асли бурханов

АСЛӢ БУРҲОНОВ

БУРХАНОВ АСЛӢ БАДРИДДИНОВИЧ

8-уми январи соли  1915 (Бухоро) – 26-уми декабри соли  1998 (Душанбе)

Ҳунарпешаи шӯравӣ ва тоҷик, коргардон.

Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон (1945).

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (1965).

Соли 1932 фаъолияти профессорию саҳнаофариро дар Театри мусиқию драмавии Бухоро  шурӯъ кардааст. 

Аз соли 1933  ҳунарпешаи Театри ба номи  Лоҳутӣ (Душанбе) буд.

Дар саҳнаи ин театр нақши одамони боқуввату ҷавонмард, муборизони роҳи озодии халқро офаридааст. Як қатор нақшҳои хусусияти тезутунддоштаро бозидааст.  

Филмҳоро бо забони тоҷикӣ дубляж кардаст.

Фаъолият дар театр

Хушвақт – «Туҳмат», Саидмуродов ва  Исмоилов;

Салим – «Байрақи сурх», Улуѓзода;

Ёдгор – «Дохунда», Икромӣ;

Алишер Навоӣ – “Алишер Навоӣ”, Уйѓун ва  Султонов;

Рӯдакӣ – “Рӯдакӣ”, С.Улугзода (коргардон Х.Раҳматуллоев);

Кент – «Шоҳ Лир», У.Шекспир;

Яго – «Отелло», У.Шекспир;

Хлестаков – «Муфаттиш», Н.В.Гогол;

В.И.Ленин – «Одам бо яроқ», А.Каплер  ва Златогорова;

В.И.Ленин – «Соли 1919 соли фаромӯшнашаванда», В.Вишневский;

В.И.Ленин – «Тӯфон», Абдулло Ќиёмов.

Таҳиягари намоишномаҳо:

«Устоди муҳаббат», Миршакар (1945);

«Саодат», Саидмуродов ва Рабиев (1956);

«Мурдаҳо», Мамадқулизода (1963);

«Ду веронӣ», У.Шекспир (1966); ва ѓайраҳо.

Ҷоиза ва мукофотҳо

Барандаи ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ барои фаъолияти театрӣ  (1970)

Нишони Ленин

Се нишони «Рамзи эҳтиром»

Медали  «Ба муносибати таҷлили 100-солагии зодрӯзи  Владимир Илич Ленин» (1970)

Се Грамотаи фахрии Президиуми  Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон