2-юми сентябри соли 1940 – 9-уми сентябри соли 2002.
Пас аз хатми мактаби миёна барои кори минбаъда ба Театри Лоҳутӣ омада, аз нақшҳои кӯчак ҳунарашро сайқал дода, минбаъд дар нақшҳои асосӣ ҳунарнамоӣ мекард.
Бо синамои тоҷик аз соли 1961 ҳамкорӣ дошт. Беҳтарин нақшҳояш усто Мухтор аз филми ҳунарии «Духтари сеюм», Мирзо Абдулло аз «Марги судхӯр», амир аз «Ситораи дар тирашаб», аз «Достони Сиёвуш», Азизхон аз «Субҳи нахустини ҷавонӣ», Султонхоҷа аз «Асрори оила», падар аз «Падари моҳтобӣ», Имом-ал Бухорӣ аз филми бадеии «Имом-ал-Бухорӣ» ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд.
Барои иҷрои нақши амир Насри Сомонӣ дар филми ҳунарии «Ҷавонии нобиға» («Узбекфилм») соли 1984 сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС гардида буд.
Заҳматҳои ин ҳунарманди нотакрори тоҷик бо унвони Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон (1981), нишони «Дӯстии халқҳо» (1981) ва нишони «Ситораи президентӣ» (1999) сарфароз гардонида шудааст.