҷик хоҳад шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

7-уми марти соли 2023 ба ифтихори Рӯзи модар дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Сароғоз занону бонувонро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба муносибати ҷашни модар ва фарорасии фасли гул-гулшукуфию зебоӣ муборакбод гуфта, барояшон орзуҳои нек намуданд. Таъкид гардид, ки Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва «Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад…» Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд: «Модар бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад». Ҳамзамон, аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону бонувон ва баланд бардоштани мавқею мақоми зан-модар дар ҷомеа ибрози андеша карда шуд. Дар хотима, ба хотири ҳавасмандгардонӣ ва аҷргузорӣ занону бонувони муассиса бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

3-юми марти соли 2023 дар толори мактаби синамонигорони ҷавони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҷаласаи Шурои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба муҳокима ва баррасии филмномаи филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон:Ҷомӣ ва Навоӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини якуми директор Ғайбуллозода Толиб, Сӯфизода Шодимуҳаммад директори китобхонаи ба номи Индра Гандии АМИТ, Бадриддин Мақсудов профессори Донигоҳи миллӣ, Низомӣ Муҳриддин ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъаби Тоҷикистон баноми М.Турсунзода, Орумбекзода Шамсиддин корманди Энисклопедияи миллии тоҷик, Раҳими Зулфониён намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳот, Сафар Ҳақдодов раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (муаллифи филмнома), Соҳибзода Маҳмадкарим муовини директор, Файзулло Файзов коргардон, Рустам Шоазимов саркоргардони муассиса ва дигар аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ширкат доштанд. Нахуст, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад. Банаворгирии саҳнаҳои филм дар мавзеҳои таърихӣ ва табиати нодири Тоҷикистон, иншооти таърихии ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, павилионҳои филмбардории “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” дар назар дошта шудааст. Бо мақсади тезонидани раванди корҳо дар робита ба наворбардории филми пурмазмуни таърихӣ, аз 21-уми феврал то 1-уми марти соли 2023 гурӯҳи кории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари корӣ фиристода шуд. Дар натиҷа, гурӯҳҳои корӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба истеҳсоли филм дар солҳои 2023-2024 ва филмномаи адабиро пурра омода карда, дар мувофиқаи тарафайн тасдиқ намуданд. Мутобиқи нақшаи чорабиниҳо моҳҳои март-апрели соли 2023 баргузор намудани кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филм пешбинӣ шудааст. Баъдан, олимону коршиносони соҳа доир ба филмнома фикру назари хешро иброз дошта, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия ва наворбардорӣ шудани филм, филмнома бояд такмил ва муколамаҳо суфтаву равон ва таҳрири ҷиддӣ карда шаванд. Забони филмнома, бахусус муколамаю гуфтугӯйҳои қаҳрамонҳои асосӣ – Ҷомӣ ва Навоӣ ҳатман оммафаҳму бо мазмуни баланд бошанд, ки мартабаи равшанфикрию мутафаккирӣ ва аҳли илм ва адабу фарҳанг буданашон барои тамошобин ҳувайдо гардад. Ҳамзамон, қайд кардид, ки манфиатҳои миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, таърих, фарҳанг, забон ва ифтихори миллии мардуми тоҷик тариқи нигоҳ доштани мувозана дар сатҳи зарурӣ рӯйи пардаи синамо ҷилвагар гардад, то алоқамандони синамо аз он бархӯрдор шаванд. Дар муҳокимаю баррасии филмнома дигар аҳли эҷоди муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд. Филмноманавис Сафар Ҳақдодов уҳдадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони соҳа филмномаро дар муддати як ҳафта пурра омода намуда, дар мувофиқа бо ҷониби Ӯзбекистон барои тасдиқ пешниҳод намояд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои синамоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Муҳтавои филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 50 соли зиндагӣ, фаъолияти адабӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва дӯстии ду нобиғаи асри XV Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, воқеъаҳову ҳодисаҳои мурракабу таърихсози дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ба амаломадаро инъикос менамояд. Таҳия ва наворбардории филми муштараки бадеӣ-таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” як барномаи ниҳоят бузург ва мураккаб аст, ки аз синамогарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъулият ва касбияти баландро тақозо мекунад. Бештари саҳнаҳои филм дар иншооти таърихии он замона, ки дар ҳудуди ҷуғрофии имрӯзаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз, Тошканд маҳфуз мондаанд, павилионҳои филмбардории “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм”, инчунин дар Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, оромгоҳи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Кохи Наврӯз, табиати зебои Тоҷикистон ба навор гирифта мешаванд. Давоми ҳафтаи охир 5 маротиба мулоқоти маҷозии роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, киноконсерни “Ӯзбекфилм” доир гардида, масъалаҳои омода намудани филмномаи коргардонӣ, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо мақсади тезонидани раванди корҳо дар робита ба наворбардории филми пурмазмуни таърихӣ, аз 20-ум то 24-уми феврали соли 2023 гурӯҳи кории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳайати муовини директор Соҳибзода Маҳмадкарим, раиси Итифоқи синамогарони Тоҷикистон, ҳаммуаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов ва коргардон Файзулло Файзов ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари корӣ фиристода шуданд. Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Тошканд доир ба пурра омода намудани филмнома ва нақшаи чорабиниҳо дар соли 2023 дар робита ба таҳия ва наворбардории филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон. Ҷомӣ ва Навоӣ” мебошад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

14-уми феврали соли 2023 дар толори мактаби синамонигорони ҷавони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маротибаи дуюм Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо ва филмноманависон баргузор гардид. Нахуст, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён баргузории Питчинг ба ҳозирин мазмуну моҳияти ва марому мақсади питчингро шарҳ дода, таъкид дошт, ки минбаъд ба хотири филмбардорӣ ва дарёфти филмномаҳои хубу баландмазмун Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ доир мешаванд. Иқдоми баргузории питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ боиси қаноатмандӣ ва дилгармии ҷавонону алоқамандони синамои миллӣ гардида, дар раванди баргузории питчинг-рӯнамоии дуюми Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» роҳбарони Муассисаҳои давлатии телевизиони “Душанбе” Оқилзода Маъруф ва телевизиони «Илм ва табиат» Шарифзода Саймукарам иштирок ва суханронӣ намуда, барои ҳамкорӣ дар самти филмофарӣ изҳори хоҳиш намуданд. Ба Питчинг 18 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод шуда, 7 филмнома барои рӯнамоӣ интихоб ва аз ҷониби муаллифон, коргардонҳо ва продюсерон муаррифӣ гардиданд. Пас аз муаррифӣ ва рӯнамоии ҳар як лоиҳа миёни муаллифон ва иштирокчиён музокироти судманд тариқи суолу ҷавоб доир гардид. Ҳамин тавр, питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, 7 филмнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷааш пас аз 10 рӯзи тақвимӣ тавассути шабакҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” расонаӣ мегардад. Хотирнишон бояд карда, ки 27-уми декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардида буд ва ин иқдом минбаъд идома хоҳад ёфт.

9-уми феврали соли 2023 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар    соли 2022 бо иштироки роҳбарияти муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни баргузории нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти  муассиса дар   соли 2022 ва вазъи соҳаи синамои миллиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар соли 2022 Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Нахустнамоиши филмҳо Нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” аз рӯйи ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, бо коргардонии Умед Мирзоширинов      28-уми январи соли 2022, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои доираи васеи алоқамандони синамои ватанӣ баргузор карда шуд. Нахустнамоиши филми ҳунарии «Баҳори хазонрез» аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ» – и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо,  бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров   4-уми  феврали соли 2022  дар   кинотеатри «Ватан»  манзури тамошобинон  гардид. Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” 17-уми октябри соли 2022 дар “Хонаи кино”-и шаҳри Москва ва 28-уми октябри соли 2022 дар кинотеатри “Ватан” доир карда шуд. Баргузории чорабиниҳои синамоӣ дар  соли 2022. Дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 13-ум то 18-уми марти соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров  Ҷашнвораи филмҳои Амрикою Тоҷикистон баргузор гардид. Аз 30 -юми март то 2 – юми апрели соли 2022 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои зерини синамоиро дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намуд: 30-юми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз”   Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 31-уми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз”    Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон 31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография бо иштироки роҳбарони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон   барпо карда шуд. Бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” нахустин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил”  бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор шуд. Бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз 3-юм то 6-уми майи соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ  баргузор гардид. Аз 21-ум то 24-уми августи соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар доираи  Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои Россия ва кишварҳои хориҷи наздик,   Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид. Аз 14-ум то 18-уми сентябри соли 2022 дар доираи Синамоҷашнвораи байналмилалии Тошканд “Дурдонаи роҳи абрешим” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардиданд. 21-уми сентябри соли 2022 дар Олмон рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар ин замина филми ҳунарии “Муаллим”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” намоиш дода шуд. 23-юм-24-уми сенятбри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён, синамонигорон, ходимони давлатию сиёсӣ, фарҳангшиносону мунаққидони кино баргузор гардид. 15-уми октябри соли 2022 дар кинотеатри “Ватан” ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик бо иштироки ҳунарпешаҳо, синамонигорон, сиёсатмадорону ходимони давлатӣ ва алоқамандони синамои миллӣ чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.  Дар идомаи чорабинӣ ҳозирин аз филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо”, ки аз рӯйи ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо коргардонии Умед Мирзоширинов  рӯйи навор омадааст, бархӯрдор шуданд. Аз 28-ум то 30-юми октябри соли 2022 ба муносибати 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатии Тоҷикистон ва Малайзия дар шаҳри Куала-Лумпур Ҷашвнораи филмҳои тоҷик баргузор гардид. Дар ин замина, филмҳои ҳунарии “Муаллим” коргардон Носир Саидов, “Сафари ҳавоӣ” коргардон Далер Раҳматов ва филми ҳунарии килассикии “Рустам ва Суҳроб” коргардон Борис Кимёгаров ба ташобинон намоиш дода шуданд. Аз 2-юм то 5-уми ноябри соли 2022 дар кинотеатри “Ватан”  дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон филмҳои синамонигорони эронӣ “Писарони дарё”, “Тахтӣ”, “Ремотизими Имод ва Тубо”,  “Роҳи обии абрешим” манзури алоқамандони синамои миллӣ гардонида шуданд. Аз 4-ум то 11-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Листопад” Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус доир гардиданд, ки алоқамандони синамои беларус аз филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов  ва филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо”  коргардон Умед Мирзоширинов бархӯрдор шуданд. Аз 21-ум то 27-уми ноябри соли 2022 дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон  дар шаҳри Ашқобод филмҳои ҳунарии “Рақси зиндагӣ” коргардон Муҳаббат Сатторӣ ва “Охирин сайди сайёд” коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов  барои ҳаводорони синамо намоиш дода шуданд. 27-уми декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо, филмноманвисон ва дигар алоқамандони синамо баргузор гардид. Ба хотири манзури алоқамандони синамо намудан ва ҳифзу пойдории филмҳои классикии тоҷик “Маҷмуаи тиллоии филмҳо” дар сатҳи баланд омода карда шуд, ки 100 адад филмҳои ҳунарии беҳтарини аз соли 1934 то соли 2003 истеҳсолнамудаи  Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”-ро дар бар мегирад. Шумораи навбатии маҷаллаи “Кино” бо се забон нашр мешавад, ки муаррифгари синамои миллист. Иштироки филмҳо дар синамоҷашнвораҳо Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», коргардон Файзулло Файзов    дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё сазовори ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин гардид. Инчунин, филми ҳунарии “Бачаи обӣ” дар синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ИДМ-и шаҳри Москва «Московская премьера»  ширкат намуда,   ду ҷоизаро ба даст овард.Ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба нақшофари навраси филм Меъроҷиддини Сафар созовор дониста шуд. Филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд” коргардон Мумин Латифӣ   дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения  ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона”-ро ба даст овард. Филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов дар синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон ва синамоҷашнвораи байналмилалии “Адабиёт ва кино”-и шаҳри Санкт-петербург сазовори  ҷоизаи “Беҳтари филми ҳунаии кӯтоҳ” гардид. Филми ҳунарии “Дов”, коргардон Муҳиддини Музаффар   дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон   бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардид. Фаъолияти эҷодию истеҳсоли муассиса дар соли 2022 Филмҳои мустанад: “Наврӯзи деҳот” аз ҷониби раёсати  муассиа  дар ВМКБ   омода гардида, тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд. “Хатлонфилм”-и раёсати муассиса дар вилояти Хатлон филмҳои мустанади “Хоҷа Машҳад”, “Бешаи палангон”, “Қалъаи Лағмон”  ва “Тахти сангин”-ро   пурра омода намуд. “Шикасти фитна” найрангу дасисаҳо ва ҷинояту хиёнати хоинону душманони миллати тоҷикро ифшо намуда, тариқи тамоми шабакаҳои телевизион намоиш дода шуд. “Бузи пармашох” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   пурра омода шуд. “Се рӯзи як баҳор” дӯстию рафоқати миёни халқу миллатҳои кишварҳои ИДМ, аз қабили  халқҳои тоҷик, ӯзбек, беларусро     тараннум менамояд. Филмҳои тасвирӣ Филми тасвирии “Достони гандум” пурра омода карда шуд, ки доир ба зироати гандум ва коркарди он ба таври тасвирӣ ҳикоят мекунад. Таҳия ва сохтани қисмҳои аз 21-ум то 35-уми  филми тасвирии “Алифбо” идома дорад. Филмҳои ҳунарии пурра: Наворбардории филми ҳунарии “Ҳақиқат” бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ анҷом ёфта, филми мавриди танзим ва бандубаст қарор дорад. Давраи наворгирии филми ҳунарии “Се хоҳаракон…” бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил ба итмом расида,  танзим ва садогузории  он идома дорад. Дар навбати худ мухбирон ва рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизиону радио дар нишаст фаъолона ширкат намуданд. Намояндагони васоити ахбори омма бештар доир ба намоиш ва паҳнкунии филмҳои миллӣ, вазъи кинотеатрҳо дар ҷумҳурӣ,  роҳ надодан ба намоиши филмҳои ба ахлоқи мардуми тоҷик бегона, ба таври касбӣ тарҷума ва дубляжи филмҳои хориҷӣ бо забони тоҷикӣ, пешгирии қочоқи маводҳои аудиовизуалӣ, наворбардории филмҳои ҳунарии таърихӣ, тарбияи мутахассисони касбии соҳа,  ҷалби гранту сармоягузориҳо ба соҳаи синамо, таҳияи филмҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷӣ ва дигар масоили марбути соҳа мароқ зоҳир намуда, ба суолҳояшон посухҳои мушаххасу қаноатманд гирифтанд. Муассиса минбаъд ҷиҳати   рушду нумӯи синамои  миллӣ кӯшиш ба харҷ дода,  филмҳоеро рӯйи навор меоварад, ки  идеологияи давлатро тарғиб намуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини неки халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Аз 27-ум то 31-уми январи соли 2023 дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Синамоҷашнвораи кишварҳои аъзои Созмон ҳамкории Шанхай баргузор гардид. 31-уми январи соли 2023 маросими ихтитоми Синамоҷашнвора дар Маркази Неҳруи Ворлӣ барпо карда шуд. Таъкид гардид, ки барои иштирок ва рақобат дар бахши озмунӣ ва ғайриозмунии синамоҷашнвора 57 филм аз 14 кишвари Созмони ҳамкории Шанхай интихоб гардиданд. 14 филми ҳунарӣ аз 7 кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бахши озмунии синамоҷашнвора иштирок ва рақобат намуда, 43 филм дар бахши ғайриозмунӣ намоиш дода шуданд. Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва намояндагӣ карда, ба ҳайси довар дар синамоҷашнвора иштирок намуд. Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст, ҷиҳати иштирок ва рақобат ба бахши озмунии синамоҷашнвора пешниҳод гардида, миёни 14 филм бо ҷоизаи Ёдоварии махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки ба тамошобин арзиши воқеии дӯстиро ҷилвагар намудааст, қадрдонӣ карда шуд. Хотирнишон месозем, ки қаблан филми ҳунарии “Дов” дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишваврҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардида буд. Филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро фаро гирифта, рӯзгори пурпечутоби ду дӯсти ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро ба тамошобин намоиш медиҳад. Ҳирси молу дунё дӯстонро аз ҳам ҷудо месозаду риштаи пайвандию рафоқати миёни онҳо канда гардида, ҷойи онро нафрату адоват мегирад. Мавриди зикр аст, ки дар нахустин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” филми ҳунарии “Дов” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардид ва барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии “Дов” ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Салоҳиддин Шукуров сазовор дониста шуд. Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, ба монанди Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақшҳо офаридаанд. Ҷоизаи навбатии филми ҳунарии “Дов”-ро ба аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҳамаи синамонигрони Тоҷикистон муборакбод мегӯем. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Аз 27-ум то 31-уми январи соли 2023 дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Синамоҷашнвораи байналмиллалии кишварҳои аъзои Созмон ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва намояндагӣ карда, ба ҳайси довар дар бахши озмунии синамоҷашнвора иштирок менамояд. Ҷараёни иштирок ва рақобат дар бахши озмунии синамоҷашнвора филмҳои ҳунарии «Дов» коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд» коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ» коргардон Носир Саидов пешниҳод гардида, дар бахши ғайриозмунии синамоҷашнвора филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд» коргардон Мумин Қодиров намоиш дода хоҳанд шуд. Синамоҷашнвораи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади барқарорсозии ҳамкориҳои синамонигорӣ таъсис ёфта, ҳамчун воситае миёни фарҳангҳои мухталифи кишварҳои аъзои ин ниҳоди байналмилалӣ хизмат менамояд. Филмҳое, ки дар синамоҷашнвора намоиш дода мешаванд, ба алоқамандони синамо имкон фароҳам меорад, ки аз фарҳангҳои гуногун бархӯрдор шаванд ва барои мардуми кишварҳои аъзои созмон равзанаи ошноии ҳамдигар маънидод мегардад. Дар бахши озмунии синамоҷашнвора филмҳо аз ҳашт кишвари аъзо пешниҳод гардида, миёни ҳам рақобат менамоянд ва дар бахши ғайриозмунӣ филмҳо барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд. Хотирнишон месозем, ки айни замон ҳашт кишвар (Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, се давлат ба ҳайси нозир (Беларус, Эрон ва Муғулистон) ва 14 мамлакат (Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Шри-Ланка, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Баҳрайн, Қувайт, Малдив, Мянма, Аморати Мутахидаи Араб ва Туркия) ҳамчун шарикон оид ба муколама маҳсуб меёбанд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

4-уми январи соли 2023 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса ва дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса дар соли 2022 як қатор чорабиниҳои синамоиро дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ баргузор намуд. Дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 13-ум то 18-уми марти соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои Амрикою Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, синамонигорону алоқамандони синамо ширкат намуда, аз тамомшои филмҳои истеҳсоли Амрико ва Тоҷикистон муддати 4 рӯз баҳра бардоштанд. Ҳамзамон, бахшида ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 3-юм то 6-уми майи соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ баргузор гардид. Дар доираи чорабинии синамоӣ филмҳои истеҳсоли Ҳиндустон муддати 4 рӯз барои алоқмандони синамо бо забони ноби тоҷикӣ намоиш дода шуданд. Инчунин, ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз 30-юми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз” бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони ӯзбек ва манзури алоқамандони синамо намудани филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид. Муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд. 31-уми марти соли 2022 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон дар кинотеатри “Наврӯз” доир гардиданд. Дар ин замина, филмҳои истеҳсоли Беларус барои алоқамандони синамо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ манзури алоқамандони синамо гардонида шуданд. 31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон барпо карда шуд, ки дар кори он директорони киностудияҳои ИДМ иштирок карданд. Шуро масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, фаъолият ва неруи эҷодию техники киностудияҳоро муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкориро тавсеа хоҳад дод. Дар хотимаи Шуро миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Киностудияи миллии «Белорусфилм» ва Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт – Петербург» Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор шуд. Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ карда шуданд. Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир карда шуд. 21-уми сентябри соли 2022 дар Олмон рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар ин замина филми ҳунарии “Муаллим”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба алоқамандони синамои олмонӣ намоиш дода шуд. 23-юми сенятбри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён, синамонигорон, ходимони давлатию сиёсӣ, фарҳангшиносону мунаққидони кино баргузор гардид ва барои ҳозирин филми ҳунарии “Хонигарии қазоқ” намоиш дода шуд. Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон 24-уми сентябри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» идома ёфта, ихлосмандону ҳаводорони санъати волои синамо аз филми мустанади «Ҳокимаҳои Авруосиё» ва филми ҳунарии «Дос-Мукасан»-и истеҳсоли Қазоқистон бархӯрдор шуданд. 27-уми декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо, филмноманвисон ва дигар алоқамандони синамо баргузор гардид. Ба питчинг 18 адад лоиҳаҳои синамоӣ дар шакли филмномаю синопсис пешниҳод гардида, 12-тои онҳо зимни баргузории питчинг муаррифӣ ва рӯнамоӣ карда шуданд. Аз моҳи январи соли 2022 ҷиҳати таҳкими фаъолияти эҷодию истеҳсолии зерсохторҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилоятҳо студияҳои филмбардорӣ таъсис дода шуданд. “Суғдфилм”-и раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Суғд ба таҳия ва наворбардории филму, лавҳаҳо фаъолияти эҷодию истеҳсолии худро шурӯъ намуд. Дар заминаи шуъбаҳои истеҳсоли филмҳо ва техникӣ дар назди раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон студияи “Хатлонфилм” таъсис дода шуд. Фаъолияти истеҳсолии муассиса дар ин давра таҳия ва наворбардории филмҳои мустанади “Хоҷа Машҳад”, “Шикасти фитна”, “Се рӯзи як баҳор”, “Бешаи палангон”, “Тахти сангин”, “Бузи пармашох”, “Қалъаи Лағмон”, қисмҳои 21-35 филми тасвирии “Алифбо” ва филми ҳунарии кӯтоҳи “Наврӯзи деҳот”-ро дар бар гирифта, наворбардории филмҳои ҳунарии “Ҳақиқат”, “Се хоҳаракон…” ба итмом расида, давраи танзим ва бандубасти онҳо идома дорад. Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 29-уми ноябри соли 2022 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд, ки рушди минбаъдаи синамои миллиро муайян ва таъмин менамояд. Маҷмуаи тиллоии филмҳо Ба хотири манзури алоқамандони синамо намудан ва ҳифзу пойдории филмҳои классикии тоҷик Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” “Маҷмуаи тиллоии филмҳо”-ро дар сатҳи баланд омода ва пешкаши алоқамандони синамо намуд. Маҷмуа 100 адад филмҳои ҳунарии беҳтаринро, ки аз соли 1934 то соли 2003 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо коргардонии таҳиягарони маъруфи тоҷик рӯйи навор омадаанд, дар бар мегирад. Ҳамкориҳои муштарак Айни замон лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ. Дурахши ахтарон” мавриди коркард ва таҳия қарор дошта, филмнома аз ҷониби гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пурра омода карда шудааст, ки амалӣ шудани он боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни филмбардорони тоҷику ӯзбек мегардад. Бо мақсади амалисозии Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди “Киностудияи миллии “Беларусфилм” коркард ва таҳияи филми ҳунарии “Норак” идома дошта, рӯйи навор омадани филми мазкур оғозбахши ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику беларус хоҳад шуд. Инчунин, ба хотири тақвияти ҳамкориҳо бо “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” лоиҳаи филми тасвирии “Бабри барфӣ” омода гардида, дар ин замина қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шуд. Иштироки филмҳо дар синамоҷашнвораҳо Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё миёни 50 филм аз кишварҳои олам, ки аз 19-ум то 25-уми майи соли 2022 дар Лондон баргузор гардид, иштирок намуда сазовори ҷоизаи интихоби тамошобинон гардид. Инчунин, филми ҳунарии “Бачаи обӣ” дар синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ИДМ-и шаҳри Москва «Московская премьера» ширкат намуда, миёни даҳҳо филм аз кишварҳои олам, ду ҷоизаро ба даст овард.Ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба нақшофари навраси филм Меъроҷиддини Сафар созовор дониста шуд. Ҳамзамон, филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд” коргардон Мумин Латифӣ дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат намуда, сазовори диплому ҷоизаҳо дониста шуд. Аз ҷумла, дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона”-ро ба даст овард. Филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов дар синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон ва синамоҷашнвораи байналмилалии “Адабиёт ва кино”-и шаҳри Санкт-петербург ширкат намуда, сазовори ҷоизаи “Беҳтари филми ҳунаии кӯтоҳ” гардид. Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишварҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардид. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

27-уми декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо, филмноманвисон ва дигар алоқамандони синамо баргузор гардид. Нахуст, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён баргузории Питчинг ва фарорасии соли нави мелодиро ба ҳозирин таҳният гуфта, мазмуну моҳияти ва марому мақсади питчингро шарҳ дода, таъкид дошт, ки минбаъд ба хотири филмбардорӣ ва дарёфти филмномаҳои хубу баландмазмун Питчинги лоиҳаҳои синамоӣ пайваста доир карда хоҳад шуд. Баъдан, барои саҳми муносиб дар рушди синамои миллӣ ва собиқаи бардавом ҳунарпешаҳои мардумӣ Турахон Аҳмадхонов ва Баҳодур Миралибеков бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» сарфароз гардонида шуданд. Дар идома, филмномаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо муаррифӣ ва рӯнамоӣ гардиданд. Пас аз муаррифӣ ва рӯнамоии ҳар як лоиҳа миёни муаллифон ва иштирокчиён музокироти судманд тариқи суолу ҷавоб доир гардид. Ҳамин тавр, нахустин питчинги лоиҳаҳои синамоӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, зиёда аз 10 адад филмномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷааш пас аз 10 рӯзи тақвимӣ тавассути шабакҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” расонаи карда хоҳад шуд.

27-уми декабри соли 2022 китоби филмноманависи тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) “Филмномаҳои Шераки Ориён”, ки дар ду ҷилд рӯйи чоп омадааст, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои алоқамандони синамо, киношиносон, мунаққидони кино, коргардонҳо ва филмбардорон муаррифӣ ва рӯнамоӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар таърихи синамои миллӣ ин нахустин маҷмуаи филмномаҳои тоҷикӣ маҳсуб ёфта, барои филмбардорони ҷавон ва хоҳишмандон дастурамали омӯзишӣ маънидод карда шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишваврҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардид. Филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро фаро гирифта, рӯзгори пурпечутоби ду дӯсти ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро ба тамошобин намоиш медиҳад. Ҳирси молу дунё дӯстонро аз ҳам ҷудо месозаду риштаи пайвандию рафоқати миёни онҳо канда гардида, ҷойи онро нафрату адоват мегирад. Хотирнишон бояд намуд, ки дар нахустин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” филми ҳунарии “Дов” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардид ва барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии “Дов” ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Салоҳиддин Шукуров сазовор дониста шуд. Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, ба монанди Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақшҳо офаридаанд. Ҷоизаи навбатии филми ҳунарии “Дов”-ро ба аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҳамаи синамонигрони Тоҷикистон муборакбод мегӯем.

23-юми декабри соли 2022 Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистотн баён гардид. Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2023 муайян намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури рӯимизии ҳар як сокини кишвар разёбӣ мегардад. Бад-ин муносибат аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ба таври дастаҷамъӣ тамошо намуда, аз муҳтавои он бархӯрдор гардиданд. Дар ин замина, аҳли кормандони муассиса Паёмро дар фаъолияти рӯзмарраи худ дастур қарор дода, баҳри рушди бемайлони соҳаи синамои миллӣ саҳмгузор хоҳанд шуд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

9-юми декабри соли 2022 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии кинстудияи “Лендок” Телнов А.Н. ва директори киностудияи “Башкортостан” Аминев Ю.М., ки дар доираи Форуми фарҳангӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрии самимӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карда шуд. Таҳкими равобиту ҳамкориҳои самаровар дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боиси рушду нумӯи соҳаи синамо гардида, ҷиҳати тавсеаи муносиботи ҳасанаи синамонигорони ҳар ду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар идома, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки меҳмонон ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, дигар коргардонҳою филмноманависон ва алоқамандони соҳа музокирот доир гардида, рӯнамоии ду лоиҳаи синамоӣ-“Бабри барфӣ” барои офаридани филми тасвирӣ ва “Модар” барои филми ҳунарӣ аз рӯйи қиссаи нависанда Темур Зулфиқоров, ки дар ҳамкорӣ бо кинотсудияи “Лендок” амалӣ карда мешаванд, баргузор шуд. Саранҷом, миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Башкортостан” Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар доираи татбиқи Меморандуми мазкур таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак, ба роҳ мондани намоиш ва паҳнкунии филмҳо, табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои синамоӣ пешбинӣ шудааст. Тасвиб ва амалисозии меморандум боиси рушди соҳаи синамо ва ҳамкориҳои судманд миёни филмсозони тоҷику рус арзёбӣ мегардад. Вохӯрӣ ва музокирот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

29-уми ноябри соли 2022 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис лоиҳаи “Барномаи рушди кинои Ҷукмҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷонибдорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул дониста шуд. Ҳадафи кинои миллӣ ба ҳайси маъмултарин санъат, тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллати тоҷик дар давраи ҷоҳонишавӣ мебошад. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» лоиҳаи “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2023-2027” бо назардошти вазъи воқеии соҳа, раванди ҷаҳонишавӣ ва амалисозии муққаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино”, мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз 01.12.2016, №636, Протоколи маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, аз 11.11.2021, №4/26-26 ва ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ва тамоюли инъикоси фарҳангу худшиносии миллӣ таҳия намудааст. Маблағгузории чорабиниҳои Барномаи мазкур аз буҷети давлатӣ, маблағҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, инчунин шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамзамон дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Барномаи мазкур дар асоси таҳлилҳои асоснок бо таваҷҷуҳ ба дурнамои рушди кинои ватанӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои рушди кинои тоҷик муайян гардидааст. Ҳадаф ва вазифаҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз ҳама истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши оммавии кино, таъмини рушди кинематография ва санъати аудиовизуалии миллӣ, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкили назорати фаъолияти кинотолорҳо ва нуқтаҳои нусхабардорӣ, ба низом даровардани бозори маводи аудиовизуалӣ мебошад, ки бе заминаи устувори моддию техникӣ ва дастгирии давлатӣ амалӣ шудани онҳо ғайриимкон аст. “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар, таъмини соҳаи синамо ба техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинро ба синамо фаро гирифта, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи синамои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмиллалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба ғайр аз таҷрибаи миллӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи филмофарӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст. Муддати амали Барнома панҷ сол ва нақшаи амали он ду марҳиларо (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2027) дар бар гирифта, дар солҳои минбаъда тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, пояҳои рушди кинои миллиро таҳким бахшида, тавсеаи ҳамкориҳо ва ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтани кинои тоҷикро амалӣ менамояд. Бад-ин хотир, аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва тамоми синамонигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи синамои миллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ менамоянд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Ҳамасола, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 – уми октябр ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки рӯзи 15 – уми октябри соли 2022 соати 18:00 бахшида ба «Рӯзи кинои тоҷик» бо иштироки собиқадорони соҳа, мутахассисон, киношиносону зиёиён, намояндагони васоити ахбори омма ва ходимони давлатию сиёсӣ дар кинотеатри «Ватан» чорабинии фарҳангӣ баргузор намояд. Дар он муаррифии маҷмӯаи тиллоии кинои тоҷик ва қадрдонии собиқадорону синамонигорони ватанӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» манзури ҳаводорони синамо мегардад. «Додараки фариштаҳо» филми бадеии кӯтоҳи истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, аз рӯи асари нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯи навор омадааст. Филм дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон ва Синамоҷашнвораи байналмилалии «Адабиёт ва кино» – и шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардидааст. Иштирок дар ин чорабинӣ тавассути даъватнома сурат мегирад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

23-юми сенятбри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён, синамонигорон, ходимони давлатию сиёсӣ, фарҳангшиносону мунаққидони кино баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ҷаноби Валихон Амирхонули Турахонов, меҳмон аз Ҷумҳурии Қазоқистон Ойгул Бойбек ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ибрози назар намуда, баргузории чорабиниро барои тақвияти ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику қазоқ муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки чорабинии синамоӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон доир гардида, ҷиҳати табодули таҷриба, омӯзиш ва шиносоӣ бо санъату ҳунари синамонигрони хориҷи дурру наздик ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар офаридани филмҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳанарнамоии дастаҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшида, дар идома намоиши филми ҳунарии «Хонигарии қазоқ» коргардон Рустам Абдрашов манзури алоқамандони синамо гардид. Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон 24-уми сентябри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» идома ёфта, ихлосмандону ҳаводорони санъати волои синамо аз филми мустанади «Ҳокимаҳои Авруосиё» ва филми ҳунарии «Дос-Мукасан»-и истеҳсоли Қазоқистон бархӯрдор шуданд. Дар ин замина, минбаъд Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо бо филмбардорони берунмарзӣ тақвияту тавсеа дода, барои рушди бемайлони ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷи дуру наздик кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалии Тошканд «Дурдонаи роҳи абрешим» барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи синамо, касбияти воло, фаъолияти маърифатӣ, заҳмати бисёрсолаи поквиҷдонона, комёбиҳои назаррас, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо нишони «Ходими шоистаи кинематография» («KINEMATOGRAFIYA FIDOKORI») сарфароз гардиданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад. Мукофотро пеш аз ҳама ба мавсуф ва барои ҳамаи аҳли фарҳану синамо муборакбод мегӯем. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

15-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар доираи XIV Синамоҷашнвораи байналмилалии «Дурдонаи роҳи абрешим» Қарордод доир ба истеҳсоли муштараки филми ҳунарию таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ: Дурахши ахтарон» миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шахсияти директор Маҳмадсаид Шоҳиён ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар шахсияти директори генералӣ Абдухолиқов Фирдавс Фридунович ба тасвиб расид. Роҳбари бадеии лоиҳаи мазкурро коргардони маъруфи ҷаҳонӣ Люк Бессон ба зимма гирифтааст. Тафсилоти бештар баъдан пешкаш мегардад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Тавре қаблан хабар дода будем, аз 13-ум то 18-уми сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Синамоҷашнвораи XIV байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим», баргузор мегардад. 13-уми сенятбр Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Театри давлатии академии балети ба номи Алишери Навоӣ ифтитоҳ гардид. Нахуст филми мустанади “Се рӯзи як баҳор” коргардон Рустам Шоазимов муаррифӣ ва намоиш дода шуд. Филми ҳунарии “Роҳ” коргардон Носир Саидов оғозбахши Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон гардида, манзури алоқамандони синамо карда шуд. Дар ин замина, филмҳои ҳунарӣ ва мустанади Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, аз қабили: филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳамадрабии Исмоил, филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умедшо Мирзоширинов, филми мустанади “Масири ҳамдилӣ-СҲШ” коргардон Файзулло Файзов, ба Рӯзҳои кино дар шаҳри Урганҷ идома бахшида, барои алоқамандон ва ҳаводорони санъату ҳунари асил ба намоиш гузошта мешаванд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

оид ба шурӯи истеҳсоли филми ҳунарию таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар назар дошта шудааст. Инчунин, дар доираи баргузории Шурои VI директорони киностудияҳои ИДМ дар шаҳри Тошканд доир ба таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки “Норак” миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди “Киностудияи миллии “Беларусфилм”, ҳамзамон, доир ба филми тасвирии муштараки “Бабри барфӣ” бо киностудияи “Лендок” Меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд. Дар филиали Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография шаҳри Тошканд намоишгоҳи мусаввараҳои донишҷӯёни ин даргоҳи ҳунар баргузор мегардад. Ҳамзамон, се самти таълимӣ-маҳорати ҳунарпешагӣ, маҳорати наворбардорӣ ва коргардонии синамо аз соли нави хониш дар филиали ДДУК (ВГИК) -и шаҳри Тошканд таълим дода мешаванд, ки барои довталабону хоҳишмандони соҳаи синамо муносиб ва манфиатовар хоҳад буд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Аз 21-ум то 24-уми августи соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бахшида ба 90-солагии киностудияи “Лендок” Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои Россия ва кишварҳои хориҷи наздик, Конфронси байналмилалӣ оид ба истеҳсоли филмҳои муштараки Россия ва кишварҳои ИДМ, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шурои V директорони киностудияҳои ИДМ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои синамоӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар радифи роҳбарони киностудияҳои ИДМ-Баҳодур Одилов (“Ӯзбекфилм”), Акжолтой Бекболотов (“Қирғизфилм”), Нозим Гусейнов (“Озарбоҷонфилм”) ва мизбони чорабиниҳо Телнов Алексей (“Лендок”) иштирок карда, доир ба рушду таҳкими ҳамкориҳои судманд ибрози андеша намуд. Дар доираи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург филмҳои гуногуни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз қабили филмҳои ҳунарии “Хаёлпарастони музофотӣ” коргардон Румӣ Шоазимов, “Муаллим” коргардон Носир Саидов, филми кӯтоҳи бадеии “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов ва филми мустанади “Шинохти Саразм” коргардон Рустам Сатторзода барои алоқамандони синамо ва сокинони шаҳри Санкт-Петербург намоиш дода шуданд. Дар чаҳорчубаи Конфронси байналмилалӣ оид ба истеҳсоли филмҳои муштараки Россия ва кишварҳои ИДМ Питчинги лоиҳаҳои синамоӣ барои истеҳсоли филмҳои муштарак аз кишварҳои ИДМ пешниҳод ва муаррифӣ карда шуданд. Лоиҳаҳои синамоии “Асрори кӯзаҳо”, “Горлинка” ва “Бабри барфӣ” аз ҷониби синамонигорони тоҷик ба Питчинг пешниҳод гардида, лоиҳаҳои “Горлинка” ва “Бабри барфӣ” сазовори Диплом дониста шуда, “Бабри барфӣ” ҳамчун лоиҳаи муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Лендок” пазируфта шуд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои синамоӣ барои рушду инкишоф ва таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони кишварҳои ИДМ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар анҷоми чорабиниҳои синамоӣ иштирокчиён ва роҳбарони киностудияҳои ИДМ барои саҳми арзанда дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию синамоӣ бо “Ифтихорнома” ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд. Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён барои саҳми арзанда дар рушди фарҳангу ҳунар, касбияти воло, фаъолияти маърифатӣ, заҳмати бисёрсолаи поквиҷдонона ва комёбиҳои назаррас бо “Ифтихорнома”-и Маҷлиси қонунгузории шаҳри Санкт-Петербург сарфароз гардонида шуд. Маъмурияти «Тоҷикфилм”

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири манзури алоқамандони синамо намудан ва ҳифзу пойдории филмҳои классикии тоҷик “Маҷмуаи тиллоии филмҳо”-ро омода намуд. Маҷмуаи тиллоӣ филмҳои ҳунарии классикаи кинои тоҷик, ки сароғози пайдоиши синамои миллӣ мебошанд, дар бар мегирад. Филми ҳунарии беовози “Муҳоҷир”, ки соли 1934 бо коргардонии асосгузори синамои миллӣ Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст, “Маҷмуаи тиллоии филмҳо”-ро ҳусни оғоз бахшидааст. Сухани пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Маҷмуаи тиллоии филмҳо”-ро зиннат дода, мазмуну мундариҷаи онро басо ҷолибу рангин намудааст. Ҳамин тавр, филмҳои ҳунарии “Дӯстон боз вомехӯранд”, “Дохунда”, “Фарзанди Тоҷикистон”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Мансаби баланд”, “Чароғаке дар куҳҳо”, “Қисмати шоир”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Насруддин дар Хуҷанд”, “Писарро бояд зан дод”, “Амалиёти “Кобра”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ливои оҳангар”, “Зумрат”, “Шефтаҳо”, “Оромӣ намешавад”, “Бачаҳои Помир”, “Дӯст медорад ё на”, “Замони осоишта”, “Ҳасани аробакаш”, “Дирӯз ва имрӯз”, “Ниссо”, “Марги судхӯр”, “12 қабри Хоҷа Насруддин”, “Одами даркорӣ”, “Хокистари сӯзон”, “Хиёнат”, “Бо амри дил”, “Тобистони соли 1943”, “Муҳаббат ба куҳҳо”, “Рояли сафед”, “Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”, “Достони Рустам”, “Духтари сеюм”, “Қиссаи зиндони Павиак”, “Ҷӯра -саркор”, “Рустам ва Суҳроб”, “Минтақаи парвоз”, “Ситорае дар тирашаб”, “Чоркас аз Чорсанг”, “Салом, одами меҳрубон”, “Асрори пайроҳаи гумшуда”, “Бофандаҳо”, “Истгоҳи кӯҳӣ”, “Як умр кам аст”, “Бабр лозим аст”, “Вохӯриҳои кӯтоҳ ҳангоми ҷанги тӯлонӣ”, “Субҳи Ганг”, “Асрори оилаи ғаюровҳо”, “Достони Сиёвуш”, “Ҳафт домоди дуздидашуда”, “Ба Трускаветс кӣ меравад?”, “Боре дар синфи якум”, “Ишқи нахустини Насруддин”, “Хушбахтӣ наздик аст”, “Зане аз диёри дур”, “Одам пусташро иваз мекунад”, “Ошпаз ва сароянда”, “Як тиру ду нишон”, “Имрӯз ва ҳамарӯз”, “Аспҳои зери моҳтобшаб”, “Субҳи нахустини ҷавонӣ”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Минтақаи назоратӣ”, “Давиш”, “Ҷинояткор ва адвокатҳо”, “Марди роҳ”, “Боздошт”, “Ҳангоми туманҳои зимистона”, “Агар дӯст дорӣ”, “Гарвгон”, “Дар ағба напарронед”, “Асрори оила”, “Бубину ҳаловат бар”, “Саргузашти Муки хурдакак”, “Ба дӯстон хиёнат намекунанд”, “Боз як шаби Шаҳризода”, “Мухотаб: “Қулла”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар”, “Дом барои шағолон”, “Чашмаи гӯё”, “Қиссаҳои нави Шаҳризода”, “Дарвеши ланг”, “Салом, Гулнора Раҳимовна”, “Қатораи иловагӣ бо роҳи дуюм мерасад”, “Гулдухтарони “Суғдиён”, “Шаби охири Шаҳризода”, “Воқеа дар фурудгоҳ”, “Изи динозавр ба куҷо мебарад”, “Дарди ишқ”. “Марди мутааллиқи ду зан”, “Бародар”, “Бухорои шариф”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Ашк ва шамшер”, “Туҳмат”, “Асрори Нуҳ пайғамбар”, “Интиқомҷӯйи хурдакак”, “Муҷассамаи ишқ” бо шаклу сифати баланд дар “Маҷмуаи тиллоӣ” гирдоварӣ гардидаанд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори диёри зебоманзари Тоҷикистон филми мустанад таҳия ва рӯйи навор меоварад. Таҳия, наворбардорӣ ва банду басту танзими филм ба анҷом расида, олами флора ва фауна, инчунин манзараҳои зебою дилнишин ва табиати нотакрори кишвар рӯйи пардаи синамо ҷилвагар гардидааст. Бузи пармашох, ки яке аз ҳайвоноти нодири кишвар маҳсуб ёфта, дар мамнугоҳи «Даштиҷум» нигоҳубину парвариш меёбад, дар маърази асоси филм қарор гирифтааст. Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тарзи зисту зиндагонии ин ҳайвони камшумул, куҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои дилфиреб ва дараву макони хушобу ҳавои ин гӯшаи диёрро рӯйи сафҳаи дурбинҳои наворбардорӣ мунаққаш сохтанд, ки дар пардаи синамо басо ҷолибу дилангез таҷассум шудааст. Ҳадаф аз таҳияи филми мустанад ифшои розҳои нуҳуфтаи табиати афсункори Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвонот ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон арзёбӣ мегардад. Филм бо се забон таҳия гардида, барои тамоми алоқамандони синамо пешбинӣ мешавад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

18 – уми август дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо иштироки масъулон ва олимону муҳаққиқон ҷаласаи Шурои бадеӣ доир ба муҳокимаи филмномаи «Дурахши ахтарон» (Ҷомӣ ва Навоӣ) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Абдуҷаббор Раҳмонзода мушовири илмии филми «Дурахши ахтарон», Шодимуҳаммад Сӯфизода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Мақсудов Бадриддин, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Шамсиддин Орумбекзода, корманди Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик, Соро Мусофиршоева, собиқадори соҳаи синамо, Сафар Ҳақдодов, филмноманавис ва аъзоёни Шурои бадеӣ ширкат намуда, филмномаро мавриди муҳокима қарор доданд. Пас аз шинос шудани шакли аввали филмнома (дар асоси консепсияи пешниҳодшуда ва омода намудани сенария аз ҷониби филмноманависони ӯзбекистонӣ) гурӯҳи корӣ эроду пешниҳоди худро баён намуданд. Омода намудани филмнома бо забони асл (забони тоҷикӣ) ва пасон тарҷумаи он бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ, тақвият додани дӯстиву рафоқат байни қаҳрамонҳо (Ҷомӣ ва Навоӣ), нигоҳ доштани тавозун, такмил додани персонажҳои дуюмдараҷа, такрор нашудани сужаи филм бо дигар филмҳо ва дигар масъалаҳои ҷузъӣ, аз ҷумлаи он эроду пешниҳодот буд. Ҳамзамон, тавсия дода шуд, ки филмноманавис Сафар Ҳақдодов дар муддати даҳ рӯз дар ҳамкорӣ бо олимону муҳаққиқон дар асоси эроду пешниҳоди ироашуда шакли нави филмномаро бо забони тоҷикӣ ба Шурои бадеии муассиса пешниҳод намуда, коргардони филм барои баргузор намудани кастинг ҷиҳати интихоби ҳунармандон барои офаридани нақшҳо тадбир андешанд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

27-уми июли соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар  нимсолаи аввали соли 2022 бо иштироки роҳбарияти муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни баргузории нишаст директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти  муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ва вазъи соҳаи синамои миллиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” фаъолияти эҷодӣ, техникӣ ва хоҷагидории худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Нахустнамоиши филмҳо Нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” аз рӯйи ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, бо коргардонии Умед Мирзоширинов      28-уми январи соли 2022, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои доираи васеи алоқамандони синамои ватанӣ баргузор карда шуд. Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи    Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, таъсири хурофот ба рӯзгори як  оиларо инъикос намудааст. Нахустнамоиши филми ҳунарии «Баҳори хазонрез» – и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз рӯи романи «Моҷарои зиндагӣ» – и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров   4-уми  феврали соли 2022  дар   кинотеатри «Ватан»  манзури тамошобинон  гардид. Баргузории чорабиниҳои синамоӣ   дар нимсолаи аввали  соли 2022. Дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 13-ум то 18-уми марти соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ҷашнвораи филмҳои Амрикою Тоҷикистон баргузор гардид. Аз 30 -юми март то 2 – юми апрели соли 2022 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои зерини синамоиро дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намуд: 30-юми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз”   Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 31-уми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз”    Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон 31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон барпо карда шуд. Бо мақсади тарѓиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” нахустин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил”  бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор шуд. Ҳамзамон, бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 3-юм то 6-уми майи соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ баргузор гардид. Таҳияи Маҷмуаи тиллоии филмҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” фарогири 100 филми классикаи тоҷик шурӯъ гардида, то охири сол пурра омода карда мешавад. Иштироки филмҳо дар синамоҷашнвораҳо Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», коргардон Файзулло Файзов    дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё дар Лондон   сазовори ҷоизаи интихоби тамошобинон гардид. Ҳамзамон, филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд” коргардон Мумин Латифӣ дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения  ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона”-ро ба даст овард. Филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов ба синамоҷашнвораи филмҳои мусулмонии Қазон ки аз 7-ум то 11-уми сентябр баргузор мегардад, дар озмуни филмҳо барои ҷоизаи аввал пешниҳод шудааст. Фаъолияти эҷодию истеҳсоли муассиса Филмҳои мустанад: “Наврӯзи деҳот” аз ҷониби раёсати  муассиа  дар ВМКБ   омода гардида, тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд. “Шикасти фитна” найрангу дасисаҳо ва ҷинояту хиёнати хоинону душманони миллати тоҷикро ифшо намуда, тариқи тамоми шабакаҳои телевизион намоиш дода шуд. Таҳия ва наворбардории филми мустанади “Бузи пармашох” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расида, танзим ва бандубасти филм идома дорад. Раёсати муассиса дар вилояти Хатлон филми мустанади “Хоҷа Машҳад”-ро дар бораи ёдгории таърихӣ бо давомнокии 23 дақиқаю 20 сония пурра омода намуд. “Се рӯзи як баҳор” дӯстию рафоқати миёни халқу миллатҳои кишварҳои ИДМ, аз қабили  халқҳои тоҷик, ӯзбек, беларусро тараннум намуда, баҳри тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои судманди синамонигорони давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон  саҳмгузор мебошад. Филмҳои тасвирӣ Филми тасвирии “Достони гандум” пурра омода карда шуд, ки доир ба зироати гандум ва коркарди он ба таври тасвирӣ ҳикоят мекунад. Филмҳои ҳунарии пурра: Давраи омодагии филми ҳунарии “Ҳақиқат” бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ оѓоз гардид. Таҳияи филми ҳунарии “Се хоҳаракон…” бо коргардонии Маҳмадрабӣ Исмоилов шурӯъ шудааст. Дар навбати худ мухбирон ва рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизиону радио дар нишаст фаъолона ширкат намуданд. Намояндагони васоити ахбори омма бештар доир ба пур кардани фазои холии синамои миллӣ бо филмҳои ватанӣ, роҳ надодан ба намоиши филмҳои ба ахлоқи мардуми тоҷик бегона, пешгирии қочоқи маводҳои аудиовизуалӣ, наворбардории филмҳои ҳунарии таърихӣ, тарбияи мутахассисони касбии соҳа,  ҷалби гранту сармоягузориҳо ба соҳаи синамо, таҳияи филмҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷӣ ва дигар масоили марбути соҳа мароқ зоҳир намуда, ба суолҳояшон посухҳои мушаххасу қаноатманд гирифтанд. Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ нахустнамоши филми мустанади “Се рӯзи як баҳор” барои иштирокчиён ба роҳ монда шуд. Муассиса минбаъд ҷиҳати   рушду нумӯи синамои  миллӣ кӯшиш ба харҷ дода,  филмҳоеро рӯйи навор меоварад, ки  идеологияи давлатро тарѓиб намуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини неки халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

22-юми июли соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса ва дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар нимсолаи аввали соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2022 як қатор чорабиниҳои синамоиро дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ баргузор намуд. Дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 13-ум то 18-уми марти соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои Амрикою Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, синамонигорону алоқамандони синамо ширкат намуда, аз тамомшои филмҳои истеҳсоли Амрико ва Тоҷикистон муддати 4 рӯз баҳра бардоштанд. Ҳамзамон, бахшида ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 3-юм то 6-уми майи соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ баргузор гардид. Дар доираи чорабинии синамоӣ филмҳои истеҳсоли Ҳиндустон муддати 4 рӯз барои алоқмандони синамо бо забони ноби тоҷикӣ намоиш дода шуданд. Инчунин, ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз 30-юми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз” бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони ӯзбек ва манзури алоқамандони синамо намудани филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид. Муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд. 31-уми марти соли 2022 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон дар кинотеатри “Наврӯз” доир гардиданд. Дар ин замина, филмҳои истеҳсоли Беларус барои алоқамандони синамо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ манзури алоқамандони синамо гардонида шуданд. 31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон барпо карда шуд, ки дар кори он директорони киностудияҳои ИДМ иштирок карданд. Шуро масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, фаъолият ва неруи эҷодию техники киностудияҳоро муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкориро тавсеа хоҳад дод. Дар хотимаи Шуро миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Киностудияи миллии «Белорусфилм» ва Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт – Петербург» Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор шуд. Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ карда шуданд. Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир карда шуд. Аз моҳи январи соли 2022 ҷиҳати таҳкими фаъолияти эҷодию истеҳсолии зерсохторҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилоятҳо студияҳои филмбардорӣ таъсис дода шуданд. “Суғдфилм”-и раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Суғд ба таҳия ва наворбардории филму, лавҳаҳо фаъолияти эҷодию истеҳсолии худро шурӯъ намуд. Дар заминаи шуъбаҳои истеҳсоли филмҳо ва техникӣ дар назди раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон студияи “Хатлонфилм” таъсис дода шуд. Фаъолияти истеҳсолии муассиса дар ин давра таҳия ва наворбардории филмҳои “Наврӯзи деҳот”, “Хоҷа Машҳад”, “Шикасти фитна”, “Се рӯзи як баҳор”, “Бузи пармашох” ва шурӯи истеҳсоли қисмҳои боқимондаи филми тасвирии “Алифбо”-ро дар бар гирифта, давраи омодагӣ барои филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат” ва филми кӯтоҳи ҳунарии “Се хоҳаракон” оғоз гардида, банаворгирии филмҳо дар нимсолаи дуюм дар назар дошта шудааст. Коркарди таҳия ва наворбардории филми мустанади “Тоҷикон” коргардон Рустам Шоазимов, филми ҳунарии “Решаҳо” коргардон Файзулло Файз идома дошта, дар давраҳои минбаъда филмҳои мазкур рӯйи навор хоҳанд омад. Таҳия ва наворбардории филмҳои мустанади “Бешаи палангон” ва “Тахти сангин” идома дорад. Ҳамкориҳои муштарак Айни замон ду лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ва филми ҳунарии “Ситораи ноаён” мавриди коркард ва таҳия қарор доранд, ки амалӣ шудани онҳо боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни филмбардорони тоҷику ӯзбек мегардад. Бо мақсади амалисозии Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди “Киностудияи миллии “Беларусфилм” коркард ва таҳияи филми ҳунарии “Норак” идома дошта, рӯйи навор омадани филми мазкур оғозбахши ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику беларус хоҳад шуд. Инчунин, ба хотири тақвияти ҳамкориҳо бо “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” лоиҳаи филми ҳуҷҷатии “Кӯзаҳо” барои иштирок дар питчинг ба озмуни ин студияи номдор ирсол карда шуд. Иштироки филмҳо дар синамоҷашнвораҳо Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё миёни 50 филм аз кишварҳои олам, ки аз 19-ум то 25-уми майи соли 2022 дар Лондон баргузор гардид, иштирок намуда сазовори ҷоизаи интихоби тамошобинон гардид. Ҳамзамон, филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд” коргардон Мумин Латифӣ дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат намуда, сазовори диплому ҷоизаҳо дониста шуд. Аз ҷумла, дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона”-ро ба даст овард. Филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов дар синамоҷашнвораи филмҳои мусулмонии Қазон ки аз 7-ум то 11-уми сентябр баргузор мегардад, пазируфта шуда, дар озмуни филмҳо барои ҷоизаи аввал мубориза хоҳад бурд. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шашмоҳаи аввали соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

22-юми июли соли 2022 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии Гурӯҳи сармоягузории «VISION»-и Ҷумҳурии мардуми Чин ва ҳайати ҳамороҳонаш мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрии самимӣ доир ба рушди ҳамкориҳо дар офаридани филмҳои муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карда шуд. Таҳкими равобиту ҳамкориҳои самаровар дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боиси рушду нумӯи соҳаи синамо гардида, ҷиҳати тавсеаи муносиботи ҳасанаи синамонигорони ҳар ду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар хотима, миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ширкати “Восток Мин -Чен”-и Ҷумҳурии мардумии Чин Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар доираи татбиқи Меморандуми мазкур таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак, таъмини таҷҳизоту технологияи филмбардорӣ, ба роҳ мондани намоиш ва паҳнкунии филмҳо, табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои синамоӣ пешбинӣ шудааст. Тасвиб ва амалисозии меморандум боиси рушди соҳаи синамо ва ҳамкориҳои судманд миёни филмсозони тоҷику чин арзёбӣ мегардад. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Аз 21-ум то 26-уми июни соли 2022 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон бо ибтикори вазорати маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Арманистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ “Семинари байналмилалии кишварҳои ИДМ “Солид Арт. Ҳунари муосир ва идораи давлатӣ” баргузор гардид. Дар кори семинар дар қатори ҳайатҳо аз кишварҳои ИДМ ҳайати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” иборат аз сармуҳаррир Назар Назаров ва сармутахассиси шуъбаи ҷалби грантҳо ва ташкили синамоҷашнвораҳо Ҷовидон Маҳмадов иштирок намуданд. Зимни семинар мавзуҳои муҳиму мубрами соҳа, аз қабили Мероси фарҳангӣ: ҳифозат ва байналмилалӣ кардани мероси синамои миллӣ ва истеҳсоли филмҳои муштараки кишварҳои иштирокчӣ мавриди муҳокимаю мубоҳиса қарор дода шуданд. Назар Назаров сармуҳаррири Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” оид ба мавзӯйи “Истеҳсоли филмҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша карда, доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истеҳсоли филмҳои муштараки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо кинематографистони хориҷӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба иштирокчиёни семинар маълумоти муфассал манзур намуд. Ҳамарӯза, зимни муҳокимаронию баромадҳо баҳсҳои ҷолиб сурат гирифта, миёни иштирокчиёни семинар муколамаи судманд ба роҳ монда шуд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои синамоӣ барои рушду инкишоф ва таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони кишварҳои ИДМ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар анҷоми семинар барои баромадҳои пурмуҳтаво ба сухангӯён сипоснома ва барои дигар иштирокчиён сертификат тақдим гардид.

29-уми июни соли 2022 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарранро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрии самимӣ доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо ибрози андеша карда шуд. Ҷонибҳо барои тавсеа ва тақвияти ҳамкорию равобити судманди кинематографистони тоҷику фаронсавӣ мавҷуд будани заминаи мусоидро муҳим арзёбӣ намуданд. Ба роҳ мондани таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои синамоӣ,ҳамзамон ташкили рӯзҳои кино мавриди муҳокима ва мубодилаи афкор қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди устувори ҳамкориҳо баргузор намудани ҷашнвораи филмҳои тоҷик ва фаронсавӣ дар Тоҷикистон ва минбаъд дар Фаронса боиси огоҳию шиносоии алоқамандони синамои асили ҳарду ҷониб аз филмҳои баландмазмуну тамошобоби кишварҳои дӯст дарак хоҳад дод. Марҳилаи аввали баргузории ҷашнвораи филмҳои тоҷику фаронса охири моҳи август ва ибтидои моҳи сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, аввалҳои соли 2023 баргузории чорабинии мазкур дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар назар дошта шудааст. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори диёри зебоманзари Тоҷикистон филми мустанад таҳия ва рӯйи навор меоварад. Таҳия вав наворбардории филм аллакай шурӯъ гардида, олами флора ва фауна, инчунин манзараҳои зебою дилнишин ва табиати нотакрори кишварро рӯйи пардаи синамо ҷилвагар хоҳад сохт. Бузи пармашох, ки яке аз ҳайвоноти нодири кишвар маҳсуб ёфта, дар мамнугоҳи «Даштиҷум» нигоҳубину парвариш меёбад, маҳаки асоси филм маънидод мегардад. Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баҳри аз наздик шиносоӣ пайдо намудану наворбардорӣ аз тарзи зисту зиндагонии ин ҳайвони камшумул ба минтақаи Даштиҷум сафари корӣ анҷом дода, куҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои дилфиреб ва дараву макони хушобу ҳавои ин гӯшаи диёрро рӯйи сафҳаи дурбинҳои наворбардорӣ мунаққаш сохтанд, ки дар пардаи синамо басо ҷолибу дилангез таҷассум хоҳад гашт. Ҳадаф аз таҳияи филми мустанад ифшои розҳои нуҳуфтаи табиати афсункори Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвонот ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон арзёбӣ мегардад. Филм бо се забон таҳия гардида, барои тамоми алоқамандони синамо пешбинӣ мешавад.

26-уми майи соли 2022 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади боз ҳам ташвиқу тарғиб ва огоҳии насли ҷавон аз кирдорҳои пасту разилонаи гурӯҳи фитнаангезу ҷиноятпеша, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боиси нооромию бетартибиҳо гардидаанд, филми мустанади «Шикасти фитна» барои аъзоён ва масъулони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он намоиш дода шуд. Пас аз тамошои филм масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва иштиркчиёни намоиш доир ба кирдору амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои фитнаангез, ки бо далелу арқоми саҳеҳ дар филм ифшо шудааст, ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки сокинони бонангу номуси Тоҷикистон, алалхусус, мардуми шарифи Бадахшон ҳеҷ гоҳ ба чунин гурӯҳҳои кӯчаку пастфитрат имкон нахоҳанд дод, то ба мақсадҳои нопоки хеш бирасанд, оромиву осудагӣ ва амнияти кишварро халалдор созанд. Аз кормандону аъзоёни фаъоли ҲХДТ даъват ба амал оварда шуд, ки миёни ҷавонону наврасон, ки қишри осеппазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, тарғибу ташвиқи ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳимояти марзу буми ватан ва фирефта нашудан ба дасисаҳои хоинони миллат корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар роҳандозӣ гардад. Маъмурияти ташкилоти ибтидоии “Тоҷикфилм”-и ҲХДТ

Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё миёни 50 филм аз кишварҳои олам, ки аз 19-ум то 25-уми майи соли 2022 дар Лондон баргузор гардид, иштирок намуд. Филм дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шуда, аз рӯзгори наврасе, ки ба моҳигирӣ шавқ дошта, мехоҳад оянда ба ин касб шуғл варзад ҳикоят мекунад. Инчунин, филм масоили муҳити зист, кам шудани захираҳои об ва хушкшавии рудхона, кӯлу дарёҳоро дар робита ба гармшавии глобалии иқлим инъикос намудааст. Дар маросими ҷамъбасти ҷашнвора намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ширкат намуда, аз пазироӣ ва писанди алоқамандони синамо шудан ва соҳиби ҷоизаи интихоби тамошобини ҷашнвора гардидани филми ҳунарии «Бачаи обӣ» изҳори хушнудиву қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки минбаъд иштироки бештари филмҳои Тоҷикистон дар ҷашнвораҳои байналмилалии аврупоӣ афзун шаванд, то тамошобини аврупоӣ аз фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллати тоҷик бархӯрдор гардад. Ҷоизаи филми ҳунарии «Бачаи обӣ» барои ҳамаи синамонигорон ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муборак бошад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

23-юми майи соли 2022 бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Маҷлис бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба ифтихори Рӯзи ҷавонон ҳозиринро шодбош гуфта, дар бораи саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни кишвар ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ва фарҳангию синамоии кишвар басо назаррас мебошад. Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммад Авфии Бухороӣ ҷавононро бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, онҳоро ояндаи кишвару давлат номид. Дар идома ҷавонони фаъоли муассиса бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла, «Сипоснома»-ҳои ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. Намоиши филми ҳунарии «Автобус» анҷомбахши маҷлиси тантанавӣ гардид. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

18-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну мароисм бо иштироки аъзои комиссия, аксари кормандон ва масъулони дастгоҳи идории «Тоҷикфилм» баргузор гардид. Дар ҷаласа директори Муассисаи давалтии «Тоҷикфилм», раиси Комиссияи ҷамъиятӣ ва дигар аъзоёну иштироккунандагон суханронӣ намуда, банду моддаҳои қонунро мавриди баррасию муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки ба шарофати қабули қонуни мазкур солҳои охир сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар гардида, расму оин ва ҷашну маросимҳо ба маҷрои муайян дароварда шуданд. Маросимҳои суру азодории кормандон дар ҳамоҳангӣ бо аъзои Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир шуда, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҷаласа бо таҳияи суратмаҷлис ба рамият дароварда шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва мутасаддиён барои иҷрои бандҳои қарори мазкур вазифадор гардиданд. Маъурияти “Тоҷикфилм”

13-уми майи соли 2022 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маҳфили китобхонӣ баргузор гардид. Дар маҳфил кормандони масъул ва сардорони шуъбаҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ширкат намуда, китоби безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мавриди мутолиа ва мубоҳиса қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки асари беназири «Тоҷикон», ки бо ибтикори Пешвои миллат бознашр шуда, барои ҳар як оилаи тоҷик ҳамчун ҳадя тақдим гардид, барои худшиносию худогоҳӣ ва донистану аз худ кардани таърихи бою рангини миллати куҳанбунёди тоҷик басо саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад. Китоби «Тоҷикон» бояд асари рӯйи мизии ҳар як фарди бонангу номус бошад ва мавриди омӯзишу мутолиа қарор дода шавад. Мавриди зикр аст, ки маҳфили китобхонӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ҳамин рӯз оғоз гардида, минбаъд ҳар ҳафта бо ҷалби бештари кормандон идома хоҳад ёфт. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҳошим Гадо 10-уми майи соли 2022 ба баҳори 85-уми умри хеш мерасад. Нақшҳои хотирмону дилангези ӯ дар саҳнаҳои театру синамои миллӣ имкон фароҳам овард, ки ҳунарпеша дар дили мухлисон ҷо гирад. Нақшофарии ӯ дар синамои тоҷик аз хотири тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ зудуда нахоҳад шуд. Ҳаёту фаъолияти Ҳошим Гадо дар саҳнаҳои театру синамо сипарӣ гардида, дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои ҳунарии «Муҳорибаи се шоҳ» (1990), «Марзи давлатӣ: Қуми сурх» (1984), «Баҳодурони кӯли сиёҳ» (1983), «Эҳё» (1983), «Биҳиштро дар ин ҷо намебинӣ» (1982), «Хизмат ба Ватан» (1980), «Зане аз диёри дур» (1978), «Ишқи нахустини Насруддин» (1977), «Муҳосира» (1977), «Хокистари сӯзон» (1975), «Тӯфон дар водӣ» (1972), «Рустам ва Суҳроб» (1971), «Ин ҷо марз аст» (1971), «Кашфи асрор» (1969), «Ахтари Улуѓбек» (1964) ва «Дувоздаҳ соати ҳаёт» (1963) нақш офаридааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳошим Гадо бо як қатор ҷоизаю мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» ва нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Имрӯз, ки Ҳошим Гадо зодрӯз дорад, аз номи роҳбарият ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» эшонро ба муносибати фарорасии 85-солагӣ табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, хотири ҷамъ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем. Бигзор баҳори умри Шумо, зиндагиатон ҳамеша чун тозагулҳои баҳорӣ зебову ботароват бошад. Ҷашни мавлуд муборак!

3-юми майи соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ алоқамандони синамо, собиқадорон, мутахассисони соҳа ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ходимони фарҳангу сиёсат иштирок намуданд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозирин ва иштирокчиёни чорабиниро бо оғози Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯст табрику таҳният гуфтанд. Такид гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳи хуби шарикию муколамавӣ қарор дошта, робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию синамоӣ сол аз сол миёни ҳарду кишвар рушду нуму менамоянд. Баргузор намудани чорабиниҳои синамоӣ минбаъд барои таҳкими ҳамкориҳо миёни филмбардорони Тоҷикистону Ҳиндустон ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар хотимаи маросим филми ҳунарии «Ки ва Ка» бо забони тоҷикӣ барои алоқамандони синамо намоиш дода шуд. Дар доираи чорабинии синамоӣ филмҳои истеҳсоли Ҳиндустон аз 3-юм то 6-уми майи соли равон дар кинотеатри «Ватан» манзури барои алоқамандони синамо гардонида мешаванд. Даромад ройгон мебошад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Имрӯз (29.04.2022) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҳамоиш оид ба муаррифии лоиҳаи синамоии муштарак баргузор гардид. Дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор, Ғайбуллозода Толиб муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Сафар Ҳақдодов раиси Иттифоқи синамонигорони Тоҷикистон, Файзулло Файзов коргардон ва Исрофилниё Шарифмурод аъзо кореспонденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳузур ва суханронӣ намуданд. Дар кори ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода Низомӣ Муҳриддин, директори китобхонаи ба номи Индра Гандии Академияи миллии илмҳо Сӯфизода Шодимуҳаммад, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Бадриддин Мақсудов тариқи маҷозӣ ширкат доштанд. Аз ҷониби Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шуҳрат Сироҷиддинов ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек Рустам Ҷабборов филмноманавис, Фурқат Усмонов коргардон ва дигар олимону эҷодкорон иштирок ва ибрози назар карданд. Бояд қайд кард, ки ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад. Таъкид гардид, ки ин лоиҳа басо азим ва мушкилписанд буда, амалишавии он боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои дӯсту ҳамҷавор гардида, филм бо ҷалби мутахассисони дохилию хориҷӣ рӯйи навор омада, барои доираи васеи алоқамандони синамо пешбинӣ карда мешавад. Ҳадаф, хати сюжа ва муҳтавои филм дар шакли ролик барои ҳозирин намоиш дода шуд. Зимни намоиши ролик қайд карда шуд, ки наворбардории филм дар маконҳои таърихии ҳар ду кишвар амалӣ гардида, барои нақшофарӣ ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷику ӯзбек ва хориҷӣ тариқи овоздиҳӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон, барои машварат ва дар сатҳи баланд рӯйи навор омадани филм коргардон ва продюсери машҳури фаронсавӣ Люк Бессон барои ҳамкорӣ даъват карда мешавад. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи пешнависи филмнома барои баррасӣ ва тасдиқ ба Роҳбарияти Олии ҳарду кишвар манзур карда мешавад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо мақсади ташвиқу тарғиби филмҳои ватанӣ аз 3-юми майи соли 2022 намоиши филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм»-ро ба роҳ мемонад. Дар муддати як моҳ филмҳои ҳунарии «Автобус» коргардон Абдулҳай Зокиров, «Охирин сайди сайёд» коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов ва «Баҳори хазонрез» коргардон Раҷабалӣ Пиров барои алоқамандони синамои миллӣ намоиш дода мешаванд. Хотирнишон месозем, ки соли 2020 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар заминаи толори якуми муассиса кинотеатри замонавиро бо тамоми шароити муносиб омода намуда, ба хотири гиромидошти хотираи собиқадори соҳа бо пешниҳоди аҳли эҷоду синамо ба кинотеатр номи коргардон Тоҳир Собиров гузошта шуд. Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо 60 ҷойи нишаст дар радифи кинотолорҳои муосири «Ашан» ва «Наврӯз» яке аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбад. Барои маълумоти бештар ва дастрасии чиптаҳо бо телефонҳои зайл иртибот гирифтан мумкин аст: 889-05-47-47 985-47-47-26

Дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 3-юм то 6-уми майи соли 2022 дар кинотеатри «Ватан»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои ҳиндӣ баргузор мегардад. Дар доираи чорабинии синамоӣ филмҳои истеҳсоли Ҳиндустон муддати 4 рӯз барои алоқмандони синамо намоиш дода мешаванд. Даромад ройгон мебошад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

20-уми аперли соли 2022 ҷаласаи Гурӯҳи кории давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба кинематография шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус  баргузор гардид. Ҷаласа аз  ҷаласаҳои Шурои директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон, ки  моҳҳои ноябр ва декабри соли 2021 дар шаҳрҳои Минску Тошканд ва моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, натиҷагирӣ намуд. Ҳамзамон, нақшаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ  оид ба кинематография барои солҳои 2022-2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷаласа тариқи маҷозӣ сурат гирифта дар кори он намояндагони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Молдова, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонӣ    ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён намояндагӣ ва муаррифӣ намуд. Шурои 4-уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон ба қароре омад, ки фаъолияти минбаъдаи худро ба шакли «Иттиҳодияи байналмилалии эҷодии кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон» ба роҳ монда, дар ин самт роҳбарияти Иттиҳодияи навтаъсис интихоб карда шуд. Ҳамин тавр, раиси Иттиҳодияи байналмилалии эҷодии кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон Абдухолиқов Фирдавс, директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Карачевский В.М., директори генералии «Беларусфилм», муовини раиси Иттиҳодия  оид ба корҳои эҷодӣ ва Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», муовини раиси Иттиҳодия  оид ба масоили иқтисодӣ интихоб гардиданд. Барои дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани Шурои 4-уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон дар шаҳри Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” изҳори  сипос карда шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» корҳои бунёдкорию созандагӣ амалӣ мегардад. Дар ин замина, роҳравҳо ва атрофи «Ахтари хотира», ки барои гиромидошти рӯҳи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳудуди муассиса бунёд ёфтааст, сангфарш карда шуд. Хотирнишон месозем, ки бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» долонҳои ошёнаҳои 1 ва 2 бинои асосии муассиса мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, аксҳои собиқадорони кинои тоҷик насб гардида, фазои синамоӣ ба бор омад. Ҳамзамон, павилиони муассиса навсозӣ гардида, барои наворбардории филмҳо ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ шароити муносиб муҳайё карда шуд. Минбаъд ободкорию бунёдкорӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» идома хоҳад ёфт. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

20-уми апрели  соли 2022   дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти   фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар  семоҳаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса  ва  дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни  ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён,   дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо   дар   семоҳаи аввали соли 2022     мавриди таҳлилу баррасӣ қарор  доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса дар семоҳаи аввали соли 2022 як қатор чорабиниҳои синамоиро дар сатҳи баданди ташкилдию омодагӣ баргузор намуд. Дар робита ба 30-солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 13-ум то 18-уми марти соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои Амрикою Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, синамонигорону алоқамандони синамо ширкат намуда, аз тамомшои филмҳои истеҳсоли Амрико ва Тоҷикистон муддати 4 рӯз баҳра бардоштанд. Ҳамзамон,      бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз   30-юми марти соли 2022   дар кинотеатри “Наврӯз” бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони ӯзбек ва манзури алоқамандони синамо намудани филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон  баргузор гардид. Муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд. 31-уми марти соли 2022 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон дар кинотеатри “Наврӯз”   доир гардиданд.  Дар ин замина, филмҳои истеҳсоли   Беларус барои   алоқамандони синамо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ манзури алоқамандони синамо гардонида шуданд. 31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон   барпо карда шуд, ки дар кори он  директорони киностудияҳои ИДМ  иштирок карданд. Шуро  масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосирро   мавриди баррасӣ қарор дода, фаъолият ва неруи эҷодию техники киностудияҳоро муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкориро тавсеа хоҳад дод. Дар хотимаи Шуро миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Киностудияи миллии «Белорусфилм» ва Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт – Петербург» Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   нахустин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил”  бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор шуд. Дар  озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ карда шуданд. Маросими  ҷоизасупории  Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”    бо   иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022,  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир карда шуд. Аз моҳи январи соли 2022 ҷиҳати таҳкими фаъолияти эҷодию истеҳсолии зерсохторҳои  Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилоятҳо студияҳои филмбардорӣ таъсис дода шуданд. “Суғдфилм”-и раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Суғд ба таҳия ва наворбардории филму, лавҳаҳо  фаъолияти эҷодию истеҳсолии худро шурӯъ намуд. Дар заминаи шуъбаҳои истеҳсоли филмҳо ва техникӣ дар назди раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон студияи “Хатлонфилм” таъсис дода шуд. Фаъолияти истеҳсолии муассиса дар ин давра  таҳия ва наворбардории филмҳои   “Наврӯзи деҳот”,   “Хоҷа Машҳад” ва шурӯи истеҳсоли қисмҳои боқимондаи филми тасвирии “Алифбо”-ро дар бар гирифта, наворбардории филмҳои ҳунарии кӯтоҳу пурра  дар давраҳои минбаъдаи соли 2022 дар назар дошта шудааст. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар  семоҳаи аввали соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

30.03.2022 дар кинотеатри «Наврӯз» маросими расмии Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар даромадгоҳи Кохи Наврӯз меҳмононро бо навои таблу тарона ва рақсҳои диошуб дар фазои танантавӣ пешвоз гирифтанд. Кинотеатри «Наврӯз» фазои идона ба бар карда, алоқамандони синамо, киношиносону мутхассисон, синамонигорон ва собиқадорон ба ҳам омаданд, то Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшанд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳайати синамонигорони кишварҳои ИДМ-ро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, баргузории чорабинии мазкурро ҷиҳати таҳкими робитаҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нек арзёбӣ намуд. Директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати бонуфузи ҳунарпешагону коргардонҳои кишвари дӯсту ҳамҷавор аз пазироӣ ва истиқболи самими халқи тоҷик изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Барномаи консерти бо иштироки ҳунармандону дастаҳои ҳунарӣ хотири ҳозирин ва меҳмононро шоду масрур намуд. Намоиши филми ҳунарии «Хатсайри 101» оғозбахши Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон гардид. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Ҳайати синамонигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи баругзории Рӯзҳои кинои ӯзбек дар Тоҷикистон 31-уми марти соли равон ба шаҳри Ҳисор сафр намуда, аз маконҳои таърихию сайёҳӣ ва тантанаҳои наврӯзии Ҳисори шодмон дидан намуданд. Меҳмонони ӯзбек аз пазироии самимии сокинони Ҳисор ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик бори дигар бархурдор шуда, изҳори сипосу миннатдорӣ баён доштанд. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми ҳунарии “Асорат” истеҳсоли “Ӯзбекфилм” барои алоқмандони синамо намоиш дода шуд ва филм писанди тамошобинон гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо як ҷаҳон таассуроти нек ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Ҳамзамон, дар кинотеатри “Ватан” ин бегоҳ филми ҳунарии “Асорат” ба сокинони пойтахт намоиш дода шуд. Пеш аз намоиши филм гурӯҳи эҷодии филм имкон пайдо намуданд, ки бо мухлисону алоқмандони синамо аз наздик мулоқот намоянд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

1-уми апрели соли равон ҳайати синамонигорони кишварҳои ИДМ, ки ҷиҳати иштирок дар Шурои 4 директорони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон ба Тоҷикистон  омада буданд, аз ҷараёни корҳои сохтмонии «НБО Роғун» ва маконҳои зебою  сайёҳӣ ва барои наворбардории филмҳо мувофиқи  шаҳри Роғун  дидан намуданд. Хайати меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун сокинон тибқи таомули меҳмоннавозии тоҷикон бо гулу гулдаста ва нону асал истиқбол гирифтанд. Тамошои    дарбанд, нақбҳои сохтмонӣ, толори мошинҳо ва дигар иншооти бунёдшавандаи НБО Роғун ва ҷойҳои барои наворбадории филмҳо мувофиқ мавриди писанди  ҳайати меҳмонон ва боиси тааҷубу ҳайратоварии онҳо қарор гирифтанд. Нимаи дуюми рӯзи 1-уми апрел ҳайати меҳмонон аз тантанаҳои наврӯзии шаҳри Роғун боздид намуда, ба расму оини наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Меҳмонон аз тамошои иншооти аср «НБО Роғун» ва таомулу меҳмоннавозии сокинони  шаҳри Роғун таассуроти нек бардошта, барои пазироии самимию гарму ҷӯшон ба мардуми шарафманди тоҷик ва сокинони бонангу номуси шаҳри Роғун изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

31-уми марти соли 202 дар кинотеатри “Наврӯз” якумин Рӯзҳои кинои Беларус бо баргузории барномаи консертӣ ва иштироки синамонигорон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони сиёсату фарҳанг ва алоқамандони синамо доир гардид. Истиқболи меҳмонон дар даромадгоҳи Кохи Наврӯз дар фазои мутантан сурат гирифта, дар кинотеатри “Наврӯз” маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хайрамақдам гуфта, доир ба ҳмкориҳои судманди синамонигорони тоҷику беларус изхори назар намуд. Директори генералии киностудияи “Беларусфилм” Карачевский Владимир Михайлович барои меҳмоннавозӣ ба мардуми тоҷиқ сипосгузорӣ намуда, аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳа ва баргузории чорабиниҳои синамоӣ изҳори миннатдорӣ кард. Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон бо намоиши филми тасвирии “Ахтарони осмони ҳафтум”, ки бо коргардонии Елена Турова рӯйи кор омадааст, оғоз гардид. Хотирнишон менамоем, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои синамоӣ филмҳои истеҳсоли Беларус дар тамоми минтақаҳои кишвар намоиш дода мешаванд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои IV директорони киностудияҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор гардид. Дар кори Шуро директорони киностудияҳои “Тоҷикфилм”, “Беларусфилм”, “Ӯзбекфилм”, “Қазоқфилм” ва Ҷамъяити саҳомии “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” ва директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд. Намояндагони “Грузия-филм”, “Туркменфилм”, “Арманфилм”, “Озарбойҷонфилм” ва маркази кинематографияи Молдова тариқи маҷозӣ муколама намуданд. Дар оғоз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Сатториён Матлубахон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба кишвари биҳиштосоямон хайрамақдам гуфта, ба кори Шуро барору комёбӣ орзу намуд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосир ва офаридани филмҳои муштарак баррасӣ карда шуданд. Дар хотимаи Шуро миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Киностудияи миллии «Белорусфилм» ва Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт – Петербург», Киностудияи миллии «Белорусфилм» бо Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт – Петербург» Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

30.03.2022 дар кинотеатри «Наврӯз» маросими расмии Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар даромадгоҳи Кохи Наврӯз меҳмононро бо навои таблу тарона ва рақсҳои диошуб дар фазои танантавӣ пешвоз гирифтанд. Кинотеатри «Наврӯз» фазои идона ба бар карда, алоқамандони синамо, киношиносону мутхассисон, синамонигорон ва собиқадорон ба ҳам омаданд, то Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшанд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳайати синамонигорони кишварҳои ИДМ-ро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, баргузории чорабинии мазкурро ҷиҳати таҳкими робитаҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нек арзёбӣ намуд. Директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати бонуфузи ҳунарпешагону коргардонҳои кишвари дӯсту ҳамҷавор аз пазироӣ ва истиқболи самими халқи тоҷик изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Барномаи консерти бо иштироки ҳунармандону дастаҳои ҳунарӣ хотири ҳозирин ва меҳмононро шоду масрур намуд. Намоиши филми ҳунарии «Хатсайри 101» оғозбахши Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон гардид. Муддати се рӯз дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон барои алоқамандону дӯстдорони кино намоиш дода мешаванд. Хотирнишон менамоем, ки пагоҳ 31-уми марти соли 2022 соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан» намоиши филми ҳунарии «Асорат» баргузор мегардад. Шитобед то аз тамошои филм бебаҳра намонед. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Ҳайати синамонигорони кишварҳои ИДМ бо мақсади шиносоӣ аз ҷойҳои зебою дилфиреби шаҳри Душанбе барои Сайри гули лола аз «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе дидан намуданд. Фазои гулафшону баҳоромези «Боғи Ирам», гулҳои гуногунрангу бишкуфта ва долу дарахтони навруста таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуда, боиси тасхири қалби эшон гардид. Ба таври куллӣ тағйир ёфтани симои пойтахт ва ба як шаҳри замонавии зебою ороста мубаддал гаштани он дар замони соҳибистиқлолӣ таъби меҳмононро болида ва писанди хотирашон шуд. Аз тамошои Боғи Ирам меҳмонон як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

30.03.2022. Имрӯз ҳайати синамонигорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар Шурои IV директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Беларус ва Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе синамонигорон бо роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён тибқи оинҳои меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифтанд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

1-уми апрели соли 2022 бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор мешавад. Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ хоҳанд шуд. Синамоҷоизаи миллӣ иборат аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ баргузор карда мешавад. Муассисони Синамоҷоиза Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд. Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо дарназардошти барномаи фарҳангӣ ва иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. СИНАМОҶОИЗАИ МИЛЛИИ “ТОҶИ СОМОН” “ҚАДРШИНОСИИ ҲУНАРИ АСИЛ”

31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон барпо карда мешавад, ки дар кори он директорони киностудияҳои ИДМ иштирок мекунанд. Шуро масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, фаъолият ва неруи эҷодию техники киностудияҳоро муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкориро тавсеа хоҳад дод. Нишасти матбуотӣ барои намояндагони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ доир ба баргузории Шуро 31-уми марти соли 2022 соати 09:30 дар толори Китобхонаи миллӣ барпо мегардад. Маъмурияти«Тоҷикфилм»

30-юми марти соли 2022 аз соати 15:00 то 17:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва 31-уми марти соли 2022 аз соати 10:00 то 11:00 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дарсҳои “Устод ва шогирд” бо иштироки коргардон, филмноманавис ва драматурги Беларус Турова Елена Викторовна дар мавзуи “Мусиқӣ дар кино” барои доираи васеи алоқамандони синамо ва донишҷӯёну хоҳишмандон баргузор карда мешавад. Маъмурияти«Тоҷикфилм»

30-юми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз” бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони ӯзбек ва манзури алоқамандони синамо намудани филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд. Муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд. Алоқамандони синамои миллӣ метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд. Нақшаи намоиши филмҳо замима мегардад. Нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кино 30-юми марти соли 2022 соати 14:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои рӯзноманигорону мухбирони Васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст. Маъмурияти«Тоҷикфилм» Намоиши филмҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Ўзбекистон дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.03.2022-01.04.2022

31-уми марти соли 2022 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон дар кинотеатри “Наврӯз” расман ифтитоҳ мегарданд. Дар ин замина, филмҳои истеҳсоли Беларус барои алоқамандони синамо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд. Алоқамандони синамои миллӣ метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд. Нақшаи намоиши филмҳо замима мегардад. Нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кино 30-юми марти соли 2022 соати 14:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои рӯзноманигорону мухбирони Васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст. Маъмурияти«Тоҷикфилм» Намоиши филмҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.03.2022-01.04.2022

5-уми марти соли 2022 ба ифтихори Рӯзи модарон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Сароғоз занону бонувонро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба муносибати ҷашни модарон ва фарорасии фасли гул-гулшукуфию зебоӣ муборакбод гуфта, барояшон орзуҳои нек намуданд. Таъкид гардид, ки Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси дилнавози ӯ оғоз мегардад. Ҳамзамон, аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону бонувон ва баланд бардоштани мавқею мақоми зан-модар дар ҷомеа ибрози андеша карда шуд. Дар анҷоми чорабинӣ занону бонувони муассиса бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои ишғоли мансабҳои холии шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ озмун эълон менамояд. Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой. Мутахассис-тарҷумон- 2 ҷой. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаб мувофиқ, кор тавассути барномаҳои навтарин, собиқаи кории на кам аз 5 сол, интизом ва риояи қоидаҳои дохилии меҳнат, донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ҳатмӣ. Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 то 31-уми марти соли 2022 идома меёбад. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: -ариза ба унвони роҳбари муассиса; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад расми 4х6); – шарҳи ҳол; – нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; – маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (038); – нусхаи гувоҳномаи мушаххаси андозсупоранда (РМА); – нусхаи шиноснома; – нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд); – маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғӣ судӣ; – маълумотнома (объективка). Маълумоти бештарро тариқи телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” гирифтан мумкин аст: www.tojikfilm.tj Тел: 221-67-71; 227-17-87; E-mail: tajikfilm@gmail.com

Субҳи 17-уми феврали соли 2022 қалби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ширинкори маҳбуб, муаллифи барномаи телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин», ҳунарпешаи театру синамо Аловуддин Абдуллоев аз тапидан бозмонд. Марги Аловуддин Абдуллоев барои соҳаи фарҳанг ва хусусан театру синамои тоҷик талафоти бузургест. Нақшҳои ҷолибу мондагори ӯ дар саҳнаҳои театру синамо аз хотири тамошобинону алоқамандони соҳаи театру синамо зудуда нахоҳанд шуд. Ҳаёту фаъолияти Аловуддин Абдуллоев дар саҳнаҳои театру синамо паси сар шуда, дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои ҳунарии «Бародар» (1990), «Умқ» (1991), «Тӯҳмат» (1992), «Падари моҳтобӣ» (1999), «Қиёми рӯз» (2009), «Интихоби ман» (2003), «Шоҳид» (2003), «Ду усули педагогӣ» (2003), «Субҳ» (2006), «Гул» (2008), «Боғоҷ» (2008), «Хамелеон» (2010), «Воқеа» (2010), «Дар орзуи падар», «Боғ», «Бачаҳои аҷоиб», «Қарзи виҷдон», «Хуррамдиёр» (силсилафилм), «Рақси зиндагӣ» (2018), нақш бозидааст. Аловуддин Абдуллоев яке аз аввалин ҳунарпешаҳои театру синамо мебошад, ки бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» сарфароз гардидааст. Роҳбарият ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз марги нобаҳангоми ҳаҷвнигори шинохта, ҳунарпешаи театру кино Аловуддин Абдуллоев сахт андӯҳгин буда, дар ин мусибат вазнин ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил мехоҳанд. Рӯҳат шоду манзили охиратат обод бошад! Роҳбарияти «Тоҷикфилм»

Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ бо мақсади ба талаботи замон мутобиқсозии иншооти мавҷуда дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иқдомоти ободонӣ амалӣ гардида, корҳои таъмиру тармим идома доранд. Дар ин замина, навсозии фаввора ва маҷмааи «Ахтари хотира» ба нақша гирифта шуда, сангфаршкунии атрофи фаввора ва роҳравҳои саҳни «Тоҷикфилм» оғоз шудааст. Барқарорсозии иншооти мавҷуда ва сангфаршкунии роҳравҳо минбаъд барои пазироии меҳмонон ва синамонигорони берунмарзӣ, дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор намудани Рўзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, синамоҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳои синамоию фарҳангӣ нигаронида шуда, тақозои замон арзёбӣ мегардад. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Имрӯз (09.02.2022) дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли равон бо иштироки роҳбаритяи муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни баргузории нишаст директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти муассиса дар соли 2021 ва вазъи соҳаи синамои миллиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Фаъолияти эҷодию истеҳсоли муассиса таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии пурра, кӯтоҳ, мустанад ва тасвириро дар бар мегирад, ки соли 2021 4 филми ҳунарии пурра, 4 филми бадеии кӯтоҳ, 3 филми мустанад ва 1 филми тасвирӣ рӯйи навор оварда шуданд. 1. Филмҳои ҳунарии пурра: Филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов пурра омода гардида, нахустнамоиши он 24-уми июли соли 2021, дар кинотеатри навсозишудаи “Ватан” баргузор шуд. Филми ҳунарии “Баҳори хазонрез” аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров таҳия гардид. Нахустнамоиши он 4-уми феврали соли 2022 дар кинотеатри “Ватан” доир карда шуд. Филми ҳунарии “Дов”, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар пурра омода карда шуд. Дар ҳамкорӣ бо филмноманавис ва коргардони ҷавон Заринаи Қаландар таҳия ва наворбардории филми ҳунарии “Таваллуди дигар” дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба итмом расида, танзим ва банду басти филм идома дорад. Хамзамон, омодагиҳо барои таҳияи филмномаи филми ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки аз ҷониби роҳбарияти олии ду кишвари дӯсту бародар пешниҳод шудааст дар ҳамкорӣ бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дошта, дар ин самт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, пешнависи филмнома омода карда шудааст. 2. Филмҳои бадеии кутоҳ: Филми кӯтоҳи “Шаммае аз русуми Наврӯз”, аз ҷониби раёсати муассиса дар ВМКБ омода шуда, тариқи телевизиони вилоят пахш гардид. Филми бадеии кӯтоҳи “Бозӣ” коргардон Мумин Қодиров комилан омода шуд. Филми бадеии кутоҳи “Насиб” коргардон Шарофат Арабова пурра омода ва манзури алоқамандони синамо гардонида шуд. Филми бадеии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” аз рӯйи асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ, бо коргардонии Умед Мирзоширинов пурра ҷамъбаст гардида, нахустнамоиши филм 28-уми январи соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои алоқмандони синамои миллӣ баргузор карда шуд. 3. Филмҳои тасвирӣ: Таҳия ва омодасозии филми тасвирии “Саргузашти гандум” аз рӯйи асари Абдурофеъ Рабизода ба итмом расид. 4. Филмҳои мустанад: • “Масири ҳамдилӣ” дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай, коргардон Файзулло Файзов • “Хоҷамуъмин”, дар бораи кони намаки калонтарин дар ҷаҳон, аз ҷониби раёсати муасиса дар вилояти Хатлон • “Қалъаи Хуҷанд” доир ба қалъаи таърихӣ Иқдомҳои созандаю бунёдкорона ва баргузории чорабиниҳои синамоӣ дар соли 2021. • Нахустин бор дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди таъмиру таҷдид ва навсозӣ қарор додани кинотеатри “Ватан” ва ба фаъолият шурӯъ намудани он. • Дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар ин замина ба тасвиб расидани Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. • Дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия доир гардидани “Фестивали филмҳо, бахшида ба 76-солагии Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва синамоҷашнвораи байналмилалии “Чашмаи зулол” • Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардидани Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Минск • Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи Гётеи Тошканд нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намудани Фестивали филмҳои беовоз Дар навбати худ мухбирон ва рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоӣ дар нишаст фаъолона ширкат намуданд. Намояндагони васоити ахбори омма бештар доир ба пешгирии қочоқи маводҳои аудиовизуалӣ, таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии таърихӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби гранту сармоягузориҳо ба соҳа, таҳияи филмҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷӣ ва дигар масоили марбути соҳа мароқ зоҳир намуда, ба суолҳояшон посухҳои мушаххас гирифта, қаноатманд гардиданд. Нишаст дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” 7-уми феврали соли 2022 бо дархости вобастаи масоили фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эва Тозе бо муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Ғайбуллозода Толиб вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ доир ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни синамонигорони тоҷику фаронсавӣ, тарбияи кадрҳо, ривоҷу равнақи соҳаи синамо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, офаридани филмҳои муштарак, таҳкими равобити фарҳангию синамоӣ, баргузор намудани Рӯзҳои кино, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанг ва синамои миллӣ ба алоқамандони синамои хориҷӣ ба роҳ мондани тарҷума ва дубляжи филмҳои тоҷикӣ ба забони фаронсавӣ ва филмҳои фаронсавӣ ба забони тоҷикӣ ва дигар чорабиниҳои синамоӣ ибрози ақида карда шуд. Қайд гардид, ки таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо барои муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар идома хонум Эва Тозе аз кинотеатри навсозишудаи ба номи Тоҳир Собиров дидан карда, ин толори барҳаворо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва фарҳангӣ ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва хотирмон сурат гирифт. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» рӯйи пардаи синамо овардани асару роман ва ҳикояю қиссаҳои адибону қаламкашони тоҷикро идома медиҳад. Дар ин раванд, пас аз рӯйи пардаи синамо ҷилвагар гаштани ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Додараки фариштаҳо» боз як асари синамоӣ «Баҳори хазонрез» аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо рӯйи навор оварда шуд. Филм бо заҳмату талошҳои коргардони тоҷик Раҷабалӣ Пиров, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, рассом Абдурашид Ҷалилов, оҳангсоз Амирбеки Мӯсо ва гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия ва наворбардорӣ шудааст. Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, ба монанди Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, Мавлона Наҷмиддинова, Умеди Султонмурод, Насриддини Нуриддин ва дигарон нақшҳои ҷолибу хотирмонро офаридаанд. Филм воқеаҳои солҳои ҳафтодуми асри гузашта ва замони муосирро фаро гирифта, рӯзгори пурпечутоби мардуми тоҷикро бо маҳорати баланди касбӣ ба тамошобини закӣ намоиш медиҳад. Ҳирси молу дунё ҷавонро ба кӯйи номуродиҳо мебарад. Меҳнатдӯстӣ, софдилӣ, поквиҷдонию ростқавлӣ, накӯкорӣ ҷанбаи мусбат ва ҷабру зулм, ҳисру ҳасад, бадтинатию фиребу найранг тарафи манфии қаҳрамонҳои филм маънидод мегардад. Нахустнамоиши филми ҳунарии «Баҳор хазонрез» 4-уми феврали соли 2022, соати 16.00 дар кинотеатри «Ватан» барои доираи васеи алоқмандони синамо баргузор мегардад. Бишитобед то аз тамошои филми миллӣ ҳаловат баред. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Вобаста ба таҳкими муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия моҳи марти соли 2022 бо мақсади тарғибу муарррифии фарҳангу санъат ва таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҷаҳониён дар Малайзия ҳафтаи синамои Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин замина, филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб» коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим» коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ» коргардон Далер Раҳматов ва филми тасвирии «Зани Порсо» дар шаҳри Куала-Лумпур барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд. Намоиши филмҳо имконият медиҳад, ки сокинони Малайзия ба санъати синамои тоҷик ошноӣ пайдо кунанд. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ павилионҳо ва долони ошёни дуюми бинои асосии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мавриди таъмиру тармим қарор дода мешаванд. Корҳои таъмиру навсозӣ дар павилиони маъруф ба номи «Шаҳрзода» ва долони ошёнаи дуюм идома дошта, долони ошёнаи якуми бинои асосӣ пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Барқарорсозии павилион минбаъд барои наворбардории саҳнаҳои филмҳо ва баргузории дигар чорабиниҳои синамоию фарҳангӣ равона гардида, рӯйи навор овардани саҳнаҳои алоҳидаи филми ҳунарии таърихии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ» дар ҳамин павилион дар назар дошта шудааст. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» рӯйи пардаи синамо овардани асару роман ва ҳикояю қиссаҳои адибону қаламкашони тоҷикро идома медиҳад. Дар ин раванд, пас аз рӯйи пардаи синамо ҷилвагар гаштани ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Додараки фариштаҳо» боз як асари синамоӣ «Баҳори хазонрез» аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо рӯйи навор оварда шуд. Филм бо заҳмату талошҳои коргардони тоҷик Раҷабалӣ Пиров, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, рассом Абдурашид Ҷалилов, оҳангсоз Амирбеки Мӯсо ва гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия ва наворбардорӣ шудааст. Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, ба монанди Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, Мавлона Наҷмиддинова, Умеди Султонмурод, Насриддини Нуриддин ва дигарон нақшҳои ҷолибу хотирмонро офаридаанд. Филм воқеаҳои солҳои ҳафтодуми асри гузашта ва замони муосирро фаро гирифта, рӯзгори пурпечутоби мардуми тоҷикро бо маҳорати баланди касбӣ ба тамошобини закӣ намоиш медиҳад. Ҳирси молу дунё ҷавонро ба кӯйи номуродиҳо мебарад. Меҳнатдӯстӣ, софдилӣ, поквиҷдонию ростқавлӣ, накӯкорӣ ҷанбаи мусбат ва ҷабру зулм, ҳисру ҳасад, бадтинатию фиребу найранг тарафи манфии қаҳрамонҳои филм маънидод мегардад. Нахустнамоиши филми ҳунарии «Баҳор хазонрез» 4-уми феврали соли 2022, соати 16.00 дар кинотеатри «Ватан» барои доираи васеи алоқмандони синамо баргузор мегардад. Бишитобед то аз тамошои филми миллӣ ҳаловат баред. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳикояи адиби шаҳири тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ “Додараки фариштаҳо”-ро бо коргардонии Умед Мирзоширинов ҳамчун филми бадеии кӯтоҳ рӯйи пардаи синамо овард, ки 28-уми январи соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филм барои доираи васеи алоқамандони синамо, бо иштироки киношиносону мунаққидони соҳа, мутахассисону ҳунарпешаҳо ва синамонигорони тоҷик баргузор гардид. Дар ифтитоҳи нахустнамоиш директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён доир ба ҳаёту фаъолияти адиби шинохта Сайф Раҳимзоди Афардӣ ибрози андеша намуда, барои рӯйи навор овардани филм ба гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳою нақшофарон сипосу миннатдорӣ баён доштанд. Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид намуданд, ки филм бо давомнокии 25 дақиқа дар сатҳи баланд ва бо касбияти том таҳия гардида, заҳмати аҳли гурӯҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Ибораҳои “Онҳо фаришта ҳастанд…” ва ё “Оча дигар ба ман фаришта назой…” басо ҳассосу муассир барои тамошобин маънидод мегарданд. Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи адиб Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, хурофоту ҷоҳилӣ ва рӯзгори пурмашаққату фоҷиабори оилаи тоҷикро инъикос намудааст. Ҳунарпешаҳо, алалхусус қаҳрамони асосии филм писарбача нақши хешро ба таври шоиста ба иҷро расонидааст. Кори коргардон, наворбардор, танзим касбиёна ва мусиқии филм ба шакли таҷзияи мусиқии миллию ҷаҳонӣ созгор омадаанд, ки боиси ҷолибу тамошобоб шудани филм гардидааст. Аз рӯйи ҳикояву қиссаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ филмҳои ҳунарии “Маҳдӣ” соли 2007, “Падруду пайғом” соли 2009, «Гунҷишки сафед» соли 2014 ва соли 2021 “Додараки фариштаҳо” рӯйи навор оварда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки офаридани филмҳо аз рӯйи асарҳои адиб боиси ифтихор ва пос доштани рӯҳи Сайф Раҳимзоди Афардӣ мебошад. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

28-уми январи соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” барои доираи васеи алоқмандони синамо баргузор мегардад. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳикояи адиби шаҳири тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ “Додараки фариштаҳо”-ро бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов ҳамчун филми бадеии кӯтоҳ рӯйи пардаи синамо овард. Филм дар сатҳи баланд ва бо касбияти том рӯйи навор омада, заҳмати аҳли гурӯҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Ибораҳои “Онҳо фаришта ҳастанд…” ва ё “Оча дигар ба ман фаришта назой…” басо ҳассосу муассир барои тамошобин маънидод мегарданд. Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи адиб Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, нақшофарии ҳунарпешаҳо, махсусан қаҳрамони асосии филм писарбача, кори коргардон, наворбардор, танзим хеле хуб ва мусиқии филм ба шакли таҷзияи мусиқии миллию ҷаҳонӣ иҷро шудаанд, ки боиси ҷолибу тамошобоб шудани филм гардидааст. Дар соли 2021 ин чорумин филми ҳунарии кӯтоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” буд, ки рӯйи навор оварда шуд.

ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! Бинобар таъсиси шуъбаи ҷалби грантҳо ва ташкили синамоҷашнвораҳо бо мақсади ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаи синамо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: 1. Сардори шуъбаи ҷалби грантҳо ва ташкили синамоҷашнвораҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” – 1 ҷой. 2. Мутахассис оид ба ҷалби грантҳо барои баргузории синамоҷашнвораҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ – 1 ҷой. 3. Мутахассис оид ба пешбарии филмҳо ба синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, 1 ҷой. 4. Дизайнер-тарроҳ, 1 ҷой. 5. Иқтисодчӣ-таҳлилгар, 1 ҷой. 6. Мутахассис оид ба ташрифот, 2 ҷой. Талаботи тахассусӣ барои мансабҳо: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси мувофиқ ба мансаб, кор тавассути барномаҳои навтарин, собиқаи кории бардавом, интизомнокӣ ва риояи қоидаҳои дохилии меҳнат, донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, то 30-юми январи соли 2022 идома меёбад. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: -ариза ба унвони роҳбари муассиса; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад расми 4х6); – шарҳи ҳол; – нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; – маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (038); – нусхаи гувоҳномаи мушаххаси андозсупоранда (РМА); – маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; – нусхаи шиноснома; – нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд); – маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғӣ судӣ; – маълумотнома (объективка). Маълумоти бештарро тариқи телефонҳо, почтаи электронии зерин ва сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” гирифтан мумкин аст: www.tojikfilm.tj Тел: 227-17-87; 221-71-50; E-mail: tajikfilm@gmail.com

14.01.2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷиҳати амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ муаррифии пешнависи филмнома баргузор гардид. Дар маросими муаррифӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, Ғайбуллозода Толиб муовини якуми директор, аъзои Шӯрои бадеии муассиса Сафар Ҳақдодов, Низомӣ Муҳриддин, Сӯфизода Шодимуҳаммад, Бадриддин Мақсудов, Обидҷон Назариён, Заур Дахте, Умед Мирзоширинов ва дигар кормандону эҷодкорон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Ҷабборов филмноманавис, Фурқат Усмонов коргардон, Шоҳрух Расулов барномасоз ва хабаргузорону рӯзноманигорони ВАО-и дохилу хориҷ иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад. Нахуст, лоиҳаи пешнависи филмнома аз ҷониби ҳаммуаллифон Сафар Ҳақдодов ва Рустам Ҷабборов муаррифӣ гардида, мухтасаран муҳтавои он барои ҳозирин баён карда шуд. Аъзои Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Низомӣ Муҳриддин, Сӯфизода Шодимуҳаммад, Бадриддин Мақсудов, Обидҷон Назариён, Заур Дахте, Умед Мирзоширинов ва дигарон доир ба лоиҳаи пешнависи филмнома ибрози андеша намуданд. Тавре қаблан хабар дода будем, зимни баргузории Шӯрои бадеии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳҳои эҷодии ҳарду ҷониб муваззаф гардида буданд, ки нусхаи пешнависи филмномаро (синопсис) бояд то 15-уми январи соли 2022 омода карда, барои баррасӣ ба Шӯрои бадеии ҳарду ҷониб пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои эҷодии ҳарду ҷониб дар яке аз минтақаҳои истроҳатии Тоҷикистон пешнависи филмномаро омода намуданд, ки имрӯз муаррифӣ карда шуд. Таъкид карда шуд, ки дар заминаи ҳамин пешнавис бо дарназардошти таклифу эродҳои баёнгардида, филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯйи кор хоҳад омад. Бояд қайд кард, ки айни замон ду лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ва филми ҳунарии “Ситораи ноаён” коргардон Муҳаббат Сатторӣ мавриди коркард ва таҳия қарор доранд, ки амалӣ шудани онҳо боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни филмбардорони тоҷику ӯзбек мегардад.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба хотири таҳия ва наворбардории филмҳои гуногунжанр дар соли 2022 бо мақсади инъикоси созандагию бунёдкорӣ, дастоварду пешравиҳои давлатдории миллӣ, то 30-юми январи соли 2022 филмномаҳоро қабул менамояд. Филмномаҳо барои филмҳои ҳунарии таърихӣ, бадеии кӯтоҳ, филмҳои тасвирию кӯдакона, филмҳои мустанад ва таълимию маърифатӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, қабул карда мешаванд. Маълумоти бештарро тариқи телефонҳо, почтаи электронии зерин ва сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” гирифтан мумкин аст: www.tojikfilm.tj Тел: 221-67-71; 221-71-50; E-mail: tajikfilm@gmail.com

5-уми январи соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса ва дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар соли 2021 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса дар соли 2021 филмҳои ҳунарии пурраи “Охирин сайди сайёд” коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, “Дов” коргардон Музаффари Муҳиддин, “Баҳори хазонрез” коргардон Раҷабалӣ Пиров, “Таваллуди дигар”, коргардон Заринаи Қаландар, филмҳои бадеии кӯтоҳи “Шаммае аз русуми Наврӯз” аз ҷониби Раёсати муассиса дар ВМКБ, “Этюд” коргардон Мумин Латифӣ, “Насиб”, коргардон Шарофат Арабова, “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов, филмҳои мустанади «Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде», коргардон Файзулло Файз, “Масири ҳамдилӣ” дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай, коргардон Файзулло Файзов “Ҳалевард” аз силсилафилми мустанади “Нигини Хатлон” ва “Хоҷамуъмин” дар бораи кони намаки калонтарин дар ҷаҳон аз ҷониби Раёсати муасиса дар вилояти Хатлон, “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби Раёсати муассиса дар вилояти Суғд рӯйи навор овардааст. Ҳамзамон, хотирнишон гардид, ки дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва кинотеатри «Ватан» дар шаҳри Душанбе азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар кинотеатрҳои мавҷуда ба тартиб дароварда шуданд. Аз ҷумла, намои зоҳирии бинои кинотеатрҳои “Наврӯз”-и ноҳияи Ёвон, “Киров”-и ноҳияи Панҷ, “Ситора”-и ноҳияи Ҷайҳун, “Шоҳиён”-и ноҳияи Восеъ ва “Гулистон”-и ноҳияи Фархор дар вилояти Хатлон рангубор карда шуданд. Дар вилояти Суғд дар майдончаи наворбардории Конибодом корҳои ободонӣ идома дошта, кинотеатри “30-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Мастчоҳ мавриди азнавсозӣ ва тармим қарор дорад. Дар ин давра Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, фестивали филмҳо бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия, Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ҷумҳурии Беларус, нахустнамоиши филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” дар кинотеатри навсозишудаи “Ватан”, Фестивали филмҳои беовоз дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи Гётеи Тошканд, Синамоҷашвнораи байналмилалии “Чашмаи зулол” бо иштироки Ҳунарманди халқии Россия Эвклид Кюрдзидис дар ҳамкорӣ бо маркази илму фарҳанги Россия дар Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор шуданд. Таъкид карда шуд, ки дар ин давра фаъолияти байналмилалии муассиса пурсамар гардида, ҳамкориҳои судманд бо синамогарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд. Дар доираи ҳамкориҳои судманд ду лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ҷиҳати амалисозии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва дастгирию ҷонибдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дошта, наворбардории нахустин филми ҳунарии муштараки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Ситораи ноаён” бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ расман оғоз гардид. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

05.01.2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон Ӯзбекистон ҷиҳати амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, Ғайбуллозода Толиб муовини якуми директор, Сафар Ҳақдодов раиси Иттифоқи синамогарон ва дигар кормандону эҷодкорон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Ҷабборов филмноманавис, Фурқат Усмонов коргардон ва Шоҳрух Расулов барномасоз иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад. То ин замон, дар ин самт аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд ва таҳия, коркард ва эҷоди филмнома мавриди корбарӣ қарор дорад. Дар робита ба ин, 25-уми июни соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки роҳбарият ва аҳли эҷоди муассиса, адибону шоирон, олимону зиёиён, киношиносону мутахассисони соҳа вохӯрию судманд баргузор гардид. Дар идома, миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба таҳия ва омодасозии филмномаи филми муштараки ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ду маротиба вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо доир ба зарурат, аҳамият, хусусияти вижа ва ғояи асосии филм табодули афкор сурат гирифт. Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз олимону донишмандони Академияи миллии илмҳо ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъсис дода шудааст, аз 10-ум то 15-уми сентябри соли 2021 барои амиқан мавриди баррасию омӯзиш қарор додани масъалаи эҷоди филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Дар анҷоми мулоқоту вохӯриҳои судманд Изҳороти гурӯҳҳои муштараки корӣ қабул гардид. Филмноманависи ӯзбек Рустам Ҷабборов, ки ҳаммуаллиф аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шудааст, барои машварат ва мувофиқа, ибрози андешаю нуқтаи назари ҷониби Ӯзбекитсон доир ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” аз 8-ум то 12-уми ноябри соли 2021 ба шаҳри Душанбе ташриф овард ва бо аҳли синамои тоҷик дидору мулоқотҳои судманд анҷом дод. Лоиҳаи муштараки синамоӣ дар робита ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ҷонибдорӣ гардидааст, мавриди корбарӣ барои эҷоди филмнома миёни гурӯҳҳои кории ҳар ду ҷониб қарор дошта, то ин дам, дар ин самт консепсияи филм омода шуд ва Меморандуми ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба тасвиб расид. Аз 15-ум то 24-уми декабри соли 2021 ҳаммуаллиф Сафар Ҳақдодов ва ҳамкоргардон Файзулло Файзов аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати идомаи корҳо вобаста ба эҷоди филмномаи филми таърихии ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар шаҳри Тошканд қарор доштанд. Бо даъвати киноконсерни “Ӯзбукфилм” ҷиҳати иштирок дар Шӯрои 3- юми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон аз 21-ум то 25-уми декабри соли ҷорӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Зимни баргузории Шӯрои бадеии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳҳои эҷодии ҳарду ҷониб муваззаф гардиданд, ки нусхаи пешнависи филмномаро (синопсис) бояд то 15-уми январи соли 2022 омода карда, барои баррасӣ ба Шӯрои бадеии ҳарду ҷониб пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб то 15-уми январи соли 2022 дар яке аз минтақаҳои истроҳатии Тоҷикистон нусхаи филмномаро омода хоҳанд намуд. Бояд қайд кард, ки айни замон ду лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ва филми ҳунарии “Ситораи ноаён” коргардон Муҳаббат Сатторӣ мавриди коркард ва таҳия қарор доранд, ки амалӣ шудани онҳо боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни филмбардорони тоҷику ӯзбек мегардад.

ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲОИ БЕОВОЗ ҷамъбаст гардид. 26-уми ноябри соли 2021 маросими расмии ҷамъбасти Фестивали филмҳои беовоз дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм” бо иштироки доираи васеи синамонигорон, аҳли фарҳанг, зиёиён, алоқамандони синамо, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон баргузор шуд. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте доир карда шуд, ки тамошои аксҳо ба меҳмонону иштирокчиён таассуроти нек ҳадя намуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, барои ташаббус ва ташкили чунин як чорабинии синамоӣ, ки боиси таҳкими худшиносӣ, дӯстӣ, равобити судманд ва оммавӣ гардидани филмҳои беовоз гардид, ба роҳбарияти Донишкадаи Гётеи Ӯзбекистон сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Навозиши оҳангу сурудҳои дилангез дар иҷрои дастаи ҳунарии Далер Султонов маросими ҷамъбасти фестивалро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Дар доираи баргузории Фестивали филмҳои беовоз 26-уми ноябри соли 2021 меҳмонони чорабинӣ Ян Хелфер аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Шомансур Шораҳимов, Дилдора Муҳаммадаминова, Гулноз Набиева аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ошноӣ бо таъриху фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик аз Қалъаи Ҳисор ва дигар маконҳои таърихию сайёҳии шаҳри Ҳисор дидан намуда, як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд. Меҳмонон аз пазироӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал қаноатманд гардида, ба роҳбарияти муассиса ва кумитаи тадорукот изҳори ташакур намуданд. Филми тасвирии “Ҳувайдо” ва филми тасвирии олмонии “Саргузашти шоҳзода Аҳмад” ба ҳозирин ва иштирокчиёни фестивал намоиш дода шуданд. Фестивали филмҳои беовоз, ки дар робита ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021, бо ташаббуси Донишкадаи Гётеи Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз 24-ум то 26-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд, дар фазои мутантан ҷамъбаст гардида, барои иштирокчиён ва меҳмонон басо муассир ва хотирмон буд. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲОИ БЕОВОЗ дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. 24-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Фестивали филмҳои беовоз расман шурӯъ гардид. Нахуст, доир ба баргузории фестивал барои доираи васеи хабаргузорону рӯзноманигорон бо иштироки меҳмонони чорабинӣ Ян Хелфер аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Шомансур Шораҳимов, Дилдора Муҳаммадаминова, Гулноз Набиева аз Ҷумҳурии Ўзбекистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории чорабинии синамоӣ таҳкими худшиносӣ ва оммавӣ гардонидани синамои миллӣ маҳсуб меёбад. Баъдан, маросими расмии ифтитоҳи Фестивал дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм” бо иштироки доираи васеи синамонигорон, аҳли фарҳанг, зиёиён, алоқамандони синамо ва меҳмонон баргузор шуд. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки дастаи ҳунарии Далер Султонов ба маросими ифтитоҳи фестивал шукӯҳу шаҳомати хоса зам намуд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн, директори Донишкадаи Гётеи Ўзбекистон Ян Хелфер, собиқадори синамо Заур Дахте ва киношинос Тилло Некқадамов зимни маросими ифтитоҳ доир ба филмҳои беовоз суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос баён доштанд. Меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Ғайбуллозода Толиб Ғайбулло бо ифтитоҳи фестивал ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба диёри зебоманзари Тоҷикистон қадам ранҷа намудани меҳмононро хайрамақдам гуфт. Таъкид шуд, ки дар Рӯзи Парчами давлатӣ оғоз гардидани фестивал басо рамзӣ буда, сарҷамъию иттиҳод ва худшиносию худогоҳиро тараннум менамояд. Меҳмонон аз пазироии гарму самимӣ ва рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан зебову дилрабо гардидани шаҳри Душанбе изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. Намоиши филми мустанади “Омадани авалин қатора ба Душанбе” ва филми ҳунарии “Муҳоҷир” бо садои мусиқии ҷолиб дар иҷрои Далер Султонов ба фестивал ҳусни оғоз бахшид. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Имрӯз 16.11.2021 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Точикфилм» бо иштироки роҳбарият, кормандони муассиса, масъулин ва аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зимни баргузории маҷлис директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири шуъбаи матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи марказии ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор аз фаъолияти пуршебу фароз ва боифтихори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронданд. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат ниёз ба таърифу тавсиф надошта, заҳмату ҷоннисориҳои Президент дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба мардум аён мебошад. Дар хотимаи маҷлис барои ҳозирин филми мустанади «Ваҳдати миллӣ» ва лавҳаҳо аз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

21-уми октябри соли 2021 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кохи фарҳанг, ки бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба фаъолият оғоз кардани Кохи фарҳанг дар ин гӯшаи диёр барои баргузори чорабиниҳои муҳими фарҳангию сиёсӣ ва синамоӣ муҳим буда, боиси ҷойи кор пайдо намудани сокинони маҳаллӣ мегардад. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” имкон дорад, ки минбаъд дар Кохи фарҳанг намоиши филмҳои ватаниро ба роҳ монад.

13-уми октябри соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нуҳмоҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса ва дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар нуҳмоҳи соли 2021 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса фаъолияти эҷодию истеҳсолиашро бо маром идома дода, дар муддати нуҳмоҳ филмҳои ҳунарии пурраи “Баҳори хазонрез” коргардон Раҷабалӣ Пиров, “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, “Суруди носуруда” коргардон Музаффари Муҳиддин, “Таваллуди дигар”, коргардон Заринаи Қаландар, филмҳои бадеии кӯтоҳи “Шаммае аз русуми Наврӯз” аз ҷониби Раёсати муассиса дар ВМКБ, “Бозӣ”, коргардон Мумин Латифӣ, “Насиб”, коргардон Шарофат Арабова, “Додараки фариштаҳо”, коргардон Умед Мирзоширинов, филмҳои мустанади «Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде», коргардон Файзулло Файз, “Масири ҳамдилӣ” дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай, коргардон Файзулло Файзов “Ҳалевард” аз силсилафилми мустанади “Нигини Хатлон” ва “Хоҷамуъмин” дар бораи кони намаки калонтарин дар ҷаҳон аз ҷониби Раёсати муасиса дар вилояти Хатлон, “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби Раёсати муассиса дар вилояти Суғд рӯйи навор овардааст ва таҳияи филми тасвирии «Саргузашти гандум» бо коргардонии Фирдавс Насруллозода идома дорад. Ҳамзамон, хотирнишон гардид, ки дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва кинотеатри «Ватан» дар шаҳри Душанбе азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар кинотеатрҳои мавҷуда ба тартиб дароварда шуданд. Аз ҷумла, намои зоҳирии бинои кинотеатрҳои “Наврӯз”-и ноҳияи Ёвон, “Киров”-и ноҳияи Панҷ, “Ситора”-и ноҳияи Ҷайҳун, “Шоҳиён”-и ноҳияи Восеъ ва “Гулистон”-и ноҳияи Фархор дар вилояти Хатлон рангубор карда шуданд. Дар вилояти Суғд дар майдончаи наворбардории Конибодом корҳои ободонӣ идома дошта, кинотеатри “30-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Мастчоҳ мавриди азнавсозӣ ва тармим қарор дорад. Дар ин давра Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, фестивали филмҳо бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия, Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ҷумҳурии Беларус, нахустнамоиши филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” дар кинотеатри навсозишудаи “Ватан” дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор шуданд. Таъкид карда шуд, ки дар ин давра фаъолияти байналмилалии муассиса пурсамар гардида, ба ҳамкориҳои судманд бо синамогарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақвият дода шуд. Дар доираи ҳамкориҳои судманд се лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихӣ дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, дар партави пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Ҷомӣ ва Навоӣ”, филми ҳунарии “Ситораи ноаён” коргардон Муҳаббат Сатторӣ ва филми бадеии “Сангҳо ва об”-и Искандар Усмонов мавриди амал ва наворбардорӣ қарор дода хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нуҳмоҳи соли равон қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳайати намояндагони кинои Тоҷикистонро дар ин чорабини муҳими фарҳангӣ директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм”, Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини директор Соҳибзода Маҳмадкарим, Сардори Сарраёсати Муасиссаи Давлатии “ Тоҷикфилм” Абдуллозода Акмал, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, наворбардори шинохта Заур Дахте, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов, киношинос Тилло Некқадамов, таҳиягарони филмҳои ба намоиши пешниҳодшуда Далер Раҳматов, Муҳаббат Сатторӣ, Искандар Усмонов, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, ва муҳаррири суратгири маҷаллаи “Кино” Комрон Сафаров муаррифӣ карданд. Ба намояндагони саъати кинои Тоҷикистон даст имкон дод, ки аз пайроҳаи Сурхи ифтихории (красная дорожка) Кинофестивали ХIII байналлхалқии Тошканд – “Роҳи Абрешим” гузаранд. Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 29 сентябри соли равон дар толори Театри давлатии опера ва балети Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ расман оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм”, Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Иттифоқи кинематографистони Ӯзбекистон, муовини директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ризаев ва дигарон аз дастовардҳои имрӯзаи кинои тоҷик ва ҳамкориҳои муштарак сухан карданд. Дар барномаи киносозони тоҷик филмҳои ҳунарии “Қисмати шоир” ва “Рустам ва Суҳроб”-и режиссёр Борис Кимягаров, “Муаллим”-и Носир Саидов, “Рақси зиндагӣ”-и Муҳаббат Сатторӣ, “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов, “Автобус”-и Абдулхай Зокиров , “Хаёлпарастони деҳотӣ”-и Руми Шоазимов ва филмҳои ҳуҷҷатии “Ваҳдати миллӣ”, “Шинохти Саразм” ва филми тасвирии “Кӯҳистонӣ” дохил шуда буданд. Дар баробари намоиши филмҳои бадеӣ дар маркази Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд гурӯҳи эҷодӣ ва намояяндагони Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм” ба вилояту шаҳрҳои Фарғона, Андиҷон, Марғелон ва Риштон сафар карда, бо тамошобинони ӯзбек аз наздик вохӯрда, суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. 1 октябри соли 2021 дар шаҳри Андиҷон меҳмонони тоҷикро муовини ҳокими вилояти Андиҷон Шӯҳрат Абдуманонов бо нону намак ва рақсу суруд истиқбол гирифт. Маросими кушодашавии Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар вилояти Андиҷон дар толори боҳашамати кинои назди Маркази савдои “Ӯзбегим” расман оғоз ёфт. Дар назди иштирокчиён, мухлисони кино муовини ҳокими шаҳри Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов ва директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён баромад карда, ҳозиронро аз комёбиҳои имрӯзаи кинои тоҷик ошно карданд. Дар шаҳри Андиҷон ба тамошобинон филми ҳунарии “Муаллим” нишон дода шуд. Пеш аз намоиш иштирокчиён бо меҳмонони тоҷикистонӣ аз наздик мулоқот доштанд. Баъди намоиши филми бадеӣ меҳмонон ба мактаби миёнаи №30 –и маркази шаҳри Андиҷон даъват шуда, дар маросими номгузории мактаб ба номи яке аз ҳунарпешаҳои шинохтаи ӯзбек, Артисти халқии Ӯзбекистон Аббос Боқиров иштирок карданд. Мавриди зикр аст, ки ин ҳунарпеша бо киностудияи “Тоҷикфилм” солҳои1956-1959 ҳамкори дошта, дар филмҳои ҳунарии “Дохунда”-и Борис Кимягаров ва “Насриддин дар Хуҷанд”- и А. Бек-Назаров ва Э. Карамян нақшҳои ҷолиб офаридааст. Вохӯрӣ ва мулоқотҳои намояндагони кинои Тоҷикистон ҳамчунин дар вилояти Фарғона дар толори бузурги Нурхон доир гардид. Пеш аз чорабинии фарҳангӣ муовини ҳокими вилояти Фарғона Хуршедҷон Ахмедов директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм”, Маҳмадсаид Шоҳиён дар назди ҳозирин баромад карданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов, ходими шоистаи санъати Тоҷикистон наворбардор Зуҳур Дахте ва таҳиягар Муҳаббат Сатторӣ дар бораи кинои тоҷик ва ҳамкориҳои муштараки киносозони тоҷику ӯзбек суханҳои нек гуфтанд. Ба тамошобинон филми ҳунарии “Рақси зиндагӣ”-и таҳиягар Муҳаббат Сатторӣ пешкаш гардид. Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар маркази хунармандони шаҳри Марғелон ва маркази ҳунарҳои халқӣ “Керамика ”-и шаҳри Риштон – зодгоҳи Артисти халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов низ хеле хотирмон гузашт. Дар толори калони Киноконсерни “Ӯзбекфилм” намоиши суратҳои Зуҳур дахте таҳти унвони “ Тоҷикистон аз нигоҳи Заур Дахте ” барпо гардид. Ҳамчунин, Заур Дахте бо эҷодкорони ҷавони ӯзбек дарси устоду шогирд-ро гузаронид, ки дар он донишҷӯёни Донишкадаи давлатии Санъати тасвирӣ ва дизайни Ӯзбекистон ба номи Камолиддин Беҳзод иштирок карда, ба саволҳояшон посухи қаноатбахш гирифтанд. Ҳамзамон дар Кинофестивал ситораҳои кинои ҷаҳони Стивен Сигал, Люк Бессон, Никита Михалков, ситораҳои кинои Ҳиндустон Митхун Чакраборти ва Рандхир Капур, ситораи эстрадаи Флипп Киркоров ва дигарон иштирок карданд. Боиси ифтихор буд, ки дар Кинофестивали байналхалқии Тошканд-“Дурдонаҳои роҳи Абрешим” дар баробари Никита Михалков, Раҷ Капур, Нурӣ Билге Ҷeйлан, Ойтурған Темурова инчунин ба ҳамдиёри мо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева, ки меҳмони ифтихорӣ буд, Ҷоизаи “ Барои саҳм дар рӯшди кинематографияи ҷаҳонӣ ” ва 20 ҳазор доллари ИМА дар вазъияти тантанави супорида шуд. Дар доираи ин чорабинӣ намояндагони кинои Тоҷикистонро директори генералии Кинофестивали ХIII байналхалқии Тошканд “Дурдонаҳои роҳи Абрешим”, директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Фридунович Абдуҳолиқов ба ҳузур пазируфт . Ӯ аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик ҳарф зада, эҷодкорони киноро ба ҳамкорӣ даъват кард, зеро Киноконсерни “Ӯзбекфилм” азнавсозӣ шуда, дорои дастгоҳҳои беҳтарини истеҳсоли Олмон- фирмаи “АРРА” мебошад. Барои дастрас намудани дастгоҳҳои замонавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон 28 миллион долари ИМА ҷудо кардааст. Ҳамчунин, миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мемарандум аз хусуси оғози банаворгирии филми ҳунарӣ аз ҳаёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба имзо расонидаанд. Баъди маросими тантанавии пӯшида шудани Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода намояндагони рузҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистонро қабул карда ва барои ҷамъбасти бомуваффақият ба эшон изҳори миннадорӣ баён намуд. Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле хотирмон гузаронида шуд. Гурӯҳи намояндагони кинои тоҷик 4 октябри соли 2021 ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён барои баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷиҳати иштирок дар Синамоҷашнвораи 13-уми байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим» ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Дар асоси Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи Синамоҷашнвораи 13-уми байналмилалии Тошканд аз 27-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон филмҳои дар солҳои гуногун истеҳсолнамудаи «Тоҷикфилм», аз ҷумла филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб», «Қисмати шоир»-и коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов, «Рақси зиндагӣ»-и Муҳаббат Сатторӣ, «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов, «Автобус»-и Абдулҳай Зокиров ва филмҳои мустанади «Ваҳдати миллӣ»-и коргардон Абдулҳай Зокиров ва «Шинохти Саразм»-и коргардон Рустам Сатторзода ба намоиш гузошта мешаванд. Баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Андиҷону Фарғона низ дар назар дошта шудааст. Дар робита ба ифтитоҳи Кинофестивали 13-уми байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим» барои доираи васеи рӯзноманигорну хабаргузорон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Кинофестивали 13-уми байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман ифттитоҳ гардид. Дар кинофестивал аз даҳхо кишварҳои олам меҳмонон ва иштирокчиён даъват шудаанд. Дар Кинофестивали 13-уми байналмилалии Тошканд ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро директори Муассисаи давалатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён намояндагӣ ва муаррифӣ менамояд.

17.09.2021 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистони Раҳмонзода Абдуҷаббор ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Шоҳиён Маҳмадсаид мулоқот баргузор гардид. Ҳадафи асосии мулоқот натиҷабардорӣ аз сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ғайбуллозода Толиб, Сӯфизода Шодимуҳаммад-доктори илм, профессор, Низомӣ Муҳриддин- доктори илм, профессор, Мақсудов Бадриддин- доктори илм, профессор, Ҳақдодов Сафар – Раиси иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, филмноманавис ва коргардон-таҳиягар Файзулло Файзов ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10.09.2021 то 15.09 2021, ки баро и анҷоми корҳои муқаддамотӣ оид ба иншои филмномаи филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» сурат гирифта буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт, Дар мулоқот масъалаҳои васеи вобаста ба ин ду шахсияти бузурги таърихи ду миллати ҳамҷавор Ҷомӣ ва Навоӣ, дӯстии бегазанди тоҷикону ӯзбекон ва инъикоси он дар филми ҳунарии Ҷомӣ ва Навоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гарид. Қарор дода шуд, ки дар муҳлати мукарраршуда филмномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов бо маслиҳату машварати олимони тоҷик таҳия хоҳад кард.

Филми кӯтоҳи бадеии «Насиб»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Шарофат Арабова таҳия шудааст, дар озмуни филмҳои кӯтоҳи Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии шаҳри Қазони Федарстияи Россия ва синамоҷашнвораи VI байналмилалии филмҳои кӯтоҳи «Байконур»-и шаҳри Алма-ато иштирок мекунад. Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонӣ аз 5-ум то 10-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳи «Байконур» аз 8-ум то 12- уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегарданд.

Филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Мумин Қодиров наворбардорӣ шудааст, миёни 30 филм аз кишварҳои олам дар озмуни филмҳои кӯтоҳи ХХХ Фестивали кушоди синамои кишварҳои ИДМ ва кинематогарфияи миллии «Киношок» иштирок мекунад. Фестивал дар шаҳри Анапаи кишвари Краснодари Федерастияи Россия аз 25-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2021 баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки ба озмунҳои Фестивал аз Тоҷикистон филми пурраи ҳунарии «Охирин сайди сайёд» ва филми кӯтоҳи бадеии «Этюд» шомил шудаанд.

Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар робита ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 эълон гардидани пойтахи Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри зебои Душанбе, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 29-уми августи соли 2021, соати 10.00 дар кинотеатри «Ватан» филми ҳунарии кӯтоҳи «Такси»-ро, бо коргардонии Файзулло Файзов, барои алоқамандони синамои ватанӣ намоиш медиҳад. Филми мазкур дар як чанд кинофестивалҳои байналмилалӣ ширкат намуда, ҷоизахо ба даст овардааст.

Бо мақсади муаррифии фарҳангу санъати миллати куҳанбунёди тоҷик ба сокинони Федерастияи Россия аз 23- юм то 26-уми августи соли 2021 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Фестивали филмҳои тоҷикӣ оғоз гардид. Дар фестивал чор филми ҳунарии дар солҳои гунонун истеҳсолнамудаи «Тоҷикфилм», аз ҷумла филмҳои ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Қисмати шоир», «Гулдухтарони «Суғдиён» ва «Оинаи беҷило» ба намоиш гузошта мешаванд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён ба муносибати ифтитоҳи Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар шаҳри Новосибирск тариқи маҷозӣ меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро табрику таҳният намуда, изҳор доштанд, ки баргузории фестивал ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро таҳким хоҳад бахшид.

Филми нави ҳунарии «Охирин сайди сайёд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки аз рӯйи асари Аброри Зоҳир, бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи навор омадааст, дар барномаи озмунии асосии филмҳои пурраи ҳунарии ХХХ Фестивали кушоди синамои кишварҳои ИДМ ва кинематогарфияи миллии «Киношок» иштирок мекунад. Фестивал дар шаҳри Анапаи кишвари Краснодари Федерастияи Россия аз 25-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2021 баргузор мегардад.

Дахте Заур Рустамович наворбардори синамо, аккоси маъруф, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, академики Академияи рассомии Тоҷикистон 85-сола шуданд. Хизматҳои Заур Рустамович бо медали биринҷии ХУХХ ИҶШС (1980), медали «Хизмати шоиста» (2005), «Аълочии кинематографияи ИҶШС» ва «Аълочии кинематографияи тоҷик» (2020) қадрдонӣ шудаанд. Саҳми мавсуф дар рушду нумӯи соҳаи синамои миллӣ назаррас буда, филмҳои ҳунарӣ, мустанад, филмҳои бачагона, филм-балетҳо ва филм-портретҳоро таҳия ва наворбардорӣ намудааст. Аз соли 1960 дар ҳамкорӣ бо филмофарони ватанӣ филмҳои мустанади зиёдеро рӯйи навор овардааст, аз ҷумла «Ҳама чиз барои шумо» (1960), «Бо амри дил» (1962), «Дар рӯзи равшан» (1963), «Абдураҳмони Ҷомӣ» (1964), «Ҳамасрони мо» (1965), «Саломи баҳорӣ ба Россия» (1967), «Санъати Тоҷикистон» (1969), «Боқии мо» (1969), «Даҳаи дӯстӣ» (1970), «Сабақи Спартакиадаҳо» (1971), «Бародарам Ғулом» (1971), «Санъати синамои Тоҷикистони шӯравӣ» (1971), «Дар замин, дар фазо ва дар баҳр» (1971), «Тиллои сафеди ватан» (1971), «Инъикос» (1972), «Имрӯз ва ҳаррӯз» (1973), «Ҷашнвораи тиллоии Тоҷикистон» (1974), «Синамоҷашнвораи Х111-уми умумииттифоқӣ» (1980), «Меҳмонони афғон дар Тоҷикистон» (1980), «Ҷашнвораи синамои тоҷик» (1980), «Бузургии Сино» (1980), «Ҷашни дӯстию бародарӣ» (1981), «Мирзо Турсунзода 70-сола шуд» (1981), «Норак бидуни ривоят» (1982), «Нерӯи бузурги дӯстӣ» (1982), «Маликаи мо» (1983), «Ба хонаат даро» (1983), «Хатсайри дӯстӣ» (1984), «Таваллуд» (1984), «Некӣ» (1985), «Ҷашни офтобии ҷумҳурӣ» (1985), «Манобеъ» (1985), «Тиру камон» (1986), «Ғоя чӣ қадар вазн дорад?» (1986), «Вохӯриҳои сентябрӣ» (1987), «… Ва хушбахтӣ дар ҳаёти шахсӣ» (1987), «Ман бо бод зиндаам» (1987), «Қатрае дар баҳр» (1988), «Устод» (1988), «Чӣ ҳол доред?» (1988), «Ҳамшаҳриҳо» (1989), «Поси хотира» (1989), «Зилзила» (1989), «София Тӯйбоева» (1991), «Дасти рости устоди бузург» (2000). Коргардон ва наворбардори филмҳои мустанади «Малика» (1966), «Ҳофизи Шерозӣ» (1971), «Дар фазо ба қайд гирифта шудааст» (1982), «Мусоҳиба» (1983), «Ба хотири кӯдакӣ» (1990) мебошад. Дар филмҳои ҳунарии «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна» (1969), «Роҳҳои гуногун» (1970), «Чор кас аз Чорсанг» (1972), «Салом, одами нек» (1973), «Паланг лозим аст» (1974), «Шераки диловар» (1976), «Буд набуд дар синфи якум буд» (1977), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1978) ба ҳайси наворбардори таҳиягар ифои вазифа намуда, дар наворбардории омехтаи филмҳои «Рустам ва Суҳроб» (1971), «Як умр кам аст» (1973), «Ба Трускаветс кӣ меравад» (1976) ширкат намудааст. Заур Рустамович фаъолиятро дар остонаи «Тоҷикфилм» шурӯъ намуда, то синни нафақа дар ин даргоҳи санъату ҳунар такмили касб кардаанд ва ҳоло ҳам бо «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ дошта, маслиҳату кӯмакашонро ба ҷавонон дареғ намедоранд. Бад-ин хотир имрӯз директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён дар фазои тантанавӣ ба муносибати ба синни 85-солагӣ расидан соҳибҷашн Дахте Заур Рустамовичро табрику таҳният гуфта, аз саҳми беандозаи ӯ дар рушди синамои миллӣ ибрози андеша намуда, ҷиҳати қадрдонӣ барояшон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар ин лаҳзаҳои пурфараҳ бори дигар 85-умин баҳори умрро ба Дахте Заур Рустамович аз самими қалб муборакбод гуфта, барояшон хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат ва умри бобаракатро таманно менамоем. Бигзор ҳамеша саломат ва нерӯманд бимонанд. Мавлуди милод муборак! Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Шумораи дуюми маҷаллаи «Кино» ба алоқамандон ва хонандагони берунмарзӣ дастрас гардида, мавриди писанди онҳо қарор гирифт. Муҳтавои шумораи навбатии маҷалла дар робита ба 100-солагии зодрӯзи Борис Кимягаров бештар ба рӯзгор ва фаъолияти ин коргардони номвари тоҷик нигаронида шудааст. Рӯзномаи «The Bukharian Times» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Menora.World дар давлати Исроил доир ба маҷаллаи «Кино» маводҳо рӯйи чоп оварда, ҷиҳати гиромидошт ва ёдоварӣ аз Борис Кимягаров ба мардуми ширифи тоҷик ва роҳбарияти кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намудаанд, ки метавонед бо истифода аз истиноди дар зер овардашуда, маводҳоро дастрас ва мутолиа намоед.

Шумораи дуюми маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии «Кино» дар сатҳи баланд рӯйи чоп омада, ба 100-солагии зодрӯзи коргардони маъруфи тоҷик Борис Алексеевич Кимягаров бахшида шудааст. Инчунин, маҷалла доир ба руйдоду воқеаҳои соҳаи синамо таваҷҷуҳ намуда, хонандаро ба олами зебои синамо ва филмбардорӣ раҳнамун месозад. Шумораи навбатии маҷалла ба алоқамандону хонандагон дастрас мегардад. Барои ба даст овардани шумораи навбатии маҷаллаи «Кино» метавонед тавассути телефонҳои 221-71-50, ба шуъбаи ороиши бадеӣ, дизайнерӣ, хизматрасонии сомона ва маҷаллаи «Кино»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муроҷиат намоед.

(24.07.2021) дар кинотеатри «Ватан» бо иштироки доираи васеи алоқамандони синамо нахустнамоиши филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» баргузор гардид. Филми мазкур аз рӯйи асари Аброри Зоҳир, бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил таҳия ва наворбардорӣ шудааст. Муҳтавои филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта дар марзи давлатии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бавуқӯъомадаро дар бар мегирад. Толори барҳавою навсозишудаи кинотеатри «Ватан» пур аз тамошобин ва мухлисони синамои миллӣ гардида, филми нави Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба алоқамандони синамои ватанӣ писанд омада, бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Киношиносон, ҳунарпешаҳо, мутахассисони соҳа, коргардонҳо ва адибону филмноманависон дар нахустнамоиши филм ширкат ва ибрози ақида намуданд. Минбаъд филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» дар кинотеатри «Ватан» ва дигар минтақаҳои кишвар ба намоиш гузошта мешавад. Маъмурияти «Точикфилм»

 (23.07.2021) дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки роҳбаритяи муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни баргузории нишаст директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти нимсолаи муассиса ва вазъи соҳаи синамои миллиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти эҷодию истеҳсолии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз таҳия ва наворбардории филмҳои гуногунжанри ҳунарию мустанад ва кӯтоҳи бадеию тасвириро фаро мегирад. 1. Филмҳои ҳунарии пурра: Банаворгирии филми ҳунарии “Баҳори хазонрез” аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и нависандаи маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров ба итмом раисда, танзим ва банду басти он идома дорад. Филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов пурра омода гардида, нахустнамоиши он 24-уми июли соли 2021, соати 18.00 дар кинотеатри навсозишудаи “Ватан” баргузор мегардад. Дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” наворбардории филми ҳунарии “Суруди носуруда”, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ба итмом расида, филм танзим ва банду баст мешавад. Давраи омодагӣ барои таҳия ва наворбардории филми ҳунарии “Ситораи ноаён”, бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ, дар ҳамкорӣ бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардида, наворбардории филм моҳи сентябр дар назар аст. Дар ҳамкорӣ бо филмноманавис ва коргардони ҷавон Заринаи Қаландар таҳия ва наворбардории филми ҳунарии “Таваллуди дигар” дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ шудааст. Омодагиҳо барои таҳияи филмномаи филми ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки аз ҷониби роҳбарияти олии ду кишвари дӯсту бародар пешниҳод шудааст ва филмномаи “Сангҳо ва об”-и Искандар Усмонов дар ҳамкорӣ бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дошта, дар ин самт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд ва аз пайи иҷрои уҳдадориҳои хеш мебошанд. 2. Филмҳои бадеии кутоҳ: Филми кӯтоҳи “Шаммае аз русуми Наврӯз”, аз ҷониби раёсати муассиса дар ВМКБ омода шуда, тариқи телевизиони вилоят пахш гардид. Филми бадеии кӯтоҳи “Бозӣ” коргардон Мумин Қодиров комилан омода шуд.. Филми бадеии кутоҳи “Насиб” коргардон Шарофат Арабова пурра омода гардид. Филми бадеии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” аз рӯйи асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ, бо коргардонии Умед Мирзоширинов наворбардорӣ гардида, мавриди танзим ва садогузорӣ қарор дорад. 3. Филмҳои тасвирӣ: Таҳия ва омодасозии филми тасвирии “Саргузашти гандум” аз рӯйи асари Абдурофеъ Рабизода оғоз шудааст. 4. Филмҳои мустанад:  «Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде», коргардон Файзулло Файз. “Масири ҳамдилӣ” дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай, коргардон Файзулло Файзов “Хоҷамуъмин”, дар бораи кони намаки калонтарин дар ҷаҳон, аз ҷониби раёсати муасиса дар вилояти Хатлон. Ҳамчунин, иқдомҳои созандаю бунёдкорона ва баргузории чорабиниҳои синамоӣ дар нимсолаи аввал хотирнишон гардиданд. Нахустин бор дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди таъмиру таҷдид ва навсозӣ қарор додани кинотеатри “Ватан” ва ба фаъолият шурӯъ намудани он. Дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, дар ин замина ба тасвиб расидани Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия доир гардидани “Фестивали филмҳо, бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” Нашри шумораи дуюми маҷаллаи “Кино” Дар навбати худ мухбирон ва рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоӣ дар нишаст фаъолона ширкат намуданд. Намояндагони васоити ахбори омма бештар доир ба пешгирии қочоқи маводҳои аудиовизуалӣ, таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии таърихӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби гранту сармоягузориҳо ба соҳа, таҳияи филмҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷӣ ва дигар масоили марбути соҳа мароқ зоҳир намуда, ба суолҳояшон посухҳои мушаххас гирифта, қаноатманд гардиданд. Нишаст дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид. Маъмурияти “Тоҷикфилм”

Ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма расонида мешавад, ки санаи 23-юми июли соли 2021, соати 14 :00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Мухбирону рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоӣ метавонанд дар нишаст ширкат намуда, ба суолҳои хеш посух бигиранд. Замон: 23.07.2021, соати 14 00 Макон: кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, кӯчаи Беҳзод, 25. Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Ба таваҷҷуҳи алоқамандони синамои ватанӣ расонида мешавад, ки филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», аз рӯйи асари Аброри Зоҳир, бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов пурра омода шуда, санаи 24- уми июли соли 2021, соати 18 00 дар кинотеатри «Ватан» барои доираи васеи алоқамандони синамои миллӣ нахустнамоиши филми нави Муассисаи давалтии «Тоҷикфилм» баргузор мегардад. Филм вазъи ногувори марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар солҳои навадуми асри гузашта инъикос менамояд. Мухолифат ва муборизаи сокинони маҳаллӣ алайҳи сарҳадшиканону қочоқчиёни аҷнабӣ ба чӣ меанҷомад, пас аз тамошои филм огоҳ хоҳед шуд. Макон: кинотеатри «Ватан», хиёбони Рӯдакӣ 11. Замон:24.07.2021, соати 18 00. Даромад бо даъватнома. Телефонҳо барои иртибот: 918-42-01-09 93-111-55-44 Маъмурияти «Тоҷикфилм»

14-уми июли соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса дар вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори шуъбаи минтақавии водии Рашт ва дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар нимсолаи аввали соли 2021 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса фаъолияти эҷодию истеҳсолиашро бо маром идома дода, дар муддати шашмоҳ якчанд филмҳои ҳунарии пурраи “Баҳори хазонрез” коргардон Раҷабалӣ Пиров, “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, “Суруди носуруда” коргардон Музаффар Муҳиддин, “Ситораи ноаён”, коргардон Муҳаббат Сатторӣ, “Таваллуди дигар”, коргардон Заринаи Қаландар, филмҳои бадеии кӯтоҳи “Шаммае аз русуми Наврӯз”, “Бозӣ”, коргардон Мумин Латифӣ, “Насиб”, коргардон Шарофат Арабова, “Додараки фариштаҳо”, коргардон УмедМирзоширинов, филмҳои мустанади «Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде», коргардон Файзулло Файз. «Наврӯз» коргардон Сатторзода Рустам, “Масири ҳамдилӣ” дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай, коргардон Файзулло Файзов “Ҳалевард” аз силсилафилми мустанади “Нигини Хатлон” аз ҷониби раёсати муасиса дар вилояти Хатлон, “Хоҷамуъмин”, дар бораи кони намаки калонтарин дар ҷаҳон, аз ҷониби ҷониби раёсати муасиса дар вилояти Хатлон рӯйи навор овардааст ва таҳияи филми тасвирии «Саргузашти гандум» бо коргардонии Фирдавс Насруллозода идома дорад. Ҳамзамон, хотирнишон гардид, ки дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва кинотеатри «Ватан» дар шаҳри Душанбе азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Барои дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани Фестивали филмҳои ҳунарӣ ва телевизионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус, Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе, Рӯзхои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон масъулин муваззаф гардиданд. Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли равон қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Имрӯз 08.07.2021 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» миёни гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳия ва наворбардории филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба таври маҷозӣ мулоқот баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ доир ба зарурат ва аҳамияти филм, хусусиятҳои вижа ва ғояи асосии он табодули афкор сурат гирифт. Таъкид гардид, ки ҳадафи филм бояд татбиқи сиёсати инсондӯстонаи ду сарвари давлат ҷиҳати ба таври густурда инъикос кардани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро фаро гирад. Ҳамзамон, хотирнишон шуд, ки филм на танҳо барои ҷомеаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шавад. Консепсияи филмномаи филми таърихиву ҳунарии «Дурахши ахтарон»-и Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор барои коркард пешниҳод шуд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Ғайбуллозода Толиб, муовини якуми директори МД «Тоҷикфилм», Сохибзода Махмадкарим, муовини МД «Тоҷикфилм», Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон, Ҷумъа Қуддус, сармуҳаррири маҷаллаи «Памир», Шарифмурод Исрофилниё, мунаққид, адабиётшинос, Ато Ҳамдам, адиб, драматург, Абдулло Раҳнамо сиёсатшинос, Тиллои Некқадам, киношинос, нависанда, Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Точикистон, Муҳаббат Сатторӣ, коргардон, Искандар Усмонов, филмноманавис, иштирок ва ибрози ақида намуданд. Аз ҷониби Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шуҳрат Ризоев муовини якуми директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, олимону адибон ва дигар мутахассисони соҳа ширкат варзиданд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шавад ва ҳар даҳрӯза фаъолияти гурӯҳҳо тариқи вохӯрии маҷозӣ натиҷагирӣ карда шавад. Хотирнишон мекунем, ки ғояи таҳия ва наворбардории филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев пешниҳод шуда, барои наслҳои ҷавон намунаи ибрату сабақи таърихӣ хоҳад шуд. Орзуи деринаи роҳбарияти олии ду кишвар ҷомаи амал мепӯшад.

Қалби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Убайдулло Раҷаб 1-уми июли соли 2021 аз тапидан бозмонд. Марги Убайдулло Раҷабов барои соҳаи фарҳанг ва хусусан театру синамои тоҷик талафоти калонест. Нақшҳои хотирмону дилангези ӯ дар саҳнаҳои театру синамои миллӣ аз хотири тамошобинону алоқамандони соҳаи театру синамо зудуда нахоҳанд шуд. Ҳаёту фаъолияти Убайдулло Раҷабов дар саҳнаҳои театру синамо сипарӣ гардида, дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои ҳунарии «Зумрад» (1962), «Замони осоишта» (1965), «Воҳуриҳои кӯтоҳ дар ҷанги дурудароз» (1975), «Салом, Гулнора Раҳимовна» (телевизионӣ, 1986), «Воқеа дар фурудгоҳ» (тел., 1987), «Номзад» (1990), «Асрори Нуҳ пайғамбар» (1992), «Буд набуд» (2002), «Муҷассамаи ишқ» (2003), «Фаришта» (2010) ва дар саҳнаҳои ҳаҷвии синамомаҷаллаи мазҳакавии «Калтак» нақш офаридааст. Убайдулло Раҷабов яке аз аввалин ҳунарпешаҳои синамои миллӣ мебошад, ки бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» сарфароз гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ Убайдулло Раҷабов бо як қатор ҷоизаю мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Роҳбарият ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз марги ҳаҷвнигори шинохта, ҳунарпешаи театру кино Убайдулло Раҷабов сахт андӯҳгин буда, дар ин мусибат вазнин ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил мехоҳанд. Рӯҳатон шоду манзили охирататон обод бошад! Роҳбарияти «Тоҷикфилм»

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои ишғоли мансаби сардори шуъбаи танзим озмун эълон менамояд. Сардори шуъбаи танзими Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1600 сомонӣ. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи танзим: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси танзимгари видео, кор тавассути барномаҳои навтарин, собиқаи кории бардавом, интизомнокӣ ва риояи қоидаҳои дохилии меҳнат, донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад). Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 то 15-уми июли соли 2021 идома меёбад. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: -ариза ба унвони роҳбари муассиса; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад расми 4х6); – шарҳи ҳол; – нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; – маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (038); – нусхаи гувоҳномаи мушаххаси андозсупоранда (РМА); – маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; – нусхаи шиноснома; – нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд); – маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғӣ судӣ; – маълумотнома (объективка). Маълумоти бештарро тариқи телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” гирифтан мумкин аст: www.tojikfilm.tj Тел: 221-67-71; 221-71-50; E-mail: tajikfilm@gmail.com

Имрӯз 25.06.2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар заминаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир ба таҳия ва эҷоди филми ҳунарӣ дар бораи дӯстии ду халқи бародар, ки аз дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ маншаъ мегирад, бо иштироки директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, аҳли эҷоди муассиса ва олимону зиёиён, адибону шоирон, киношиносону мунаққидон вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ Боймурод Шарифзода, академик, директори Донишкадаи забон ва адабиёт, Муҳаммадҷонзода Олимҷон, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Абдунабӣ Сатторзода, мудири шуъбаи таърихи Академияи миллии илмҳо, Муҳаммадиев Шамсиддин, доктори илмҳои филологӣ, ҷомеашинос, Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос, мунақид, Ҷумъа Қуддус, адиб, драматург, Улҷабоева Манзура, киношинос, рассоми сару либос, Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Тиллои Некқадам, киношинос иштирок карданд. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ Тиллои Некқадам ҳусни оғоз бахшида, марому ҳадафи ҷамъомадро баён дошт ва меҳмононро муаррифӣ намуд. Филмҳои мустанади офаридаи кинематографитони тоҷику ӯзбек дар бораи ҳаёту фаъолияти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дӯстию рафоқати ӯ бо Мир Алишери Навоӣ барои ҳозирин намоиш дода шуд. Баъдан, олимону зиёиён ва адибону коршиносони соҳа ҷиҳати таҳия ва эҷоди филмномаи филми ҳунарӣ доир ба таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, дар симои Ҷомию Навоӣ ба ҳайси устоду шогирд мубодилаи афкор намуданд.

ЗИДДИЭПИДЕМИКӢ ПУРЗӮР ГАРДИД. Ҷиҳати татбиқи тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID 19 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо иштироки роҳбарият ва масъулон ҷаласа барпо гардид. Зимни ҷаласа масоили мубраму доғи рӯз пешгирӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз тамоми кормандон тақозо карда шуд, ки қоидаҳои зиддиэпидемикиро ҳатмӣ ва қатъан риояи намоянд. Дар интиҳо, фармоиши директори Муассисаи давалтии «Тоҷикфилм», аз 23.06.2021, №44 ф/а «Дар бораи пурзӯр намудани чораҳои беҳдоштию эпидемиологӣ» ба тасвиб расид. Фармоиши мазкур тамоми масъулон ва кормандонро уҳдадор месозад, ки аз ниқобҳои тиббӣ, антисептик истифода намоянд, қоидаҳои беҳдоштию гигиенӣ, фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд, ҳуҷраҳои корӣ ва ҳудуди муассисаро бо маҳлулҳои кимиёвӣ пайваста безарар гардонанд. Ҳамзамон, тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандон ҷиҳати сироятнопазир гардидан ба иммунизатсия фаро гирифта шаванд.

САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИЮ СИНАМОӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ БАХШИД. Дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор шудани Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамкориҳои синамонигорони тоҷику ӯзбекро таҳким бахшида, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар қарор дода шуд.

Кумитаи тадорукоти Фестивали филмҳои ҳунарӣ ва телевизионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе иттилоъ медиҳад, ки муҳлати дарназардошташудаи фестивал (29.06.2021 – 02.07.2021) бинобар сабаби идомаи хурўҷи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон ва дар ин замина пайдо гардидани маҳдудият барои иштироки намояндагони давлатҳои аъзо ва нозири СҲШ дар фестивал, ба дигар вақт гузаронида мешавад. Дар бораи муҳлати мушаххаси баргузории фестивал сомонаи расмии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-ро www.tojikfilm.tj пайгирӣ намоед.

Дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давалтии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 21-уми майи соли 2021 ба тасвиб расидааст, филмҳои ҳунарӣ ва мустанади истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дубляж гардида, дар кинотеатрҳо ва тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ намоиш дода мешаванд. НАҚШАИ НАМОИШИ ФИЛМҲО: 10.06.2021 18:00 Филми ҳунарии «Илҳақ» Кинотеатри «Ватан» ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 11.**10.06.2021 18.00 Филми мустанади «Абдураҳмони Ҷомӣ» Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, МД «Тоҷикфилм», ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25.**11.06.2021 18.00 Филми мустанади «Зери самои ягона» Кинотеатри «Ватан» ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 11.**11.06.2021 18.00 Филми мустанади «Қалби мардум» Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, МД «Тоҷикфилм», ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25.

НАМОИШИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ «АВТОБУС» ДАР КИНОТЕАТРИ «ВАТАН».

НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ «БАҲОРИ ХАЗОНРЕЗ» ИДОМА ДОРАД.

ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ВАТАН БАРГАШТ.

МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ РӮЗҲОИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚАБУЛ ДАР ҲУЗУРИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ»

МУЛОҚОТ ДАР ИТТИФОҚИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИКИСТОН

САФАРИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ШАҲРИ ВАҲДАТ.

ЭЪЛОН Дар робита ба баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 21-уми майи соли 2021, соати 18:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.Рӯзноманигорон ва мухбирони шабакаҳои иттилоотӣ ва матбуоти даврии давлатию хусусӣ имкон доранд, ки дар нишасти матбуотӣ ширкат намуда, ба дилхоҳ суолҳои хеш посухҳои мушаххас бигиранд.

ПОСИ ХОТИРАИ КИМЯГАРОВ

БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ ШАҲРИ ҲИСОР ДИДАН НАМУД

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РӮЗҲОИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ГУЛГУЗОРӢ ДАР БОҒИ АЛИШЕРИ НАВОӢ

БОЗДИД АЗ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО

ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ОМАД.

РӮЗҲОИ КИНОИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲО, БАХШИДА БА 76-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ОҒОЗ ГАРДИД.

«ОХИРИН САЙДИ САЙЁД»

РӮЗҲОИ КИНОИ УЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО

ФИЛМИ ҲУНАРИИ “СИТОРАИ НОАЁН”

УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ 80-СОЛ

** МИХАИЛ ПОРЕЧЕНКОВ БА ФИЛМИ «ПОЛЯРНЫЙ» (ҚУТБӢ) БАРМЕГАРДАД. Студии 1-2-3 Production дар наздикии шаҳри Москва наворбардории мавсими дуюми силсилафилми мазҳакавии «Полярный» (Қутбӣ)-ро бо Михаил Пореченков дар нақши асосӣ шурӯъ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии шабакаи телевизионии ТНТ хабар медиҳад. ** ** Александр Секало ва Ҷесика Роудс корро барои мутобиқсозии романи Дэвид Хилл «Буғ» шурӯъ намуданд. SredaGlobal дар шахсияти Александр Секало ва Ҷессика Роудс таҳияи силсилафилмро аз рӯйи китоби Дэвид Хилл «Буғ», ки соли 2020 рӯйи чоп омад, мавриди коркард қарор додаанд. Дар ин бора саҳифаи ширкати продюсерии «Среда» дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дод. Продюсер ва филмноманависи силсилафилм Алекс Меткалф, ки бо Роудс дар таҳияи «Ашёҳои тез» ҳамкорӣ карда буд, ба ҳисоб меравад. Наворбардории силсилафилм соли оянда ба нақша гирифта шудааст. ** ** Кристофер Пламмер оламро падруд гуфт. Ҳунарпешаи канадагӣ Кристофер Пламмер дар сини 91-солагӣ аз олам даргузашт. Тибқи иттилои Deadline, ӯ дар Коннектикуте, ки бо оилааш он ҷо умр ба сар мебурд, вафот кардааст. ** ** РЕНЕ ЗЕЛЛВЕГЕР ОБРАЗИ ҶИНОЯТКОРРО МЕОФАРАД. Мувофиқи иттилои Deadline барандаи дукаратаи «Оскар» Рене Зеллвегер нақши асосиеро дар силсилафилми «Баъзе чизҳо дар бораи Пэм», ки бар ҳаводиси воқеӣ бунёд ёфтааст, иҷро мекунад. Филм ба парвандаи марги Бетси Фориа дар соли 2011 бахшида шудааст. ** ** АЗ РЎЙИ МАЗМУНИ «ЮЗИ СИЁҲ» СИЛСИЛАФИЛМ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД. Аз рӯйи мазмуни асари абарқаҳрамонии тахайюлии «Юзи сиёҳ» силсилафилм наворбардорӣ мешавад. Deadline хабар медиҳад, ки вазифаи коргардониро таҳиягари аслии филм Райн Куглер ба зимма мегирад. ** Уилл Смит бо коргардони «Дэдпул 2» Дэвид Литч ҳамкорӣ мекунад. Deadline хабар медиҳад, ки Уилл Смит дар филм ҳунарии «Зуд ва озод»-и коргардони таҳиягари филмҳои «Дэдпул 2» ва «Ҷон Уик» Дэвид Литч нақши асосиро иҷро мекунад. **

ВАСИЛИЙ ЛАНОВОЙ ОЛАМРО ПАДРУД ГУФТ 28-уми январи соли 2021 марг ба суроғи Василий Лановой омад. Хунарманди халқии ИҶШС 87-умин соли ҳаёташро ба сор мебурд.

ЗАНИ ПОРСО» ОМОДА ШУД

** Филми «Блокадный дневник» (Хотироти муҳосира) ҷоизаи асосии «Уқоби тиллоӣ»-ро соҳиб гашт. Филми «Союз Спасения» (Иттиҳоди наҷотдиҳӣ) аз рўйи мукофотҳо пешсаф аст. Академияи мииллии Россия оид ба санъати синамо ва илм ғолибони ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ»-ро эълон дошт. Филми беҳтарини соли 2020 драмаи «Блокадный дневник» (Хотироти муҳосира), ки ҷоизаи асосии Синамоҷашнвораро сазовор гашт, дониста шуд. Ҷоизаҳои бештар насиби филми «Союз Спасения» (Иттиҳоди наҷотдиҳӣ) гардид. Филм шаш номинатсия, аз ҷумла «Беҳтарин нақши мардонаи лаҳзавӣ» (Александр Домогаров) ва «Беҳтарин асоити дидашаванда»-ро сазовор шуд. ** ** 22-юми январ, қаҳрамонони асосии санъати синамои Россия дар павилони якуми «Мосфилм» ба маросими ҷоизасупории ҳарсолаи «Уқоби тиллоӣ», ки бо дастгирии Mercury баргузор шуд, гирди ҳам омаданд. Маросими мутантанро вазири фарҳанг Олга Любимова ҳусни оғоз бахшид. Филми беҳтарини сол «Блокадный дневник» (Хотироти муҳосира)-и коргардон Андрей Зайтсев дониста шуд. Њамчунин, филм ҷоизаҳои номинатсияи «Беҳтарин филмнома» ва «Беҳтарин ҳунарпеша»-ро соҳиб гашт, ки ҷоиза ба Олга Озоллапиня лоиқ дониста шуд. Њунарпешаи асосии сол Юрий Борисов, ки дар филме нақши асосӣ дар бораи ихтироъкори яроқи АК-47 Калашниковро иҷро кардааст, дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин фаъолияти коргардониро Андрей Кончаловский барои филми «Дорогих товарищей» (Рафиқони азиз) сазовор гашт. Ҷоизаи махсус «Барои саҳми муносиб дар соҳаи синамо» ба коргардон ва ҳунарпеша Светлана Дружинина тақдим карда шуд.** ** Аввалин трейлер «Годзилла алайҳи Конго», ки дар чодари синамо шоҳи аждаҳо ва ҳомии ҷазираи «Косаи сар» бархўрд мекунанд, дар шабакаҳо пайдо шуд. Дар филм Милли Бобби Браун, Александр Скарсгард, Эйса Гонсалес, Кайл Чандлер, Ребекка Холл ва дигарон нақш офаридаанд.** **Нахустнамоиши филми «Ибтидои King’s Man» барои нимсол мавқуф гузошта шуд. Disney нашри якчанд филмҳои истеҳсоли ширкатҳои 20th Century Studios ва Searchlight мавқуф гузошт. Миёни онҳо филми сертамошобини «Ибтидои King’s Man» низ ҳаст, ки нимсол баъдтар, на 12-уми март, балки 20-уми августи соли 2021 ба намоиш мебарояд. ** ** Кристофер Нолан ҳамкориашро бо Warner Bros қатъ мекунад. Онҳо тўли 20 сол ҳамкорӣ доштанд. Мувофиқи иттилои Wall Street Journal, Кристофер Нолан дигар бо Warner Bros, ки муддати 20 сол ҳамкорӣ дошт, кор карданӣ нест. Таъкид мешавад, ки ба таҳиягар сиёсати нави студия намоиши додани филмҳо ҳам маҷозӣ ва ҳам дар кинотеатрҳо қобили **

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» ДАР СОЛИ 2020. Фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2020 22-юми январи соли 2021 зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷагирӣ карда шуд.Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба соҳаро дар бар гирифта, ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масоили мубрами соҳа мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд: 1.Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2020 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда; 2.Ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохторӣ; 3.Баррасии Протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кингематограифияи миллӣ аз 8-уми декабри соли 2020 ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба он; 4.Дар бораи рафти омодагӣ ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, таҳияи филми мустанад ва баргузории синамоҷашнвораи филмҳои ҳунарӣ ва телевизионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай; 5.Дар бораи ҳолати кинотеатрҳо, номгузорӣ ва ба низом даровардани онҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоту мақомоти дахлдор; 6.Масъалаҳои ҷорӣ. Дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти ин ниҳоди филмистеҳсолкунандаи кишварро дар соли сипаришуда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Бо мақсади абадӣ гардондан ва поси хотираи коргардони тоҷик Тоҳир Собиров аҳли синамо таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки кинотеатри нави муассиса ба номи Тоҳир Собиров гузошта шавад ва пешниҳод аз ҷониби аксари ҳозирин мақбул дониста шуд. Ҳамзамон, зимни баррасии масоили соҳа, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки комилан омода кардани кинотеатри нав оғози корҳои ободонию бунёдкорӣ буда, дар марҳилаи дуюм кинотеатри «Ватан» низ ба бо ҳамин шароиту таҷҳизоти замонавӣ омода мегардад ва дар он нахустнамоиши филми тозаэҷоди муассиса «Охирин сайди сайёд» барпо карда мешавад. Дар хотима, қарори дахлдор қабул, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муқаррар ва масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳои марбута муваззаф гардиданд.

** Созандаи «Рафти маликаҳо» Скотт Френк романи Мери Дориа Расселл «Гунҷишкак»-ро коркард мекунад. Deadline хабар медиҳад, ки ў филмнома барои силсилафилмҳои хурд менависад. Таҳиягари «Чернобил» Йохан Ренк коргардониро ба зимма мегираду ҳамзамон бо ҳамроҳии Скотт Френк ба паҳнкунии филм низ машғул мешавад. ** ** Иҷрокунандаи рақси хип-хопи амрикоӣ ва барандаи «Грэмми» Карди Би дар синамо нақши асосии аввалинашро бозӣ хоҳад кард. Variety хабар медиҳад, ки ў дар мазҳакаи «Хонаи пиронсолон»-и студияи Paramount нақшофарӣ мекунад. Муаллифи филмнома Кей Ойегун («Инҳо мо ҳастем») мебошад.** **Метю МакКонахи силсилафилми «Наҷотдиҳанда»-ро, ки филмноманависи «Тафтишоти воқеӣ» Ник Питсолатто болояш кор мекард, тарк намуд. The Hollywood Reporter хабар медиҳад, ки пас аз рафтани ҳунарпеша шурўи наворбардории силсилафилм ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Бидуни МакКрнахи FX силсилафилмро намоиш нахоҳад дод. Бинобар ин, филмноманавис метавонад қарордодро бо шабакаи телевизионӣ қатъ намояд. ** ** Андрей Леонов ва Станислав Дужников ба ҳайати ҳунарпешаҳои силсилафилми «Ивановҳо-Ивановҳо» воид шуданд. Мавсими панҷуми лоиҳаи мазҳакавӣ 25-уми январ дар шабакаи СТС шурўъ мешавад, дар ин бора хадамоти матбуотии шабакаи телевизионӣ хабар манзур намуд. ** ** Филмноманавис Елизавета Сиганова бо лоиҳаи драмаи иҷтимоии пурраи «Таркишгар №2» дар Berlinale Talents ширкат мекунад, дар ин бора сомонаи форум хабар дод. Форум тариқи маҷози аз 1-ум то 5-уми март дар доираи барномаҳои саноатии 71-ум Синамоҷашнвораи Берлин баргузор мегардад. Имсол дар Berlinale Talents 200 намояндаи саноати синамоӣ аз 65 кишвари олам иштирок мекунанд. «Орзуҳо» мавзўи форум мебошад. Продюсер Егор Одинсов, ки дар таҳияи драмаи «Конфронс» ширкат дошт ва ҳунарпеша Анастасия Решетникова, ки аллакай шаш сола аст дар Нидерланд умр ба сар мебараду дар лоиҳаҳои хориҷӣ нақш мебозад, ҳамчунин Россияро намояндагӣ мекунанд. **

** Коронавирус: Берлинале на дар моҳи феврал, балки моҳҳои март ва июн гузаронида мешвад. Синамоҷашнвора ба таври маҷозӣ барои намояндагони саноати синамо ва дар шакли намоиши озод барои тамошобинон баргузор мешавад. Директори Берлинале Мариэтт Риссенбек таъкид дошт, ки вазъи мубрами коронавирус «имкон намедиҳад, ки дар моҳи феврал хоҳиши мулоқоти рў ба рў қонеъ карда шавад». Тағйирёбии андозаи нашри 71-уми синамоҷашнвора дар соли 2021 «имкон медиҳад, ки саломатии ҳамаи меҳмонон ҳифз шавад ва оғози нави соҳаи синамо дастгирӣ ёбад». ** ** Белорусия филм дар бораи ҷуҳуди таълимдиҳандаи кормандони СС-ро ба «Оскар» пешниҳод кард. Белорусия филми «Сабақи форсӣ»-ро ба «Оскар» пешниҳод намуд. Филм маҳсули муштараки Белорусия, Олмон ва Россия мебошад – дар бораи асири конслагер нақл мекунад, ки забони бофтаеро ба кормандони СС таълим дода, зинда мемонад. ** ** Филми «Рафиқони азиз!»-и Кончаловский номзад ба «Оскар» шуд. Филми «Рафиқони азиз!»-и Андрей Кончаловский дар бораи қатли махфиёнаи коргарон дар замони шўравӣ, соли 1962 дар Новочеркаск нақл мекунад. Филми коргардон Андрей Кончаловский «Рафиқони азиз!» аз ҷониби Россия ба ҷоизаи «Оскар» дар номинатсияи «Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ» пешкаш карда шуд. Дар ин бора рўзи ҷумъа, 13 –уми ноябр раиси кумита оид ба ҷоизаи Оскари Россия Владимир Меншов хабар дод. ** ** Чӣ тавр шаҳри Олмон ватани Ҷеймс Бонд гардид. Бохум • Хоҳ бовар кунед хоҳ не, дар ҳақиқат шаҳри Олмон Ватеншайд, ки соли 1975 дар рафти ислоҳоти маъмурӣ мухторияташро аз даст дода,ба яке ноҳияҳои шаҳри Боҳум мубаддал гашта буд, ватани ҷосуси (тахайюлии) британӣ Ҷеймс Бонд мебошад. ** ** Warner Bros. тамоми нахустнамоишҳои соли 2021-ро дар кинотеатрҳо ва тариқи HBO Max. баргузор мекунад. Ширкати амрикоии Warner Bros. изҳор дошт, ки соли 2021 ҳамаи нахустнамоишҳоро дар як вақт ҳам дар кинотеатрҳо ва ҳам тариқи хизматрасониҳои HBO Max. барпо мекунад. Соли равон Warner Bros. Тасмим гирифтааст, ки 17 филм, аз ҷумла филмҳои «Дюна», «Дастаи худкушон» ва «Матритса 4»-ро ба нмоиш гузорад. ** ** Шаҳодатномаи бисёршахсӣ. Дар Россия дар бораи Девид Боуи филм ва китоб нашр шуданд. Филми «Девид Боуи. Одам бо ахтарон»-и Габриел Ренҷ дар Россия ба намоиш гузошта шуд. Борис Брабанов мепиндорад, ки филми мусиқинавозро месазад тамошо кард, ҳатто новобаста аз он ки дар он оҳангҳояш ҷой надоранд, ҳамзамон китоби Уилл Брукер «Боуи барои чӣ муҳим аст»-и навакак бо забони русӣ рўйи чоп омадаро, меарзад мутолиа намуд. ** ** Машқ бо тасмаи синамо. Посухи синамои варзишӣ ба пандемия. Имсол мусобиқоти варзишӣ камшумор гардида бошанд, ҳам аммо филмҳои ҳунарию мустанади варзишӣ афзун шуданд. Қаҳрамонҳои филмҳои мазкур баскетболбозон, велосипедронҳо, футболбозҳо, шоҳмотбозон ва дигар варзишгарон маҳсуб меёбанд. Аксари филмҳо миёни тамошобинон маҳбубияти зиёде пайдо карданд.** ** Тафсири руъёии амри тақдир ва ёдоварӣ дар «Синамоҷашнвораи Рифкин»-и Вуди Аллен. «Синамоҷашнвораи Рифкин»-и Вуди Аллен дар арафаи Соли нав, бахшида ба 125-солагии аввалин намоиши синамоӣ дар ҷаҳон нашр мешавад. Барои ҷашнвораи синамонигорӣ туҳфаи беҳтарин пешкаш наудан басо мушкил аст, мегўяд Андрей Плахов. ** «Метавонистам дар супермаркет фаъолият намоям» ҳунарпеша Ҷулетт Бинош дар бораи роҳи тайкардааш дар синамо қисса мекунад. Филми Мартен Прово «Чӣ хел ҳамсари хуб будан» бо Ҷулетт Бинош дар нақши асосӣ намоишҳои солинавиро оро медиҳад. Тамошобинон Ҷулетт Биношро дар жанри мазҳакавӣ хоҳанд дид. Вай нақши мудири пансион барои дўшизагонро иҷро мекунад, ки он ҷо шавҳарро итоат кардан ва ҷойгоҳи худро донистанро таълим мегиранд. ** ** Филми мустанади «Сафарнома: катиба дар пайроҳаи мерос»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-ро тамошобинони булғорӣ тариқи озмуни филмҳои мустанади 13-ум Синамоҷашнвораи кишварҳои Шарқи миёна ва минтақаҳои Африкои шимолӣ «Манораҳои София» тамошо мекунанд. Филм бо забони тоҷикӣ ва зерматнҳои булғорӣ дастрас карда мешавад. **

**Хадамоти матбуотии «Москино» хабар медиҳад, ки ҳукумати Москва ва «Москино» дархостҳоро ҷиҳати дарёфти грантҳо барои синамонигороне, ки Москваро рӯйи навор меоранд, қабул менамояд. Ба синамонигороне, ки филмҳояшон симои Москваро дар чодари кино таҷассум менамоянд, дастгирии молиявӣ пешниҳод карда мешавад. Яке аз шартҳои муҳими дарёфти грант – инъикоси  маконҳои маъруф ва машҳури ҷамъиятии пойтахт, ки хусусияти таърихию фарҳангии шаҳрро таҷҷассум сохтаанд,   ба ҳисоб меравад. Чунин лаҳзаҳо бояд на кам аз 10% давомнокии умумии филмро дар бар гиранд. ** ** Агентии «Интерфакс» бо такя ба Ирина Коренева хабар медиҳад, ки ҳунарпешаи театр ва кино Владимир Коренев, ки тавассути нақши Ихтиандра аз филми «Одами амфибӣ» маҳбуби алоқмандони синамо гаштаю барояшон хотирмон буд, аз бемории марговари коронавирус оламро падруд гуфт. ** ** Кинотеатри маҷозии (онлайнӣ) ivi, ки маъруфтарин хизматрасонии видеоии Россия маҳсуб меёбад, соли 2020-ро ҷамъбаст намуд. Дар кинотеатри мазкур филми «Кайфият» силсилафилми маъруфтарини Россия ба ҳисоб рафта, лоиҳаҳои аслии ivi «Нафосат» ва «Вабо» ӯро думболагирӣ мекунанд. ** ** «Ман бисёр рафторҳои ахмақона кардам, бинобар ин худам ҳам ҳайронам, ки то ҳол зиндаам»: Мел Гибсон 65 -сола мешавад. 3-юми январ ҳунарпеша, коргардон ва продюсери Австралия ва Амрико Мел Гибсон 65-сола шуд. Ў бо филми «Макси ҷиннӣ» маъруфи олам гашт. Дигар аз корҳои машҳури ҳунарманд дар оғози фаъолияташ нақши Мартин Риггз аз филми «Яроқи марговар» ба ҳисоб меравад. Солҳои 1990 Гибсон ба фаъолияти коргардонӣ шурӯъ кард. Ў филмҳои «Маҳшар», «Ваҳшати масеҳо» ва «Дили ҷасур»-ро рӯйи навор овардааст. Барои лоиҳаи охиронаш Мел Гибсон сазовори ҷоизаи «Оскар» гардид. ** ** Қиссаи «Беваи сиёҳбахт», «Матритса»-и нав ва лоиҳаҳои коргардонии Козловский: 20 филмҳои дар соли 2021 пешбинишаванда. Дар соли 2021 якчанд филмҳои ба абарқаҳрамонҳо бахшидашудаи ҳам русӣ («Майор Гром: табиби вабо») ва ҳам хориҷӣ («Беваи сиёҳбахт», «Бигзор заҳр бошад», «Дастаи худкушон: супориши вогузар», «Абадӣ»)-ро интизор шудан мумкин аст. Ҳамчунин, нахустнамоиши як қатор филмҳои дар доираи силсилафилмҳо ва франшизҳои маъруфи «Оғози Подшоҳӣ», «Вақти мурдан нест» дар бораи Ҷеймс Бонд, «Марги комбат», «Ҷоий ором 2», «Форсаж 9», «Топ Ган: Мэверик», «Матритса 4» рӯйи навор омада, ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, бо шумули филмҳои нуфузи баланддошта, ба чодари синамо кашидани романи Френк Герберт «Дюна», филми сертамошобини Гай Ричи «Ғазаби инсонӣ», ду лоиҳаи коргардонии Данила Козловский ва дигар филмҳо дар назар дошта шудааст.** ** 9 филми Россия, ки соли 2021 ба намоиш гузошта мешаванд. «Аспаки кӯзапушт», санаи баромад 18-уми феврал, иқтидори хазинавӣ 800 млн рубл. «Майор Гром. Табиби вабо», санаи баромад, 8-уми апрел, иқтидори хазинавӣ 1,5 млрд рубл. «Пайвандон», санаи баромад 11 –уми феврал, иқтидори хазинавӣ 500 млн рубл. «Модаркалони сабукпой. Оғоз», санаи баромад 18-уми феврал, иктидори хазинавӣ 500 млн рубл. «Карамора», санаи баромад 16-уми сентябр, иктидори хазинавӣ 500 млн рубл. «Баҳодури охирин 3», санаи баромад 23-юми декабр, иктидори хазинавӣ 2 млрд рубл. «Қаҳрамони ҷаҳон», санаи баромад 30-юми декабр, иктидори хазинавӣ 700 млн рубл. «Мо», санаи баромад муайян нест, иктидори хазинавӣ 500 млн рубл. «Дили парма», санаи баромад муайян нест, иктидори хазинавӣ 600 млн рубл. ** ** Дар намоиши соли 2020 филми «Чоплус» дар сархати феҳристи филмҳои сернуфуз қарор гирифт. Мазҳакаи Клим Шипенко «Чоплус» дар сархтаи феҳристи филмҳои сернуфуз, ки соли 2020 дар Россия намоиш дода шудаанд, қарор гирифт. Фонди кино хабар медиҳад, ки филмро 10,2 млн нафар одам тамошо кардаанд ва маблағи бадастовардааш тахминан 2,7 млрд рублро дар бар мегирад. Филми сердаромадтарини хориҷӣ, филми «Ҷентелеменҳо»-и Гая Рич гардид, ки моҳи феврал ба намоиш баромад. ** ** Айни замон танзим ва банду басти филми мустанади «Роҳ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» идома дорад. Филми мазкур аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чодари синамо нишон медиҳад. ** ** Моҳи январи соли 2021 шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии «Кино», бахшида ба 100-солагии зодрӯзи Б.А.Кимягаров ва 90-солагии «Тоҷикфилм» рӯйи чоп меояд. **

Филмҳои «Хотироти муҳосира», «Яхбандӣ -2» ва «Камонварон» ба ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» пешбарӣ шуданд. Номзадҳо барои ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» маълум гардиданд, ки маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ 22-юми январи соли 2021 дар павилони якуми иттиҳодияи синамоии «Мосфилм» баргузор мешавад. Рўйхати довталабон дар сомонаи Академияи миллии санъати синамо ва илми Россия нашр шудааст. «Фабрикаи филмномаҳо» дар Россия ба кор оғоз кард. Маркази продюсерии Potential «Фабрикаи филмномаҳо» / Potential Script Factory- низоми қабул, коркард ва такмили филмномаҳоро роҳандозӣ намуд. Ҳар як филмноманавис метавонад ройгон филмномаашро ирсол намояд, иртиботи мутақобила ва имконияти ба ҷувздони продюсерии Potential ворид шуданро ба даст орад. Дархостро метавон тариқи платформаи маҷозии mypotential.ru. пешниҳод намуд. Соҳаи синамо ва театри Россия аз ҷониби ҳукумат 4,2 млрд рубл дастгирӣ меёбад. Соҳаи синамо ва театр бинобар сабаби пандемияи коронавирус то охири соли равон аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Россия дар ҳаҷми 4,2 млрд рубл дастгирӣ карда мешавад. Дар ин бора ТАСС, бо такя ба мушовири Президенти Федератсияи Россия оид ба фарҳанг Владимир Толстой хабар медиҳад. Кинотеатрҳои Россия бинобар сабаби пандемияи коронавирус дар солҳои 2021 ва 2022 аз дастгириҳои давлатӣ бархўрдор мешаванд. Сомонаи Ҳукумати Россия хабар медиҳад, ки Президенти Россия Владимир Путин феҳристи дастурҳо оид ба андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба дастгирии давлатии созмонҳои синамонигориро ба имзор расонид. Ба зодрўзи ҳунарпешаи чех Иржи Совак 100-сол пур шуд. 27-уми декабр аз зодрўзи падари ҳунарпеша ва сароянда Иржи Шмитсер, ҳунарманди шоистаи Чехословакия, ҳунарпешаи маъруфи синамо ва театри чех, устоди мазҳака ва филмноманавис Иржи Совак 100-сол сипарӣ шуд. Ғолибони иқдоми «Рўзи синамои кўтоҳ» муайян гардиданд. Натиҷаи иқдоми «Рўзи синамои кўтоҳ» ба шакли маҷозӣ ҷамъбаст гардид. Асари Лана Влад «Сера» филми ҳунарии беҳтарин эътироф шуд. Дар саҳифаи Facebook-и иқдом хабар дода мешавад, ки коргардон ҳамчунин соҳиби 300 ҳазор рубл гардид. «Мосфилм» оғози озмуни филмномаҳоро эълон намуд. «Мосфилм» озмуни филмномаҳои филмҳои пурраи ҳунарӣ дар мавзўйи «Одам дар ҷаҳони муосир»-ро баргузор менамояд. Сомонаи иттиҳодияи синамоӣ тазаккур додаст, ки муаллифон метавонанд асарҳои дилхоҳи худро дар жанрҳои мухталиф бо забони русӣ, ба истиснои тахаюлот, даҳшат ва фантастикаи илмӣ то 31-уми марти соли 2021 тавассути почтаи электронии konkurs@mosfilm.ru ирсол намоянд. Киностудияи Metro-Goldwyn-Mayer ба фурўш гузошта шуд. Киностудияи Metro-Goldwyn-Mayer ба фурўш гузошта шуд. Аз рўйи баъзе маълумотҳо, арзиши баровардшуда $5,5 млрд-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора рўзномаи The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худаш хабар дод. Тимур Бекмамбетов и Гоша Кутсенко дар арафаи Соли нав филм-бозиеро рўйи навор меоранд. 29-уми декабр мазҳакаи «Бозингар» дар бораи кортҳо, пул ва Соли нав аз ҷониби созандагони «Елок» бо қаҳрамонҳои маҳбуби тамошобини рус рўйи навор меояд. Нақшҳои асосии мазҳакаи солинавиро Гоша Кутсенко, Мария Шукшина, Александр Робак, ситораи силсилафилми «Навкор» Глеб Калюжний ва барандаи барномаи «Уқоб ва думдор» Коля Серга иҷро кардаанд. Питер Ҷексон лаҳзаҳоеро аз филми ояндаи The Beatles нишон дод. Коргардони Зеландияи нав Питер Ҷексон, ки филми «Ҳокими ҳалқаҳо»-ро таҳия кардааст, роликеро бо кадрҳои филми мустанади омодашаванда дар бораи чоргонаи ливерпулӣ The Beatles: Get Back нашр намуд.

Романи «Ҳаёт баъд аз зиндагӣ»-и Кейт Аткинсон ба пардаи синамо кашида мешавад. Ин қиссаи Урсулли Толд аст, ки ба воқеияти алтернативӣ дучор мешавад. Вай дар ҳолатҳои мухталиф ҳаёт ба сар мебараду мемирад ва баъдан боз зинда мешавад. Зан ду ҷанги ҷаҳониро аз сар мегузаронаду аз бемории марговар шифо меёбад ва дигар саргузаштҳоро паси сар мекунад.Бен Аффлек дар филме дар бораи чашбанд Гарри Гудини нақш меофарад. Лоиҳаи «Ҳаёти асрорангези Гудини», ки солиёни зиёде мавриди коркард қарор дорад, амалӣ шуданист. Сомонаи / Film хабар медиҳад, ки дар филм Бен Аффлек иҷрои нақшеро сазовор гаштааст. Воқеан, вай на худи Гудиниро, балки нақши яке аз қаҳрамонҳои дуюмдараҷа-гумоштаи махфиро, ки бо чашбанди машҳур кор кардааст, иҷро мекунад. Чанде аз кинотеатрҳо метавонанд барои нашри нахустнамоишҳо тариқи НВО Max аз студия интиқом гиранд. WarnerMedia бинобар сабаби нашри филмҳо дар HBO Max эҳтимол аст, ки $1,2 млрдро аз даст диҳад. Мувофиқи пешгўйиҳои ширкати таҳлилии MoffettNathanson, WarnerMedia эҳтимолан метавонад дар соли 2021 1,2 млрд долларро аз даст диҳад. Таҳлилгарон бар онанд, ки дар нимсолаи дуюми соли оянда, агар имкон даст диҳаду аксарияти силсилаи кинотеатрҳо фаъолияташонро эҳё кунанд, онгоҳ баъзе аз намоишҳои маҷозии синамоӣ метавонанд, дар бозори ҷаҳонии намоишҳо 1 млрд доллар ба даст оранд.

ВОХӮРӢ ДАР «ТОҶИКФИЛМ». 16-уми декабри соли 2020 бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо барои рушди соҳаи синамои миллӣ дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо ташаббуси роҳбарияти муассиса бо коргардонҳо ва алоқамандони соҳаи синамо вохӯрӣ доир карда шуд. Зимни вохӯрӣ масоили мубрами соҳа, аз ҷумла эҷод намудани филмномаҳои баландмазмун, омодасозии кадрҳои баландихтисос, барқарор ва азнавсозии кинотеатрҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва маблағҳои грантӣ ба соҳа, ба намоиш гузоштани филмҳои ватанӣ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаи YouTube, ба замона мутобиқ сохтани павилионҳо ва ҷалби декоратсиясозони касбӣ барои филмбардорӣ, реклама ва тарғиби филмҳои миллӣ тавассути телевизионҳои давлатӣ, ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо синамнигорони хориҷӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо адибону драматургон, таҳия ва наворбардории филмҳои таърихӣ ва филм-портрети шахсиятҳои маъруф мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҳадафи асосии вохӯрӣ тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи кинематографияи миллӣ буда, ҷиҳати инкишофи минбаъдаи соҳаи синамои тоҷик ва ҷалби бештари коргардонҳо ва филмноманависон барои эҷоди филмҳои тамошобобу рақобатпазир дар бозори маводҳои аудиовизуалии кишвар ба ҳисоб меравад.

Мунаққидон беҳтарин филму силсилафилмҳои соли 2020 муайян намуданд. Ҷамъбасти синамоии сол ҳаматарафа идома дорад. Ин дафъа рӯйхати умумӣ ва инфиродии таҳлилгаронро портали Metacritic нашр месозад. Филмҳои «Сарзамини бодиянишинон» , «Гови аввал», Lovers Rock-яке аз лаҳазоти тазкираи «Садои тағйирёбӣ», «Ҳеҷгоҳ, аҳёнан, баъзан, ҳамеша», «Коллектив», «Минари», «Хайёлпарастии амрикоӣ» Дэвид Бирн ва Спайк Ли, «Марги Дик Ҷонсон», «Замон» Гаррет Бредли, «Сити Холл». Дар маркази фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и (Победа) Новосибирск синамоҷашнвораи III филмҳои портулагӣ оғоз ёфт. Барномаи синамоҷашнвора шаш филми муосири португалӣ, аз ҷумла ретро-драмаи Фернанду Вендрелла «Падида», тарҷимаи ҳоли дурахшони рок мусиқинавози ҳангомаҷӯй, ду филми мустанад ва ду қиссаи муҳаббатиро фаро гирифтааст. Ташкилкунандагон чӣ тавр супоридани ҷоизаи «Оскар»-ро дар соли 2021 изхор намуданд. Ташкилкунандагони маросими қадрдонии Оскар тасмим гирифтаанд, ки новобаста аз вазъи эпидимиологӣ чорабиниро 25-уми апрели соли 2021 бо ҳузури ғолибон баргузор намоянд, хабар медиҳад Variety. Ҳатто, агар то он замон дар ИМА маҳдудиятҳо дар робита ба хурӯҷи бемории сироятии коронавирус боқӣ монанд, ҳам маросим дар Dolby Theatre Лос-Анҷелес баргузор карда хоҳад шуд. Ташкилкунандагон намехоҳанд, ки ғолибон ҷоизаҳояшонро ба таври маҷозӣ соҳиб шаванд. Кай ба итмом расидани «Форсаж» маълум шуд. Дар ин бора таҳиякунандагони силсилафилми «Форсаж», яке аз сердаромадтарин силсилафилмҳо (даромадаш ба $6 млрд наздик шудааст) иброз намуданд, ки солҳои наздик ба итмом мерасад. Воқеан, бо мақсади бештар фоида ба даст овардан, студияи Universal интихои филмро, ки дар «Форсаж 10» ба нақша гирифта буд, ба таҳияи ду филм қисмат намуд. Ҳамин тавр, дар доираи силсилафилми аслӣ хотимааш маҳз қисми 11 мешавад.Шабакаи телевизионии «Мосфилм. Маҷмуаи заррин», даҳгонаи беҳтарин иқтибосҳои машҳурро аз филмҳои шӯравӣ рӯйнамо кард: 1. «Туро табобат мекунад, туро ҳам ….ва маро табобат мекунад» («Иван Василевич касбашро иваз мекунад»)-88 дарсад маъруфият дорад. 2. «Шоҳ, хеле хуб, салом шоҳ…» («Иван Василевич касбашро иваз мекунад»)-86 дарсад маъруфият дорад. 3. «Ман гунаҳгор не, вай худаш омад!» («Дасти алмосӣ»)-85 дарсад маъруфият дорад. 4. «Идома додани шабнишинро талаб мекунам!» («Иван Василевич касбашро иваз мекунад»)-81 дарсад маъруфият дорад. 5. «Штирлитс, хоҳиш мекунам шумо бимонед» («17 лаҳзаи баҳор»)-80 дарсад маъруфият дорад. 6. «Даҳонатро мешиканам, чашмотро мековам» («Ҷентелементҳои комёб»)-79 дарсад маъруфият дорад. 7. «Ҳама мерақсанд» («Иван Василевич касбашро иваз мекунад»)-78 дарсад маъруфият дорад. 8. «Донишҷӯ, комсомол, варзишгар, умуман вай зебосанам аст»» («Бандии қафқоз ё ки саргузаштҳои нави Шурик»)-77 дарсад маъруфият дорад. 9. «Моҳии яхниатон ифлос аст!» («Гардиши фалак, ва ё ҳаловати хуб »)-76 дарсад маъруфият дорад. 10. «Семён Семёнич…» («Дасти алмосӣ»)-75 дарсад маъруфият дорад.

25-уми декабри филми «Духтур Лиза» бо Чулпан Хаматова дар ҷустуҷўйи синамоии HD дастрас мегардад. Драмаи русии «Духтур Лиза», ки дар он нақши ходими ҷамъиятӣ Елизавета Глинкаро Чулпан Хаматова бозидааст, тариқи ҷустуҷўйи синамоии HD дастрас мегардад. Нахустнамоиши маҷозии (онлайн) филм, рўзи солгарди марги Духтур Лиза баргузор мешавад. Шабакаи синамоии «Мосфилм. Маҷмуаи заррин» иқдоми умумирусиягии «Филми беҳтарини солинавӣ …»-ро шурўъ кард. Дар доираи иқдом аз истифодабарандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар назарсанҷӣ ширкат карда, филми беҳтарини солинавиро интихоб кунанд. Филми «Мулан»-и студияи дисней чор ҳафта пайиҳам пешсафи рўйхати беҳтарин фурўши маҷозии кинотеатрҳои Россияро аз «Фильм Про» ишғол карда, собит намуд, ки комилан метавонист дар замони «осоишта»-и бе коронавирус дар самти паҳнкунии фарох дар Россия рекорд гузорад. 17-уми декабр дар кинотеатри «Аврора»-и Санкт-Петербург синамоҷашнвораи «Кинои ҷадиди Чин» оғоз мегардад. Шабакаи телевизионии Т24, бо кумаки шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”, ибораҳои синамонигорони ҷаҳониро, ки бештар барои тамошобинони мард хотирмон буданд, муайян намуд. Дар назарсанҷӣ 715 нафар одамон изхори хоҳиши ширкат намуданд. Дарҳол ду ибораи филми «Терминатор-2» ба «Даҳгонаи беҳтарин» ворид гардида, филми мазкур пешсаф шуд.

Филми “Боз яктои дигар”-и ТОМАС ВИНТЕРБЕРГ ШУМОРАИ РЕКОРДИИ “ОСКАРҲОИ АВРУПОӢ” гардид. Академияи синамоии Аврупо натоиҷи овоздиҳии 3800 нафар аъзои худро, ки барандагони “Оскари Аврупоӣ” -и соли 2020-ро муайян мекунад, ифшо кард. Драмаи иҷтимоии “Боз яктои дигар”-и кишвари Дания беҳтарин филми аврупоии сол эътироф гардид. Ҳамчунин, филм ҷоизаҳои беҳтарин коргардонӣ Томас Винтерберг, филмномаи беҳтарин (Томас Винтерберг, Тобиас Линдҳолм) ва беҳтарин ҳунарпеша Мадс Миккелсен ба даст овард. Таҳқиқи аснодии коргардон Александр Нанау (Руминия, Люксембург) “Коллектив” беҳтарин филми мустанад номида шуд. Маҳбубияти филмҳои Никита Михалков миёни сокинони Россия муайян карда шуд. Ба муносибати 75-солагии зодрўзи яке аз коргардонҳои машҳури Русия Никита Михалков шабакаи синамоии Мосфилм миёни сокинои Россия назарсанҷиро ба роҳ монд. Пешсафи панҷгонаи беҳтарин филми “Миёни худию бегонаҳо” мебошад, ки 50 дарсади раъйдодагон онро писандидаанд. Мақоми дуюм насиби филми “Табор” (33%) гардид. Бо 32% дарсади овозҳо “Песаи нотамом барои пианинои механикӣ” ҷои сеюмро сазовор гашт. Драмаҳои “Офтобзадаҳо” ва “Панҷ шом” мутаносибан бо 30% ва 25% дарсади раъйҳо миёни панҷгона қарор гирифтанд. Студияи Дисней 10 қисми филмҳои тасвирии MARVEL ва дар олами «Муҳорибаи ахтарон»-ро рўйи навор меорад.

«ОХИРИН САЙДИ САЙЁД» НАВОРБАРДОРӢ ШУД. Наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», ки бо коргардонии Муҳаммадроабӣ Исмоилов таҳия мешавад, дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» анҷом ёфта, мавриди танзим, овоздиҳӣ, оҳангсозӣ ва банду баст қарор дода шуд. Дар раванди наворбардории филм, гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», бо ҷалби ҳунарпешаҳои касбӣ, нақшофарон ва дар умум, зиёда аз 40 нафар ширкат намуданд. Давраи наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» бо дастгирию кумаки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Дӯстӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Сирки давлатӣ ва Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе сипарӣ шуд, ки ба масъулони ниҳодҳои зикршуда изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем.

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА РУШДИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ МИЛЛӢ. 08.12.2020 с. дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, зери раёсати Раиси Шӯро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯро ва ашхоси даъватшуда ширкат намуданд. Рӯзномаи ҷаласаро чор мавзӯъ, аз шумули: Оид ба рафти иҷрои супоришҳои протоколи ҷаласаҳои Шӯро дар соли 2019; Оид ба омодагӣ ба ташкил ва баргузории нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии «Душанбе»; Оид ба фаъолияти Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»; Муҳокимаи лоиҳаи филмномаи Далер Раҳматов «Шабгардон» дар бар гирифта, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз рӯйи се масъалаи ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, котиби масъули Шӯро гузоришҳои муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷиҳати рушди кинематографияи миллӣ ва татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи синамо аз соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ фаъолият менамояд. Дар асоси Низомномаи худ Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ ҷаласаҳо баргузор мекунад. Ҷаласаҳо дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, барои иҷро ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вогузор карда мешавад. Доир ба масъалаи чоруми ҷаласа муаллифи филмномаи “Шагардон” Далер Раҳматов баромад намуда, мухтасар мазмуну муҳтавои филмномаро муаррифӣ намуд. Ҳамаи масоили рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, мавриди музокира ва баҳси иштирокчиёни ҷаласа қарор дода шуданд. Дар хотимаи ҷаласа, доир ба рафъи мушкилоти соҳа ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳо дода шуда, қарори ҷаласа қабул ва нақшаи кори Шӯро барои нимсолаи якуми соли 2021 тасдиқ гардид.

Ҳамватанони азиз! Ҳамкасбони гиромиқадр! Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи волои сиёсию масъулияти баланд рисолати давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба ҷо оварда, тӯли фаъолияти бобаракати хеш, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини фаъолияти муназзаму самараноки рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакатро таъмин намудааст. Бинобар ин, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, умри бардавом ва иқболи баландро орзу менамоем. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад! Роҳбарияти муассиса.

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади дарёфти филмномаҳои баландмазмуну ҳирфаӣ ҳамкориҳои эҷодию истеҳсолиро ба роҳ мондааст. Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои эҷодӣ филмноманависону адибон, зиёиёну аҳли эҷод филмномаҳояшонро доир ба мавзўҳои гуногуну жанрҳои мухталиф, пешниҳод карда метавонанд. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филмномаҳоро бо тартиби пешниҳоди лоиҳаи синамоӣ тариқи шуъбаи умумӣ, воқеъ дар ошёнаи дуюми бинои муассиса, бо нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод 25, қабул менамояд. Телефонҳои иртибот: 227-17-87; 93-848-07-50.

06.11.2020 дар доираи ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм» бахшида ба солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ходимони давлатӣ, олимон, адибон, ва доираи васеи коршиносони соҳаи синамо дар «Кохи Навӯз» нахустнамоиши филми мазҳакавии «Автобус» баргузор гардид.

Сароғоз табрикоти ҳамкасбони хориҷӣ ба муносибати 90-солагии «Тоҷикфилм» намоиш  дода шуд ва  сипас директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов ҳозиринро бо солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади сарнавиштсоз дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва   синамои миллӣ изҳори андеша намуданд.

Сипас бо Фармоиши директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» як қатор собиқадорони соҳа ва ҳунармандон бо нишони «Аълочии кинематорграфияи тоҷик», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»  барои хизматҳои арзанда ва саҳми босазо  дар соҳаи синамо сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими муаррифии филми мазҳакавии «Автобус» бо иштироки ҳунармандони филм якчанд лаҳзаҳои хотирмони он манзури тамошобинон гардонида шуд, ки аз  ҷониби ҳозирин бо кафкубиҳои пурмављ қабул гардид.

Сипас филми мазҳакавии «Автобус» манзури ширкаткунандагони ин маросим гардонида шуд.

Рӯзҳои наздик нахустнамоиши филми мазҳакавии «Автобус» дар марказҳои вилояти Суғд, Хатлон ва ВМКБ дарназар дошта шудааст.

6 НОЯБР РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!!! Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози давлати тоҷикон маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуда, дар қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам шинохта шудааст. Имрӯз Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян кардааст, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд.Шуморо ба солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандии комил ва барору комёбӣ таманно менамоям.

«Мизи мудаввар» бахшида ба 100-солагии Б.А. Кимягаров

Нахустнамоиши филми мустанади «Устод Кимягаров»

Табрикоти маъмурияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ба муносибати ҷашни 100-солагии Борис Алексеевич Кимягаров

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» истеҳсоли ду филми навро оғоз мекунад

Дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рӯнамоии постери филми “Бачаи обӣ” баргузор шуд

ХАБАРҲО

Play Video

РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК МУБОРАК!

Барои харидори ва обуна шудан ба маҷаллаи мо варақаро пур кунед.
нархи маҷалла: 50с

Play Video

Нахустнамоиши филми "ОХИРИН САЙДИ САЙЁД"

Муфассалтар дар бораи

Play Video

Нахустнамоиши филми мазҳакавии "АВТОБУС"

Муфассалтар дар бораи

Play Video

90-солагии Тоҷикфилм

Муфассалтар дар бораи

Play Video

Таманниёт

Play Video

Аълочии киноматография

Play Video

Суруди "Хати парвоз"

Play Video

Суруди "Ман бо духтаре во хурдам"

Play Video

Нахустнамоиши филми "Бачаи обӣ"

Муфассалтар дар бораи

Play Video

Ба истиқболи 100 – солагии таҳиягари маъруфи тоҷик Кимягаров Б.А.

Муфассалтар дар бораи

Play Video

БА 5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОН

Муфассалтар дар бораи

Play Video

Лутфан барои пешгирии касалиҳои сироятӣ гигиенаи шахсиро риоя намоед.

Муфассалтар дар бораи

ХИЗМАТРАСОНИҲО

Таҷҳизоти наворбадорӣ

Техника ва дастгоҳҳои наворбардорӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд.

Таҷҳизоти равшандиҳӣ

Тамоми таҷҳизоте, ки барои равшандиҳӣ дар филм зарур аст, дар Тоҷикфилм пайдо карда мешавад.

Студияи сабт ва банду баст

Сифати баланди таҷҳизоти студияи мазкур метавонад кори шуморо осон намояд.

Аниматсия

Дастгоҳҳои истеҳсоли филмҳои аниматсия дар соли 2015 навсозӣ шудаанд.

Нақлиёт

Нақлиёти МД "Тоҷикфилм" бо шароити ҷуғрофии Тоҷикистон мутобиқ буда, ба дилхоҳ гушаи кишвар сафари эҷодӣ карда мешавад.

Толорҳо

Барои фаъолият ва коркарди филм ба ин саҳифа муроҷиат намоед.

Таҷҳизотҳои садо

Дастгоҳҳои садобардорӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд.

Ороиши саҳна ва павилион

Барои сохтмон ва саҳнаороӣ ва истифодабарии павилионҳо хотираи синамои тоҷик.дар филм ба ин саҳифа ворид шавед.

ФИЛМҲОИ ДУСТДОШТАИ ШУМО

ШАРИКОНИ МО
ТАМОС БА МО

МД «Тоҷикфилм»

ҶТ. ш. Душанбе к. Беҳзод 25. 734000

Тел: +992 (37) 227 17 87

Тел: +992 (37) 221 70 31

Почта: tajikfilm@gmail.com
info@tojikfilm.tj