НИЁЗОВ Ғозӣ Ҷамилович (1922-1966), ҳунарпешаи театр ва кино. Бо нишонҳои Ленин, Байрақи сурхи меҳнат, шаш нишон ва ҳафт медали ҷангии Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаҳои мухталиф мукофотонида шудааст. Аз соли 1958 ҳунарпешаи Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ, ки дар намоишномаҳои саҳнаҳояш, аз ҷумла намоишномаҳои «Рўдакӣ», «Имтиҳон», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта» ва ҳоказо нақшҳо офаридааст. Аз соли 1956 бо даъвати Б. Кимёгаров, ки ба истеъдоди ў баҳои баланд додаст, дар филмҳои тоҷикӣ нақшофариро шурўъ кардааст.
Фаъолият дар соҳаи синамо
Дар филмҳои ҳунарии «Ман бо духтаре вохўрдам» (1956),
«Қисмати шоир» (1959), «Лайлӣ и Маҷнун» (1960), «Амалиёти «Кобра» (1960), «Ливои оҳангар» (1961), «Зумрад» (1962), «Марги судхўр» (1966) нақш бозидааст. Дар бораи Ғозӣ Ниёзов филмҳои мустанади «Тоҷикистон» (1946), «Ғозӣ Ниёз» (1992) рўйи навор омадаанд.