САИДМУРАДОВ ДЖОН

САИДМУРОДОВ Ҷон

САИДМУРОДОВ Ҷон Султонович  (07.11.1933 – 05.02.2004), ҳунарпеша. Узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1990). Бо грамотаҳои фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, КМ  ВЛКСМ, КМ ЛКСМ Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Шуъбаит актёрии омӯзишгоҳи театрии ба номи  М.Щепкин (Москва, 1958) хатм кардааст. Пас аз итмоми таҳсил ҳунарпешаи Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи  А.Лаҳутӣ, солҳои 1961-1962  барандаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Аз соли 1957 ҳунарпеша, ёвари коргардони бахши дубляжи кинематографияи миллӣ буд.   Аз соли  1976 методисти калони  Хонаи кинои ба номи  Б.Кимёгарови Иттифоқи синамогарони Тоҷикистонро ба зимма дошт,  соли 1988 ба вазифаи ёвари коргардони бахши дубляжи киностудияи «Тоҷикфилм» бармегардад.

Фаъолият дар соҳаи синамо

Дар филмҳои ҳунарии    «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957),

«Одам пӯсташро иваз мекунад» (2 қисм, 1960), «Писар бояд зан гирад» (1960), «12 соати ҳаёт» (1962),

«Лайлӣ ва  Маҷнун» (1963), «Оромӣ намешавад» (1963), «Тӯфон дар водӣ» (1970), «Муҳофиз» (1979), «Инқилоб муҳаббати манн аст» (1980), «Имрӯз ва ҳамарӯз» (1981), «Муҳосира» (1982), «Гаравгон» (1983), «Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин-Архар» (6 қисм, телевизионӣ, 1985), «Дарвеши ланг» (1987), «Мусофир» (1989), «Дафни гургона» (кутоҳ, 1988), «Бут» (1989), «Хоб дар бедорӣ» (кутоҳ, 1990) нақш офаридааст. Дар филми ҳунарии  «Шикасти аморат» (истеҳсоли муштараки киностудияҳои  «Мосфилм» ва «Узбекфилм», 1955) нақш бозидааст. Тӯли 30 соли фаъолият дар соҳаи синамо бештар аз 250 нақшҳои филмҳои бадеиро  ба забони тоҷикӣ дубляж кардааст.