АБДУЛВАХОБ НУРМАТОВ
1-уми июли соли 1915 – 3-юми декабри соли 1982
Ҳунарпеша, коргардони дубляж.
Ҳунарманди шоистаи ҶШС Тоҷикисон (1974).
Узви Иттифоқи кинематографистони ИҶШС (1963).
Студяи тоҷикии (роҳбари бадеӣ ҳунарманди халқии ИҶШС М.Ф.Астангов) Донишкадаи давлатии санъати театрӣ ба номи А.В.Луначарскийро(Москва, 1941)хатм кардааст.
Аз соли 1941 то соли 1963 – ҳунарпешаи Театри акадамеию драммавии ба номи А. Лахутӣ буд.
Аз соли 1956 бо кинои тоҷик ҳамкорӣ дошта, дар филмҳои ҳунарӣ нақшофарӣ намудааст. Аз соли 1963 ба ҳайси ҳунарпеша, ёвари коргардон, коргардони дубляжи киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолият кардааст.
Фаъолият дар театр
Қузиев («Сӯзании абрешим» А.Қаҳорӣ),
Солеҳбой («Бой ва хизматгор» Ҳ.Ҳакимзода),
Вурм («Макр ва муҳаббат» Ф.Шиллер),
Ниёз («Саодат» С.Саидмуродов, М.Рабиев),
Фахриддинов («Ман – Фахриддинов» Ҷ. Икромӣ)
Ҷоиза ва мукофотҳо
Бо граммотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1949, 1954, 1955, 1957) ва нишони «Собиқадори меҳнат» (1978) сарфароз гардидааст. Аълочии кинематографияи ИҶШС.