МАШРАБОВ ИБОДУЛЛО

МАШРАБОВ Ибодулло

МАШРАБОВ Ибодулло (1954), ҳунарпеша, ҳунарманди халқии Тоҷикистон (2001), барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ  (2004).  ГИТИС-и ба номи  

А.В.Луначарскийро (Москва, 1976) хатм кардааст. Дар театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов   (1976-1989) ва театри лӯхтаки шаҳри Душанбюе  (1989-1997) кор кардааст. Солхои  1997-1998  сар коргардони Телевизиони Тоҷикистон буд. Аз соли  1998 – ҳунарпеша, баъдан директори Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи АП.Лоҳутиро ба зимма дошт.   Дар саҳнаҳои театр як қатор нақшҳоро офаридааст, ки бо хусусияти барҷастагию муассирӣ  барои  тамошобинон  хотирмон мебошанд, аз ҷумла Хусрав  («Хусрав ва   Ширин» Г.Птицин), Исмоили Сомонӣ («Шоҳ

Исмоили Сомонӣ» М.Бахтӣ), Искандари Мақдунӣ  («Иштибоҳи вопасини Искандар» Б.Абдурахмон). Дар хазинаи тилоии радио 30 суруд дар иҷрои   Машрабов Ибодулло маҳфуз мебошанд.

Фаъолият дар соҳаи синамо  Дар филмҳои ҳунарии   «Хоб дар бедорӣ» (кутоҳ, 1990), «Ашк ва шамшер» (1991), «Шамсиддин Шоҳин» (2006) нақш бозидааст.