1-уми майи соли 1929 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст
Дар мактаби №3 ба номи С.М.Кирови шаҳри Хорӯғ таҳсил кардааст.
Донишкадаи театрию ҳунарии ба номи А.Н.Островскийи шаҳри Тошкандро (1954) хатм кардааст.
Солҳои 1943—1946 — мусиқинавози дастаи бачагонаи Помир,
солҳои 1946—1950 — ҳунарпешаи театри вилоятии мусиқию драмавии шаҳри Хорӯғ,
аз соли 1954 — дар Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ нақшҳои барҷастаи асосии қаҳрамонони миллиро бозидааст.
Аз соли с 1956 дар синамо фаъолият дорад.
Ҳунарманди халқии Ҷшс Тоҷикистон (1966).
Бо неруву маблағҳои хеш дар Душанбе осорхонаи «Асбобҳои халқӣ»-ро созмон додааст. Осорхона дорои асбобҳои аврупоӣ ва шарқӣ буда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бо номи «Осорхонаи Гурминҷ» машҳур мебошад.
Ҷоиза ва мукофотҳо
Барандаи ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1965, барои нақши Саид Уртабоевро дар филми «Одам пӯсташро иваз мекунад» бозидан).