РАХИМОВ АБДУСАЛОМ

РАҲИМОВ АБДУСАЛОМ

РАҲИМОВ АБДУСАЛОМ РАҲИМОВИЧ

9-уми  ноябри соли  1917, дар шаҳри Хуҷанд  таваллуд шудааст.

Ҳунарпеша, коргардон.

Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон  (1962).

Курсҳои ҳунарпешагии назди киностудияи Сталинобод (1936), факултаи актёрии ГИТИС (1941), факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз соли 1937 — маъмур, аз соли  1939 — муҳаррир ва ҳунарпешаи киностудияи Сталинобод буд.  Ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ   (солҳои  1943—1945 — Театри ба номи  Маяковский)-ро ба уҳда дошт. Аз соли  1950 — ҳунарпеша ва роҳбари адабӣ, аз соли  1953 — роҳбари бадеии Фмлармонияи Тоҷикистон, аз соли  1956 — ҳунарпеша ва коргардони  киностудияи «Тоҷикфилм» маҳсуб меёфт.

ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲО

Бо нишонҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1949), «Рамзи эҳтиром» (1957), «Дўстии халқҳо» (1977), медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1945), панҷ грамотаи фахрии  Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, грамотаи фахрии  Президиуми Шўрои Олии ҶШС  Ўзбекситон (1955) қадрдонӣ шудааст. Аълочии  кинематографияи ИҶШС мекбошад.