15-уми марти соли 1939 дар деҳаи Батакоюрти нави ҶМШС Осетияи шимолӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ҳунарманди халқии ҶМШС Осетияи шимолӣ (1968).
Ҳунарманди шоистаи ҶШФСР (26.06.1981).
Ҳунарманди халқии ҶШФСР (15.05.1990).
Омӯзишгоҳи театрии ба номи Б.В. Шукинро (1964, роҳбари бадеии курс – А.А. Орочко, коргардон-омӯзгор – Ю.П. Любимов) хатм кардааст.
Нақши аввали иҷрокардааш Лётчик дар намоишномаи достонии донишҷӯйӣ (дипломӣ) «Одами меҳрубон аз Сезуан» дар таҳияи Юрий Любимов мебошад.
Аз соли 1959 — ҳунарпешаи театри мусиқию драмамтикии Осетияи шимолӣ, дар Театри мазҳакавию драмавии Таганка нақш бозидааст (1964—1965), солҳои 1969—1975 — ҳунарпешаи киностудияи «Тоҷикфилмм», коргардони филмҳои телевизионӣ, солҳои 1994—1998 — вазири фарҳанги Осетияи шимолӣ.
Роҳбари бадеии Театри давлатии академии Осетияи шимолӣ.
Ҳунарпешаи боистеъдод 50 нақшҳои театриро иҷро кардааст ва дар 30 филм нақш офаридааст.
9-уми майи соли 200 дар Владиқафқоз оламр тарк гуфта, дар мавзеи Гулгашти Шрафа ба хок супорида шуд.
Фаъолият дар театр
Шоҳ Лир («Шоҳ Лир» Шекспир)
Клавдий («Гамлет» В. Шекспир)
Шоҳ Эдип Софокл
Лука («Дар қаър» М. Горкий)
Данко
Чермен («Чермен» Г. Плиев)
Борахон («Фариштаи рондашуда» Ш. Ҷикаев)
Едигей («Рӯз ба мисли қарн дароз мешавад» аз Ч. Айтматов)
Ҷоиза ва мукофотҳо
Нишони «Дӯстӣ» (10.04.1995).
Барандаи ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ барои ширкат дар муколамаи «Корномаи Рустам» (1973).
Барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии ҶМШС Осетияи шимолӣ ба номи К. Л. Хетагуров.