АРИПОВ Марат

ОРИПОВ Марат Сабирович

(27.08.1935), ҳунарпеша, коргардони кино, ҳунарманди халқии Тоҷикистон (2008). Бо се грамотаи фахрии Президиуми  Шӯрои Олии Тоҷикистон (1957, 1964, 1972), грамотаи фахрии Президиуми  Шӯрои Олии Ӯзбекистона, грамотаи фахрии Президиуми  Шӯрои Олии ҶМШС Якутия (1972), мукофоти КАД ИҶШС ба номи Ф.Дзержинский (1981) қадрдонӣ шудааст. Узви Иттифоқи синамогарони ИҶшс  (1958). Шуъбаи актёрии студияи тоҷикии   (роҳбари бадеӣ дотсент  Х.М.Кожевников) Донишкадаи ҳунарию театрии шаҳри Тошкент ба номи  А.Островский (1960): факултаи коргардонии  (коргоҳи ҳунарманди халқии ИҶШС  С.А.Герасимов) Донишкадаи давлатии умумиитифоқии кинематографияро   (Москва 1965) ба итмом расонидааст. Фаъолият дар синаморо аз соли   1956 года дар  киностудияи «Узбекфилм» оғоз кардааст. Дар соҳаи синамои тоҷик аз соли  1958 – ҳунарпеша, аз соли  1964 – ҳунарпеша ва коргардони таҳиягари филмҳои ҳунарӣ, коргардони филмҳои мустанад  фаъолият намудааст.  Иштирок дар синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ: ҷоизаи синамоҷашнвоараи байналмилалӣ дар шаҳри Коҳира  барои иҷрои нақши беҳтарини мардона дар филми «Қисмати шоир»  (1960); дипломи «Барои беҳтарин дебют» ҳамоиши синамогарони Осиёи миёна ва Қазоқистон дар Ашқобод  (1966) барои таҳияи филми  «Ниссо»; мукофоти КАД ИҶШС (1981) барои филми  «Тирандозии дуплетҳо». Барои эҷодиёти ҳунарпешагӣ роҳи тӯлонӣ аз ҳунарпешаи услуби «тахайюлӣ» то мураккабу бисёрсоҳаи воқеиро  тай намудааст.  Ҳамчун коргардон ба ӯ бештар сужаи тезетунд, вазъияти ғайриоддӣ, обуранги тахайюлии хусусияти қаҳрамонҳо маъқул аст.   

Фаъолият дар соҳаи синамо. Дар филмҳои бадеии киностудияи «Узбекфилм»: «Авиценна» (1956), «Бо роҳхати  Ленин» (1957),

«Мафтуни туам» (1958), «Ба истиқболи ту» (1972); киностудияи «Таҷикфилм»: «Мансаби баланд» (1958), «Қисмати шоир» (1959), «Писар бояд зан гирад» (1960), «Насруддин дар Хуҷанд» (1960), «Ливои оҳангар» (1961), «То пагоҳ» (1963), «Дӯст медорад ё не» (1963), «Замони осоишта» (1964), «Қалби ман дар куҳсор» (1968), «Кӣ ҳақир буд» (3 қисм, телевизионӣ, 1973), «Дар крутизн» (тел., 1974), «Ҳама ба ӯ монанд мешаванд» (3 қисм, тел., 1975), «Муҳосира» (1977), «Тирандозии дуплетҳо» (1979), «Ҷинояткор ва адвокатҳо» (1980), «Муҳаббати ман – инқилоб» (1980), «Хурсандона нигар»

(3 қисм, тел., 1983), «Товон» (1987) нақш офаридааст. Иҷрокунандаи нақш дар филми ҳунарии  «Ҳаракати ҷовидона» (киностудияи «ДЕФА», Олмон, 1980). Коргардони таҳиягари филмҳои ҳунарии «Ниссо» (1965), «Қали манн дар куҳсор» (1968), «Асрори ниёгон» (1971), «Муҳосира» (1977), «Тарандозии дуплетҳо» (1979), «Хурсандона нигар» (3

қисм, тел., 1983) мебошад.  Муаллифи филмнома ва коргардони видеофилми бадеии «Ман ба роҳи қисмат меравам»  (2 қисм, 1998) маҳсуб меёбад.

Муаллифи филмномаи филмҳои мустанади   «Хорӯғ» (1972), «Гуштингирӣ» (ҳаммуаллиф, 1972) аст. Коргардони филмҳои мустанади  «Савганд ( 1974), «Усулҳои  Кулоб» (1974), «Дар оилаи ягонаи халқҳо» (1975), «Моро ЛЭП ба пеш мебарад» (ҳамкоргардон, 1975), «Муаллим» (1981) мебошад. Коргардони филми мустанади  «Шоҳимардон» («Узбекфилм», 1973)-ро ба уҳда дошт.