МУХАММАДЖОН КОСИМОВ

МУҲАММАДЖОН ҚОСИМОВ

9 майи соли  1907 дар деҳаи  Риштани музофоти Қуқанди вилояти Фарғонаи Шоҳигарии Россия (ҳозира шаҳр дар вилояти Фарғонаи Узбекистона) таваллуд шудааст.

Ҳунарманди халқии ИҶШС (23.04.1941).

Дар техникумҳои омўзгорӣ ва  кооперативии шаҳрҳои Қуқанд ва Тошканд таҳсил кардааст.   Ҳангоми таҳсил  дар маҳфилҳои ҳаваскорони ҳунарӣ ширкат мекард.   Пас аз хатми таҳсил ба Риштан баргашта, котиби Шўрои деҳот,  дар кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва иттифоқи  матлуботи ноҳиявӣ кор кардааст. Барои интихоби касбаш баромади ҳайати театрии сайёри Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар миёнаи солҳои 20-ум дар Риштан, махсусан пйесаи «Лайлӣ ва Маҷнун» нақши муассир гузоштааст.   

Аз соли  1931 ҳунарпешаи Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ мебошад.

5-уми июли соли 1971 дар шаҳри Душанбе оламро тарк гуфт.

Фаъолият дар театр

«Сурхпушон» Улуғзода — Рахимбек

1946 — «Муфаттиш» Н.В. Гогол — Городничий

1947 — «Ѓолибон» Чирскова — генерал Муравёв

1949 — «Шарафи оила» Мухтарова— Аллан

1952 — «Ҳадя барои хабари хўш» Зокиров

1952 — «Муфаттиш» Н.В. Гоголя— Городничий

1957 — «Бой ва ятим» Ҳамза — Солеҳбой

1957 — «ШоҳЛир» Шекспир — Лир

«Отелло» Шекспир — Отелло

ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲО 

Бо нишони Ленин (ду маротиба) ва нишони Байрақи сурхи меҳнат  (ду дафъа), ҳамчунин дигар медалҳо қадрдонӣ шудааст.