14-уми январи соли 1949 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунарманд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Соли 1972 факултаи филологии Донишкадаи давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст.
Муддати 10 соли фаъолият дар телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон бисёр нозукии касбҳои телевизионӣ, аз ҷумла ёвари коргардон, коргардон, муҳаррир, шореҳ, мудири шуъбаро аз худ кард. Аз соли 1982 – мухбири идораи фарҳанги агентии телеграфии «ТАСС» дар Тоҷикистон. Соли 1986 барои иҷрои вазифаи мудири шуъбаи ахбори рӯзномаи маъруфи «Вечерний Душанбе» ба кор даъват гардид. Аз ҳамон солҳо бо телевизион, аз ҷумла бо Телевизиони марказии ИҶШС ба ҳайси муаллиф ва баранда ҳамкории фаъол мебарад.
Яке аз аввалин кормандони телевизиони ИҶШС буд, ки дар як вақт дар се самт, ба ҳайси муаллифи сенария, коргардон ва барандаи барномаҳояш фаъолият мекард. Ҳамчун мухбири махсус барои барномаҳои «Новости» ва «Время» гузоришҳоро аз Тоҷикистон, Афғонистон, Британияи кабир, Булғористон, Ҳиндустон, Руминия, Покистон ва дигар кишварҳо таҳия мекард.
Соли 1995 А. Хоҷаевро , ки собиқаи рӯзноманигори ҳарбиро дошт, барои фаъолият ба шаҳри Ростови лаби Дон фиристоданд. Бо саъю талоши ӯ шабакаи мухбирӣ дар Ќафқози шимолӣ барқарор мегардад. Аввалан, ба ҳайси мухбири махсуси ОРТ дар Ростови лаби Дон, баъдан ҳамчун роҳбари дафтари Ҷанубии ОРТ дар вилояти Ростов, ҳамаи «нуқоти алангабор»-и ҷануби Россияро тай кардааст. Соли 2002 А. Хоҷавро барои кор ба Дастгоҳи намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар минтақаи федеролии ҷанубӣ даъват намуданд. Баъдан боз ба «Шабакаи якум»-и дӯстодоштааш баргашт.
Алишер Алиназарович – дорандаи ҷоизаи комсомолии ленинӣ, бо Грамотаи фахрии Маҷлиси қонунгузории вилояти Ростов қадрдонӣ шудааст. Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Федератсияи Россия, аъзои Иттифоқи синамогарони ИҶШС мебошад.