10уми январи соли 1918, дар шаҳри Самарканд таваллуд шуда, 29-уми майи соли 1983, дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Ҳунарпешаи шӯравӣ ва тоҷик, коргардони телевизион.
Ҳунарманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1962).
Аз соли 1931 года (аз 13-солагӣ) дар саҳнаҳои театри “Кафтанҳои сабз”-и шаҳри Самарқанд, нақшҳои ҳаҷвӣ офаридааст.
Техникуми тетарии Самарқанд (1935) ва омӯзишгоҳи мусиқии Тошкандро (1936) хатм кардааст.
Аз соли 1935 то соли 1936 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри” Нақшҳои хурд” –и шаҳри Тошканд кор кардааст.
Соли 1936 бо ҳамроҳии гурӯҳи ҳунарпешаҳои тоҷик ба ҶШС Тоҷикистон фиристода шуд. Солҳои 1936-1940 – ҳунарпешаи Театри давлатии академию драмвии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе).
Солҳои 1940-1941 – ҳунарпешаи Театри навтаъсиси опера ва балети Тоҷикистонр ба неоми С.Айнӣ. Солҳои 1942-1970 – солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон.
Дар таъсиси телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси коргардони барномаҳои кӯдаконаи идораи адабию драмавӣ ширкат кардааст.
Аз соли 1956 — ҳунарпешаи киностудияи «Тоҷикфилм» маҳсуб меёфт.
ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲО
1946: Дипломи барандаи озмуни ҳунармандони эстрадаи Осиёи Миёна
Медали «Барои ѓалаба бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945»,
Медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945» (1946),
Медали «Барои меҳнати шоён» (1950),
Нишони «Рамзи эҳтиром» (1957),
Медали «30-солагии Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945» (1975)